Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: Аз мост, ки бар мост


Зеварбону Рауфӣ

Зеварбону Рауфӣ, хабарнигор

Дуруд ҳаммеҳанам!

Ин қадар гуфтаниҳоям зиёд аст, ки намедонам оё тавони ғунҷондани ин ҳамаро дар як навишта дорам, ё на. Пас, иҷоза деҳ ин навишта фақат дарди дили содаи як ҳаммеҳан бо ҳаммеҳанаш бошад.

Ростӣ, аз чӣ шурӯъ кунам? Аз дарди муҳоҷирон дар ин рӯзҳои сахт? Аз шароити душвори пизишкони кишвар? Аз ғуссаи бемории ҳаммеҳанонамон? Аз мотами азизоне, ки коронавируси нав онҳоро бо худ ба гӯр бурд? Аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодие, ки ба вуҷуд омадаанд? Аз фиребҳое, ки мехоҳанд мисли ҳақиқат қабул кунем? Дилам пур шудааст аз ҳарфҳои гуфтанӣ, аммо ту бигӯ аз кадом як бароят бигӯям?

Рӯзҳои сахтеро мегузаронем. Азизонамон бемор мешаванд. Хабари марг аз чаҳор сӯи кишвар садо медиҳад. Чи дар дохил ва чи дар хориҷ хеле аз ҳаммеҳанонамон ба хотири басташавии маҳалли корашон бекор мондаанд. Дар як калом шабаҳи маргу беморию ваҳшат рӯи боми хонаҳо соя афканда.

Аммо он чи маро водор кард чизе бароят бинависам, фикрҳоест, ки ин чанд рӯзи охир дар сарам чарх мезанад. Дар ин рӯзҳо суоли “чаро ин мусибату мушкилот ба сари мардуму меҳани ман бояд меафтод?” азоб медод. Пас дар ҷустуҷӯи ҷавобе мегаштам.

Масалан, ба ин фикр кардам, ки чаро ҳукумат ҳамаи бемористонҳои кишварро бо лавозими аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз накард? Ба ин ки чаро табибони мо маҷбур шуданд аз ҳисоби худ лавозими муҳофизатиро бихаранд? Ё чаро дар тамоми кишварҳое, ки худро ҳуқуқбунёду демократӣ медонанд муолиҷаи COVID-19-ро бепул ба роҳ монданд, аммо баъзе аз ҳаммеҳанони ман маҷбуранд худашон ё азизони беморашонро аз ҳисоби худ табобат кунанд?

Ба ин фикр кардам, ки кумакҳои башардӯстонаи ирсолшуда ба кишвар дар куҷоянду чӣ гуна сарф шуданд, ё мешаванд? Ё чаро онҳо ба дасти духтурону бемороне, ки ҳоло шадидан ба онҳо ниёз доранд, нарасидаанд? Ба хоҳишу илтиҷоҳои духтурону беморони бистарӣ дар шаҳрҳое мисли Душанбеву Хуҷанду Кӯлоб андешидам, ки аз вазъияти вахими бемористонҳо иттилоъ медоданд ва ваҳмам бардошт, ки агар вазъ дар шаҳрҳо аз ин қарор аст, дар ноҳияҳои дурдасту деҳҳо чӣ шароите вуҷуд дорад?

Ба болоравии нархи маҳсулоти хӯрокӣ, ба гароншавию камёфт шудани доруворӣ ва ба маҳдуд шудани манбаи даромади мардуми одӣ дар ин рӯзҳои мушкил фикр кардаму ғусса хӯрдам.

Аммо медонӣ, азизи дил, чи чизе бештар аз ҳама нороҳаткунанда аст?

Ин ки ҳатто дар чунин рӯзҳои сахт ҳукуматдорон ба мардум зулм мекунанд. Ҳоло як идда бо ман дар хоҳанд уфтод, ки аз чӣ зулме ҳарф мезанӣ, ҳамаҷо гулу булбул аст. Пас, хоҳиш мекунам чашму гӯшатонро боз кунед, балки бифаҳмед аз чӣ мегӯям.

Магар дидаву дониста бо вуҷуди пандемия рақсу бозӣ ташкил карданҳои ҳукумат зулм дар ҳаққи мардум набуд? Пинҳон кардани мавҷудияти вирус дар кишвар магар зулм набуд? Вақте мардуми азобкашида аз ноилоҷӣ даҳан боз карда, аз шароити бад гуфтанд, аз набуди лавозими зарурӣ хабар доданд, ба ҷои он ки инро ёрии ошкори мардум ба ҳукумат аз вазъияти гӯшаҳои гуногуни кишвар арзёбӣ кунанд, ҳукумат “иғвоангезӣ”-ю “воҳимаафканӣ” хонд ва аз тариқи додситонии кул (прократураи генералӣ) барои ба ҷавобгарӣ кашидани аҳолӣ қарор қабул намуд. Магар ин зулм нест?

Ин чӣ қарору чӣ қонунмадориест, ки фақат барои дифои курсинишинон хизмат мекунад, на мардуми одӣ? Беморӣ ҳар рӯз ҷони чандин нафарро бо худ мебарад, садҳо тан гирифтор шудаанду мешаванд, аммо омори расмӣ чизи дигаре мегӯянд, чаро? Магар ин зулм нест? То кай пинҳонкорӣ? То кай фиреб? Оё фикр мекунед офтобро бо бари доман метавонед бипӯшонед?

Чаро дар оморҳо вазъият гӯё идора шуда истодааст, аммо дар қабристонҳои кишвар гӯрҳои селофанпеч меафзоянд? Дар омори расмӣ гуфта мешавад 36 тан то ба имрӯз аз СOVID-19 фавтидаанд, дар ҳоле ки то ба имрӯз дар фазои маҷози хабари фавти беш аз 30 табиб ба интишор расида. Кӣ дар ин миёна дурӯғ мегӯяд? Мардуме, ки азизонашонро аз даст додаанду иттилои маргашонро пахш мекунанд, ё омори расмӣ?

Рӯзҳои охир ба ҳамин чизҳо фикр мекардаму ба ин хулоса расидам, ки ҳукумат ва курсинишинон гунаҳкор нестанд. Бале, тааҷҷуб накун! Ба назарам дар азобҳои мекашидаи мардум ва дар зулму ситаме, ки мебинанд, ҳукумат гунаҳкор нест. Муқассир худи мо ҳастем!

Дилам месӯзад, мутаассифам, аммо магар ғайр аз ин аст, ки мо худамон иҷоза додему дорем иҷоза медиҳем бар мо зулм кунанд? Фикр намекунӣ, ки шояд ҳамин тарсҳоямон, чашмпӯшиданҳоямон ба мушкилоту хатоҳо, бастани даҳони онҳо, ки самимона эродҳоро мегӯянд, боис шуд курсинишинон ба дароз будани дастҳояшону беинтиҳоии қудраташон имон биёваранд?

Мо дар баробари зулм садо баланд накардем. Вақте маҳдудамон мекунанд, ҳаққи андешаву иҷозаи баёни онро аз мо мегиранд бояд даҳоне бошад, ки бигӯяд: Бас аст!

Ту чӣ фикр мекунӣ ҳаммеҳани азизам? Шояд воқеан мо гунаҳкорем, ки иҷоза додем курсинишинон аз қудрат суистифода кунанду ба мо зӯр бигӯянд, зулм кунанд?

Ман имрӯз ба зарбулмасали “аз мост, ки ба мост” меандешам, ту ба чӣ?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (69)

Шояд инҳо ҳам писандатон ояд

XS
SM
MD
LG