Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳоди Дарё: Ин ғам гузаштанист, мотам гузаштанист. ВИДЕО


Фарҳоди Дарё
Фарҳоди Дарё

Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон, муаллифи таронаи нахустин дар бораи коронавируси нав ба забони порсӣ аст. Вай ин таронаро охири моҳи март, дар ҳоле ки мисли сокинони дигари Амрико хонанишинӣ мекард, эҷод намуд. Оҳанги нав мардумро ба риояи меъёрҳои беҳдоштӣ, хонанишинӣ ва умед ба фардои беҳтар ташвиқ мекунад. Муаллиф мегӯяд, ин як рисолати муҳими таронаи наваш аст. Дар беш аз якуним моҳи нашри тарона дар шабакаҳои иҷтимоӣ онро садҳо ҳазор тамошобин дидаву писандидаанд.

Дар як мусоҳиба бо Радиои Озодӣ, рӯзи 18-уми май, Фарҳоди Дарё аз Амрико дар бораи идеяи эҷоди тарона, карантин дар хона ва умеди ҳамкориҳои ҳунарӣ бо овозхонҳои тоҷик баъд аз поёни пандемияи коронавирус сӯҳбат кард.

"Зиндагӣ дар карантин идома дорад"

Радиои Озодӣ: Дар ин давраи мушкил ва саросар аз хабарҳои мушавваш чӣ ҳол доред?

Фарҳоди Дарё: Салому дуруд ба Шумову ҳам Тоҷикистони меҳрубон ва бофарҳанг. Ман одами шикояту нолаву гила аз рӯзгор нестам. Ман ба ин бовар ҳастам, инсон ҳар чизе, ки мегӯяд, ҳар чизе ба забон меораду фикр мекунад, айни ҳамон болои рӯзгораш меояд. Агар зишт бигӯем, зиндагиамон зишт мешавад, агар нек бигӯем, зиндагиамон нек мешвад, агар зебо фикр кунем, зиндагиамон зебо мешавад. Агар аз зиндагӣ бинолем, занги ин нола гӯши зиндагии моро пур мекунад. Беҳтар аст, ки зебо бигӯем, зебо фикр кунем ва зебо зиндагӣ кунем. Рӯзу шаби карантин, шукри парвардигор, хуб мегузарад. Сиҳат ҳастем, саломат ҳастем, дасту поямон чолон аст, аз зиндагӣ шикояте надорем.

Радиои Озодӣ: Яъне то ҳол дар карантин ҳастед ва ё маҳдудиятҳоро камтар мекунед?

Фарҳоди Дарё: Шӯрбахтона, ҳанӯз ҳам дар карантин ҳастем ва поёни инро Худованд худаш медонад, ки чӣ вақт мерасад. Дар ин давра барои ҳамаи мову Шумо душвор аст, на танҳо ман, на танҳо Шумо, барои бисёриҳо. Мо дар хона кӯшиш мекунем рӯзе як ё ду бор фақат ба хотири обу нон, озуқаву доруву дармон, агар ниёз бошад, ба истилоҳ, аз хона бароем, самимона бароем. Ба ҳар сурат, дар карантин дар паҳлӯи ду азизтарин ишқи зиндагиам Султона – ҳамсарам ва шаҳзодаам Ҳиҷрони азиз хуш мегузарад. Бо камоли саломатӣ мегузарад. Бо ҳам хуш ҳастем, бо ҳам қисса мекунем... Ман дар ин рӯзҳо масруфи оҳангсозӣ ҳастам, мутолеа, тамос аз тариқи расонаҳои иҷтимоӣ бо дӯстдорону азизону ҳавохоҳони худ ҳастам. Онлайн масруфи дарс додани мусиқӣ аз тарафи Академияи мусиқии “Дарё” ҳастам. Медитатсия, варзиш мекунам, хонапокӣ мекунам, ҷоруб мекунам, ошпазӣ мекунам (механдад).

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Фарҳоди Дарё: Дилтанги Тоҷикистони меҳрубон ҳастам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:05 0:00

Дар бораи эътирози зидди карантин дар Амрико

Радиои Озодӣ: Бархе аз мардум дар Амрико мухолифи маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ва фосилагириҳо ҳастанд, эътироз мекунанд. Назари Шумо ба ин чист?

Фарҳоди Дарё: Ин ҷамоати, ба истилоҳ, музоҳирачӣ, бештар тундравони ростгаро ҳастанд. Ман аслан дар зиндагӣ бо ифротиҳову ифротият на сарукор дорам ва онҳоро намепазирам. Масъалаи таомули давлату сиёсатро дар баробари корона як сӯ мегузорем. Дар ин охирҳо ҳангомаи коронавируси нав то гиребон пур аз теорияҳои тавтеа аст. Аз ҳар гӯшаи ҷаҳон мо як теорияи нав мешунавем, ки корона ба ину он ҷиҳат сохтаи дасти башар аст. Ингунаву онгуна нест, хуб нест, далели сиёсӣ ҳаст, далели иқтисодӣ ҳаст. Ҳазору як гап. Аз ин бештар наравем ва иҷоза надиҳем, ки корона агар моро накушт, ташвишаш моро накушад (механдад). Лозим нест аз корона ваҳшату тарс дошта бошем, кофист, ки ба тавсияҳои масъулини беҳдошту сиҳҳат таваҷҷӯҳ кунем ва онро амалӣ кунем. Корона як навъи зуком аст ва ҳамин қадар кофӣ аст, ки мо муқовимати вуҷуди худро дар баробараш баланд биёрем. Нагузорем, ки ташвишаш ё моро гиҷ кунад ё девона ва нагузорем, ки моро аз по биафтонад.

Ду далели эҷоди оҳанги “Корона”

Радиои Озодӣ: Таронаи “Корона” чӣ гуна эҷод шуд ва то ҳол вокуниши ҳаводоронатон ба он чӣ гуна буд? То ҷое фаҳмидем, аъзои хонаводаатон ҳам дар эҷоди он саҳмгузор шуданд?

Фарҳоди Дарё: Бар иловаи пардохтан ба мусиқиву ҳунар аз ҳунару ному эътибор дар миёни мардум барои равшангарӣ ва огаҳии инсон ҳам истифода кардаам. Мардум гоҳе суруд мехоҳанд, гоҳе мусиқӣ мехоҳанд, гоҳе ишқу оҳанг мехоҳанд, гоҳе шеър мехоҳанд, гоҳе ҳам ба маълумот ва умед зарурат доранд. Ду бузургтарин далели эҷоди оҳанги “Корона” ин яке – дур кардани тарсу ваҳшат дар дилҳои мардум аз вируси корона буд. Дувум ин ки бо инояти шӯр ва ҳаяҷони мусиқӣ мардумро барои дар хона мондан ташвиқ кардем. Алҳамдулиллоҳ, хеле ҳам шунида шуд, асаргузор буд. Некбахтона, истиқболи мардум аз суруди “Корона”-и ман хеле баланду густарда буд. Ман рӯзона дар расонаҳои иҷтимоӣ шоҳиди нашри даҳҳо клипи видеоӣ ҳастам, ки на танҳо афғонҳо, балки бисёр форсизабонон, оҳангро нашр мекунанд ва ин оҳанг даст ба дасту хона ба хона, аз забон ба забон ва гӯш ба гӯш мегардад. Ҳар рӯз ҳам теъдоди ин клипҳо дар Интернет меафзояд. Ин камоли хушбахтӣ аст ва ба ман ин кор эҳсоси қаноатбахш медиҳад, чун мебинам, ки дар яке аз ҳассостарин лаҳзаҳои таърих тавонистем дар канори инсон, дар канори ҳамватанононам, дар канори шаҳрвандоне, ки ман бо эшон ҳамхун, ҳамрешаву ҳамустухон ҳастам, бошам. Барои ман камоли ифтихор аст. Ҳамчунин дар ҷараёни сабти “Корона” Султона ва Ҳиҷрон ҳарду бо ман ҳамкор буданд. Яке мейкап (рангубор) мекард ва дигаре мутаваҷҷеҳи либосам буду дурбинро контрол мекард… Рӯзҳои аввали корона буд, изтиробу ваҳшату тарсу бесаранҷомиву гум будани ҳама чиз хеле дилгир буд. Мо ҳам танҳо будем. Ҳар кас ҳам маҷбур буд дар карантин бошад. Ҳоло ҳам дар карантин ҳастем, вале изтироби рӯзҳои аввали мардумро надорем. Касе ҳам набуд, ки маро аз назари камера кумак кунад. Ба ҳамин хотир, Султона ва Ҳиҷрон дар сабти видео кумак карданд.

Ин ғам гузаштанист…

Радиои Озодӣ: Имрӯзҳо дар Тоҷикистону Афғонистон мардуми зиёд аз коронавирус азият мешаванд. Шумо барои ин мардум ҳарфи гуфтание доред?

Фарҳоди Дарё: Паёми ман танҳо мутаваҷҷеҳи Тоҷикистон ва ё Афғонистон нест, тамоми башарият аст. Паём хеле содда аст, хеле возеҳу рӯшан аст:

  • Ин ғам гузаштанист, мотам гузаштанист…
  • Бо хандаҳо дубора ҳаво хуб мешавад.
  • Эй дӯст, ҳоли кӯчаи мо хуб мешавад.
  • Бигзор чанд рӯз, ай ёр, чанд рӯз…
  • Дар хона бимонем, самимона бимонем,
  • Дар хона бимонем, самимона бимонем.
  • Хона ҷои мост, куруно дар беруност,
  • Хона ҷои мост, куруно дар беруност.

Радиои Озодӣ: Солҳои зиёд шуд, ки Шуморо дар Тоҷикистон надидем. Ҳеч барномае барои ояндаҳои наздик, албатта, баъди пушти сар шудани бӯҳрони беҳдоштӣ, барои сафар ба Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо ҳунармандони тоҷик надоред?

Фарҳоди Дарё: Азбас муддатҳо шудааст Тоҷикистон наомадаам, дилам барои дидори тоҷикон метапад. Дилтанги Тоҷикистони бофарҳангу саховатманду меҳрубон ҳастам, дилтанги мардуми бофарҳанги тоҷик ҳастам. Хушбахтона, тарҳҳои неке дар сар дорам, то ки бубинам, чӣ тавр мешавад бо ҳунармандони тоҷик ҳамкорӣ дошта бошам, додугирифт дошта бошем, бо мардуми тоҷик як дидор дошта бошем. Иншоаллоҳ, базудӣ ин барномаҳоро бо Шумо ҳам дар миён мегузорем.

Радиои Озодӣ: Орзуи Шумо ба мардуми Тоҷикистон ва Афғонистон чист?

Фарҳоди Дарё: Касе, ки тамоми умр фақат аз пайи ишқу сафову меҳр будааст, ба ҷуз ишқу сафову меҳр дигар чӣ орзу дорад? Хоса, ки аз як сӯ Афғонистон аст ва ин хостгоҳи ман аст ва аз сӯи дигар Тоҷикистон аст, ки он хонаи муштараки фарҳангу ишқҳои мо аст. Ай кош сиёсатҳо миёни мо хатти ҷудоӣ намекашид, то ин ки миллатҳо, чунон ки ҳаққашон аст, дар канори ҳам биёянд, дар як суфра нону пиёзи боҳамии худ, нону пиёзи бародарию хоҳарии худро ним кардаву хӯрдаву умр мегузоштанд, зиндагӣ мекарданд ва лаззат мебурданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG