Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар бозии дӯстона бар тими наврасони Умон (U-16) бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Рустам Соиров дар дақиқаи 74-ум ба самар расонд.
Ин бозӣ дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола 24-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон рӯзи ҷумъаи 27-и апрел дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 18:00 шуруъ мешавад.
Дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон моҳи сентябри имсол дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола, ки аз 20-уми сентябр то 7-уми октябр дар Малайзия барпо мегардад, ширкат меварзанд.
Рақибони дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо 26-уми апрел маълум мешаванд. Дар ҷараёни қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ ташкил мешавад, ки ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста таркиб меёбад. Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба чорякфинал мебароянд ва минбаъд мусобиқа аз рӯи системи олимпӣ сурат мегирад, яъне дастаи мағлубшуда аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мешавад.
Бояд гуфт, ки чаҳор дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2019 (U-17), ки дар Перу доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.
Ёдовар мешавем, дар даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Ҳисор баргузор шуда буд, дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Умон ба як гурӯҳ шомил буданд. Футболбозони навраси тоҷик бар ҳамсолони худ аз Умон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.
Аз 8 то 8,5. То охир судхои Точикистон рафтан даркор. Бад ба судхои аврупо, он чойхое, ки молу сарвати оила.
Сиесат албатта мавзуи печидааст ин коментнависо бисераш муболига мекунанд вале окибат хак ба хакдор расиданист. Чор панч вилояти точикнишини Узбакистон Худо хохад чудо мешаванд ва кишвари Согдиана е хамон Сугдиёнро бунёд мекунанд. Сабаби хануз баланд нашуданашон хам он хаст ки точикони Узбакистон натанхо аз точикони дигар кишвархо вазъи иктисодишон бехтар хаст балки аз узбакони узбакситон низ бехтару тозатар зиндаги мекунанд. Хамин ки шароит каме бадтар шуд вай каракалпах хиччи нест
Мирзиёев одами ниҳоят бомаданият, боинсоф ва сиёсатмадори хирадманду одил мебошанд. Ман боварӣ дорам ҳукумати Узбакистон ҳеҷ гоҳ бар зидди мардумаш тир холӣ нахоҳад кард, хуни касеро нахоҳад рехт. Тазоҳуроту митинг ҳаққи ҳалоли ҳар як фарди алоҳида, ҳар як гуруҳи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳаст. Бигзор мардум ҳуқуқи озодона фикри худро баён кардан дошта бошанд, бигзор гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ кунанд. Бигзор ҳукуматҳо дар роҳпаймоиву, гирдиҳамоиҳо ширкат кунанд, бо халқ бошанд. Ин ҳам вазъи хатарнокро оддӣ мекунаду ҳам ҳамдигарфаҳмии мардумро бо ҳукумат наздик.
Назаралиев Давлаталӣ Хизматович соли таваллудаш 1959 аз Барушон. Сохиби 4 фарзанд. Соли 1992 мохи декабр дар ш. Душанбе дар тарафи »нагорный» аз тарафи шахсони номаълуми силоҳбадаст Назаралиев Давлаталиро бо 2 нафар мард аз Язгулом бо зуроварӣ ба мошини савор карда ба самти номаълум бурдаанд.
Ҳами зиндона пури ҷавонон кардед ку? Лаеқата куштед, боз чи монд??