Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Афғонистон аз кушта шудани раҳбари аршади “Ал-Қоида” хабар доданд


Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар Ғазнӣ. Ҷое, ки як раҳбари "Ал-Қоида" кушта шудааст. Акс аз бойгонӣ
Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар Ғазнӣ. Ҷое, ки як раҳбари "Ал-Қоида" кушта шудааст. Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои амниятии Афғонистон Абу Муҳсин ал-Масрӣ, як раҳбари аршади созмони “Ал-Қоида”-ро, ки таҳти пайгарди Амрико низ қарор дошт, куштаанд.

Масъуд Анадробӣ, вазири корҳои дохилии Афғонистон рӯзи 25-уми октябр дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки кушта шудани як мақоми баландпояи “Ал-Қоида” дар Афғонистон робитаи наздики Толибон бо як гуруҳеро нишон дод, ки зидди ҳукумат ва мардуми Афғонистон аст.

Аз ин пеш, ин хабар дар саҳифаи Твиттерии Раёсати амнияти миллии Афғонистон рӯзи 24-уми октябр нашр шуда буд. Дар хабар гуфта мешавад, ки Ал-Масрӣ, ки гумон меравад, нафари дуюм дар “Ал-Қоида” бошад, аз ҷониби нерӯҳои махсус дар маркази вилояти Ғазнӣ кушта шудааст.

Дар ин хабар тафсилоти бештар нест ва гуфта нашудааст, ки ӯ кай кушта шуд.

Ал-Масриро шаҳрванди Миср медонанд, ки бо номи Ҳусам Абдул-Рауф шинохта мешуд. Ӯро як раҳбари таъсиргузори “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Ҳиндустон медонистанд, ки ба амалиётҳои террористӣ раҳбарӣ мекард.

Ӯ дар рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷуи FBI- Бюрои федеролии тафтишоти ИМА ҳамчун нафаре, ки шаҳрвандони Амрикоро мекушад, қарор дошт.

Куштори ин раҳбари “Ал-Қоида” дар ҳолест, ки гуруҳи Толибон бо миёнаравии ИМА дар Қатар бо ҳукумати Афғонистон дар бораи сулҳ музокирот мекунанд. Ҳадафи музокирот поён додан ба ҷанги тақрибан ду даҳсола миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон аст.

Бо вуҷуди музокирот миёни ҳукумат ва ин гурӯҳ оташбас нест ва ҳамарӯза задухӯрдҳо идома дорад.

Музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон пас аз тавофуқ миёни ИМА ва Толибон дар моҳи феврал ба миён омад. Тибқи тавофуқ нерӯҳои ИМА аз Афғонистон берун мегарданд ва Толибон ӯҳдадор мешаванд, ки ба хоки Афғонистон гуруҳҳои террористие, ки ба кишварҳои хориҷӣ ҳамла мекунанд, роҳ надиҳанд.

Суолҳое ҳанӯз матраҳ аст, ки Толибон то куҷо метавонанд бо созмони “Ал-Қоида” қатъи робита кунанд.

Соли 2001 ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Афғонистон пас аз он сурат гирифт, ки шабакаи "Ал-Қоида" ҳамлаҳои 11-уми сентябрро аз Афғонистон созмондеҳӣ кард. "Ал-Қоида" аз ҳимояти ҳукумати он замони Толибон бархӯрдор буд. Амрико он замон барои аз байн бурдани "Ал-Қоида" ба Афғонистон ҳамла кард ва режими Толибонро суқут дод.

Амрико ва муттаҳидонаш дар ин ҷанги 19-сола дар Афғонистон беш аз 2 ҳазор кушта доданд ва тавонистанд Усома бин Лодин, раҳбари пешини "Ал-Қоида"-ро дар Покистон аз байн баранд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳанӯз "Ал-Қоида" дар Афғонистон ҷойи по дорад.

XS
SM
MD
LG