Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақолае дар бораи коронавирус дар Чеченистон ҷанҷол барангехт


Чеченистон. 6-уми апрели 2020
Чеченистон. 6-уми апрели 2020

Масъулони нашрияи мустақили "Новая газета" гуфтанд, ки баъд аз дархости "Роскомнадзор" мақоларо дар бораи чораҳои муқобила бо коронавирус дар ҷумҳурии Чеченистон аз сомона бардоштанд. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, ки аз пуштибонии Кремлин бархурдор аст, мақолаи нашршударо "сафсата" номида ва ба муаллифи мақола Елена Милашина таҳдид кард.

Дмитрий Муратов, сардабири “Новая газета” гуфт, рӯзи 15-уми апрел "Роскомнадзор" талаб кардааст, ки “бо далели паҳн кардани маводи дурӯғин” дар мақолаи марбут ба коронавирус дар Чеченистон, мақола аз вебсайт бардошта шавад.

Муратов гуфт, эҳтимол нашрия аз рӯйи ин ҳукм шикоят хоҳад кард. Ин ҳодиса дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии озодии баён Русияро дар пурзӯр кардани назорат аз болои хабару гузоришҳои марбут ба коронавирус айбдор мекунанд.

Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот аз тасмими "Роскомнадзор" ибрози нигаронӣ кард ва гуфт, "матбуот бояд битавонад дар бораи пандемия гузориш бидиҳад ва шаҳрвандон бояд ба иттилоъ дастрасӣ дошта бошанд".

Ӯ инчунин "таҳдиди марг" ба Милашина, барандаи ҷоизаи байналмилалии соли 2013 барои Ҷасорати занро башиддат маҳкум кард ва гуфт: "Ин чиз ташвишовар аст ва бояд хотима дода шавад. Журналистон бояд бе тарсу ҳарос ҳуқуқи гузориш додан дар бораи Ковид-19-ро дошта бошанд”.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони Кумитаи ҳимоят аз журналистон, қароргоҳаш дар Ню-Йорк гуфт, журналистон “ба хотири бозтоби матолиби марбут ба пандемияи коронавирус аллакай мавриди хатар ҳастанд ва набояд таҳдидҳои раҳбарони сиёсиро таҳаммул бикунанд".

Милашина дар мақолае, ки рӯзи 12-уми апрел нашр шуд, гуфт, дар Чеченистон кормандони тиб васоили ҳифозатии кофӣ надоранд ва мақомот онҳоеро, ки гӯё муқаррароти карантиро нақз кардаанд, дастҷамъона боздошт мекунанд.

Як рӯз баъди он Рамазон Қодиров журналистони “Новая газета”-ро “хоинҳои барандаи ҷоизаҳои хориҷӣ” номид ва Хадамоти амнияти федеролиро дар он гунаҳкор кард, ки Милашинаро хомӯш намекунад.

Раҳбари Чеченистон гуфтааст: “Агар шумо (хадамоти амниятӣ) мехоҳед, ки мо ҷиноят содир карда, ҷинояткор шавем, пас, ҳамин тавр бигӯед. Як кас бояд масъулиятро ба гардан бигирад ва бар асоси қонун муҷозот шавад”.

Кумитаи ҳимоят аз журналистон гуфт, Милашина ба Кумитаи тафтишоти Русия ва Додситонии кул муроҷиат кардааст, вале, ба гуфтааш, посухе дарёфт накард.

Дар Русия аз соли 1992 ба ин тараф дар маҷмӯъ 38 журналист кушта шудааст. Шаш нафари онҳо бо бозтоби масоили марбут ба Чеченистон машғул буданд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, Қодиров, ки соли 2007 ба сари қудрат омад, аз фишор кор гирифта, фазои беҷазоӣ барои нирӯҳои амниятӣ дар минтақаро эҷод кардааст. Қодировро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар хушунат ва тарс додани мунтақидони сиёсии ҳукумати Чеченистон, аз ҷумла одамрабоӣ, нопадидшавӣ, шиканҷа ва кушторҳои худсарона айбдор мекунанд.

Кумитаи ҳимоят аз журналистон моҳи март аз мақомоти Русия тақозо кард, ки “сензураи расонаҳо”-ро дар масоили коронавирус хотима диҳад.

Дар ҳамин ҳол, созмони Гузоришгарони бидуни марз "Роскомнадзор"-ро ба он муттаҳам кард, ки журналистонро барои бозтоби бӯҳрони коронавирус ҳадаф қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG