Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе барои гирифторони COVID-19 беморхонаҳои муваққатӣ месозанд


Баъди пандемияи COVID-19 чанде аз кишварҳои ҷаҳон ба сохтани бемористонҳои муваққатӣ шуруъ карданд. Ин яке дар Русия аст.
Баъди пандемияи COVID-19 чанде аз кишварҳои ҷаҳон ба сохтани бемористонҳои муваққатӣ шуруъ карданд. Ин яке дар Русия аст.

Як рӯз баъд аз эълони расмии марги ду нафар аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки барои муолиҷаи гирифторони эҳтимолии COVID-19 барои 3 ҳазор нафар шифохонаҳои муваққатӣ бунёд мекунанд.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ рӯзи 2-уми май дар як баёнияи расмӣ гуфт, бо “назардошти вазъ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сохторҳои марбутаи шаҳрдориро вазифадор карданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар Душанбе ба таври иловагӣ беморхонаҳои муваққатӣ бо беш аз 3000 кати хоб ҷиҳати муолиҷаи беморони гирифтори COVID-19 бо муҳайё кардани тамоми шароит, бахусус мутахассисони соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ... бунёд намоянд”. Дар ин баёния гуфта нашудааст, ки шифохонаҳои муваққатӣ дар кадом гӯшаи Душанбе сохта мешаванд ва сохтмони онҳо бояд то кай анҷом ёбад.

Дар ин баёния омадааст, ки айни замон дар Душанбе зиёда аз 30 беморхона бо 5284 кати хоб ва беш аз 5390 табиб ва кормандони миёнаи тиббӣ ба эҳтиёҷмандон хизмат мерасонанд. Рӯзе пештар аз телевизионҳои давлатии Тоҷикистон аз аввалин талафот аз бемории COVID-19 дар кишвар гузориш дода гуфтанд, ки то рӯзи 2-уми май дар кишвар 76 мавриди сирояти бемориро сабт карданд.

Бо вуҷуди марги чандин нафар аз бемории “илтиҳоби шуш” моҳи апрел ва андешидани чораҳои пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав дар Тоҷикистон, ҳукумат то рӯзи 29-уми апрел мегуфт, ки дар кишвар ягон мавриди бемории COVID-19-ро сабт накардааст.

Аммо рӯзи 30-уми апрел вазорати тандурустӣ ба таври ногаҳонӣ гуфт, ки бемории вогири нав ба 15 нафар сироят кардааст ва 5 нафари онҳо дар шаҳри Душанбе ҳастанд. Шоми шанбе 2-уми май гуфтанд, ки теъдоди гирифторон ба якборагӣ афзуда ба 76 нафар расидааст.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисон мегуфтанд, афзудани теъдоди гирифторони “илтиҳоби шуш”, ки шабеҳи КОВИД-19 аст, аломати барҷастаи пинҳонкории мақомот аст, ки бо баҳонаи пешгирӣ аз “таҳлука дар миёни мардум” намехоҳанд, сирояти вирусро эътироф кунанд. ​Чунин амалкарди ҳукуматро бисёриҳо беэътиноӣ ва ё бепарвоӣ ба сиҳатии мардум номидаанд.

Айни замон як гурӯҳе аз коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои арзёбии вазъ дар Тоҷикистон ва кӯмак барои пешгирӣ аз густариши коронавируси нав дар Душанбе қарор доранд.

XS
SM
MD
LG