Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ ба Тоҷикистон нақшаи фарогир, омори дуруст ва тести бештарро машварат дод


Нишасти хабарии онлайн. 12-уми майи 2020

Мутахассисони аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ кори худро дар Тоҷикистон ба поён расондаанд ва, қарор аст, 22-юми май кишварро тарк кунанд. Онҳо тақрибан се ҳафта пеш ба Тоҷикистон омада, дар ин муддат бо буҳрони беҳдоштии кишвар аз наздик шинос шуданд. Мутахассисони СҶТ дар як арзёбии худ ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки суръати густариши бемории COVID-19 нигаронкунанда аст.

Рӯзи 20-уми май дафтари аврупоии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба чанд суоли Радиои Озодӣ хаттӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Дар бораи дастрасии шифохонаҳои Тоҷикистон ба дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва васоили дигари таъминкунандаи оксиген чӣ иттилоъ доред?

СҶТ: Ба мушоҳидаи ҳайати СҶТ, баъзе аз дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ба талаботи замонавии муолиҷаи бемороне, ки дучори осеби шуш ҳастанд, ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, машварат дода шуд, ки ба таври фаврӣ шумори дастгоҳҳои нафасдиҳии навъи PEEP (дастгоҳҳои мусоидаткунанда ба беруонории нафас) афзоиш дода шавад. Бар асоси протоколи ҷорӣ, ҳоло танҳо беморони ҳолаташон сангин дар шифохонаҳо бистарӣ мешаванд, аз ин рӯ, ҳайат машварат дод, ки то 50-60 дарсади бистарҳои беморӣ бо лӯлаҳои мустақими оксиген таъмин шаванд.

Радиои Озодӣ: Оё бо вазъи зиндониҳо шинос шудед? То ҳол мақомот марги чаҳор зиндониро аз илтиҳоби шуш тасдиқ карданд, вале наздиконашон бовар доранд, ки онҳо аз COVID-19 ҷон бохтаанд. Оё масъалаи озод кардани бахше маҳбусонро дар давраи пандемия матраҳ кардед ва посухи мақомот чӣ буд?

СҶТ: Ҳайат зиндонҳоро ба таври мустақим дидан накард, вале таваҷҷӯҳ ба COVID-19 дар зиндонҳо дар авлавияти кори Дафтари минтақавӣ (дафтари аврупоии СҶТ) қарор дорад. Дар тамоми кишварҳо зарур аст, ки аз роҳ ёфтани ангезандаи сироят ба зиндону боздоштгоҳҳо ҷилавгирӣ шавад, паҳншавии он дар зиндон маҳдуд ва имкони аз зиндон ба берун рафтани сироят пешгирӣ шавад. Мо дар бораи муқобила бо COVID-19 дар зиндонҳо дастурамале таҳия кардем ва дар сурати зарурат он ба мақомоти тоҷик дастрас мебошад.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон бисёриҳо аз ҳукумат тақозо мекунанд, ки чораҳои сахттари маҳдудкунанда ҷорӣ кунанд, чунки вазъият бадтар мешавад. Оё чунин машварат аз забони Шумо ҳам садо дод?

СҶТ: Тоҷикистон ба марҳилаи “интиқол ба ҷомеа” ворид шудааст. Ин вазъият мавриди нигаронӣ аст ва ҳайат машварат медиҳад, ки тадбирҳо бо чораҳои иловагӣ, аз ҷумла бо роҳи фосилагирии инфиродӣ такмил шавад. Тавре мо дар қаламравҳои кишварҳои аврупоӣ мебинем, роҳу шеваҳои зиёди ҷорикунии бештари маҳдудияти ҳаракат вуҷуд дорад. Ҳар сенарияи тавсеаи сироят бархӯрди инфиродиро талаб мекунад ва он бояд ҳамеша назорат ва вобаста ба вазъият, баҳогузорӣ ва танзим шавад.

Радиои Озодӣ: Бар асоси омори ғайрирасмӣ (https://kvtj.info/) то ҳол дар Тоҷикистон беш аз 200 нафар аз COVID-19 ҷон додаанд. Шумо то ҳанӯз ба омори хеле ками расмӣ такя мекунед?

СҶТ: Ҳайат машварат дод, ки ҷамъоварии омор ва санҷиши тестҳо, аз ҷумла шумори кормандон, таҷҳизот, захираҳо, тамрин ва протоколҳо афзоиш дода шавад. Ин кор шиносоии ҳолатҳои сироят ва ҳамчунин сифати омор ва гузоришдиҳӣ тавассути системаи Байналмилалии танзими беҳдоштиро беҳтар хоҳад кард.

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо нақши Галина Перфилеваро дар пуштибонӣ аз мавқеи давлат дар заминаи эътирофи вазъи воқеӣ бо COVID-19 дар Тоҷикистон ба боди танқид кашиданд. Мавқеи Шумо дар заминаи ин интиқодҳо чист?

СҶТ: Нақши раҳбари намояндагии СҶТ дар кишвар аз ҳамкории созанда бо мақомоти маҳаллӣ, дар ҳамбастагӣ амал кардан ва мусоидат ба кишвар дар омодагӣ ва бархӯрди ҳадди аксар фарогир ва муассир ба пандемия иборат мебошад. Раҳбари минтақавии СҶТ доктор Перфилеваро барои фидокорӣ ва тааҳҳуд, бахусус дар чунин даврони пурчолиш, ситоиш мекунад.

Радиои Озодӣ: Шумо тавонистед ризоияти Туркманистонро барои сафар ба он кишвар, ки ҳамоно вуҷуди COVID-19-ро пинҳон мекунад, дарёфт кунед?

СҶТ: Бо даъвати ҳукумати Туркманистон СҶТ ҳамарӯза дар тамос бо мақомоти ин кишвар аст, то ки сафари ҳайатро ташкил кунад. Ба эҳтимоли ғолиб, ҳайат аз мутахассисони СҶТ ва Пажӯҳишгоҳи Роберт Кох, ки як ҳамкори Шабакаи вокуниши сареъ ба COVID-19 аст, иборат хоҳад буд. Ҳайат бо мақомоти маҳаллӣ аз наздик ҳамкорӣ мекунад. Бо назардошти сафарҳои байналмилалӣ, таърих ва шароити сафар дар ҳоли омодашавӣ мебошад. СҶТ ба пешниҳоди мақомоти Туркманистон барои ташкили шароити хоси сафар ташаккур мекунад ва ҷузъиёти бештар дар фурсати баъдӣ нашр хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Ниёзҳои аслии Тоҷикистон аз чӣ иборат аст?

СҶТ: Дар маҷмӯъ, як стратегияи фарогири миллии ҳамоҳангшуда ва нақшаи кор дар тамоми бахшҳои фаннӣ зарур аст: назорат, мудирияти клиникӣ, пешгирӣ ва назорат аз сироят ва тамос дар ҳолати хатар. Ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки вокуниши кунунӣ ба пандемия дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам маҳаллӣ меъёр ва сохторбандӣ шавад. Машварати мо ин аст, ки тадбирҳои амалкунанда тавсеа ёбанд ва пурра иҷро шаванд, инчунин, ба хотири коҳиши суръати паҳншавӣ ва тақвияти бештари низоми беҳдоштӣ санҷишҳои тестӣ, назорат, табобат ва маҳдудкунӣ аз роҳи фосилагирии инфиродӣ ба таври пурра ва комил ба роҳ монда шаванд. Инчунин бисёр муҳим аст, ки ҷомеа барои дарки хатарҳо ва чораҳои ҳифозати шахсӣ ҳамчун вокуниш ба бӯҳрон ҷалб карда шавад. Дар ҳоле ки COVID-19 як масъалаи беҳдоштӣ аст, дар бархӯрд ба бӯҳрон ҳама бояд иштирок кунанд, аз ҳукумат, кормандони тиб, бахши хусусӣ сар карда, то аъзои дигари ҷомеа."

Шарҳҳоро бинед (4)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG