Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати гаронтарин футболбозони Тоҷикистон ва 4 кишвари дигари ОМ


Пойгоҳи иттилоотии Transfermarkt дар Олмон маълумотро дар бораи бозигарони гаронтарин дар Осиёи Марказӣ нашр кард. Бино ба он, бо сабаби пандемияи коронавирус, нархи бозории футболбозони касбӣ коҳиш ёфтааст. Қимати футболбозон ба таври оммавӣ 20 дарсад арзон шуд.

Дар ин қатор танҳо бозигарони соли таваллудашон 1998 ва аз он хурдтар истисно ҳастанд. Нархи онҳо 10 фоиз кам шуд.

Маблағи умумии зиёни трансферии футболбозон бар асари пандемияи коронавирус 9,22 миллиард евроро ташкил медиҳад.

"Нархҳо дар бозорҳои саҳомӣ хароб гаштанд, бисёр бошгоҳҳо дар ҳолати муфлисӣ қарор доранд ва нақшаҳои интиқол аз сабаби номуайянии бисёр бошгоҳҳо ба таъхир афтоданд", - гуфт Маттиас Зайдел, муассиси ширкати Transfermarkt.

Вай афзуд: "Дар ҳоли ҳозир тасаввур кардан душвор аст, ки нархи интиқол, чун дар солҳои охир, афзоиш хоҳад ёфт. Эҳтимол аст, ки истисноҳо ва интиқоли инфиродӣ барои маблағҳои хеле зиёд мавҷуд бошанд, аммо, ба назари мо, вокуниш ба вазъи мавҷуда ҳанӯз зарур аст.”

Қазоқистон

Бозигари аз ҳама гаронбаҳои Қазоқистон Бауирҷон Исломхон аст, ки дар бошгоҳи “Ал-Айн”-и Имороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад в аарзишаш 2,40 миллион евро аст.

Ҳимоятгари тими “Остона” ва мунтахаби миллии Қазоқистон Дмитрий Шомкои 30-сола 2 миллион евро нарх дар рӯйхати Transfermarkt дуюм аст. Соли гузашта нархи Шомко 2,5 миллион евро буд.

Ҳашт бозигари дигари тими миллии Қазоқистон ба маблағи беш аз як миллион евро арзиш доранд.

Арзиши умумии бозигарони тими миллии Қазоқистон 26,58 миллион евро мебошад. Ин дар рейтинги FIFA 118-ум аст.

Қирғизистон

Гаронтарин бозигари тими миллии Қирғизистон тибқи Transfermarkt капитан Валерий Кичин мебошад, ки дар «Торпедо»-и Маскав бозӣ мекунад. Аз рӯи маълумоти Transfermarkt то 5-уми май арзиши қарордод бо ӯ 950 ҳазор евро арзёбӣ шудааст, ҳарчанд танҳо ду ҳафта пеш 1,2 миллион евро арзиш дошт.

Олмониҳо бозигари “Ғайрат”-и Алматӣ Гулжигит Алиқуловро ба маблағи 350 ҳазор евро арзёбӣ карданд, Тамирлан Козубаев, ки дар Индонезия бозӣ мекунад, тақрибан 275 ҳазор евро, Бахтиёр Дуйшобеков аз Премйер-лигаи Бангладеш 250 ҳазор евро, Муролим Аҳмедов аз Премйер-лигаи Бангладеш) 225 ҳазор евро, Бекжан Сагинбаев, Мирлан Мурзаев, Фарҳат Мусобеков (ҳама аз "Дордой"-и Бишкек) 200 ҳазор евроӣ арзиш доранд.

Арзиши умумии тими миллии футболи Қирғизистон 4,23 миллион евро мебошад. Қирғизистон дар рейтинги FIFA дар ҷойгоҳи 96-ум қарор дорад.

Тоҷикистон

Гаронтарин футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон тибқи маълумоти Transfermarkt нимҳимоятгари бошгоҳи “Локомотив” (Пловдив)-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев мебошад, ки арзиши қарордод бо ӯ 600 ҳазор евро баҳогузорӣ шудааст. Алишер Ҷалилов ва Искандар Ҷалилов («Истиқлол»-и Душанбе), Амирбек Ҷӯрабоев («Навбаҳор»-и Узбекистон), нимҳимоятгари бошгоҳи «Мадура Юнайтед»-и Индонезия Нуриддин Давронов 300 ҳазор евроӣ арзиш доранд.

Олмониҳо беҳтарин голзани қаҳрамонии Қирғизистон дар соли гузашта, собиқ ҳамлагари «Дордой»-и Бишкек Воҳид Оразсаҳедовро, ки ҳоло дар бошгоҳи «Истиқлол» -и Душанбе бозӣ мекунад, 250 ҳазор евро арзёбӣ карданд.

Арзиши умумии тими миллии футболи Тоҷикистон 4,90 миллион евро аст. Мавқеаш дар рейтинги FIFA 121-ум мебошад.

Туркманистон

Мувофиқи маълумоти Transfermarkt футболбозони арзонтарин дар тими миллии Туркманистон мебошанд. Аз ҳама арзишманди онҳо - Руслан Мингазов, ки дар «Иртиш»-и Қазоқистон бозӣ мекунад, 525 ҳазор евро нарх дорад.

Арслонмурод Амонов, ки дар “Намангон”-и Узбекистон бозӣ мекунад, 400 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.

Арзиши умумии бозигарони тими миллии Туркманистон 2,53 миллион евро аст. Мавқеаш дар рейтинги FIFA 129-ум мебошад.

Узбекистон

Бозигари гаронтарин дар тими миллии Узбекистон тибқи назари Transfermarkt ҳамлагари «Пахтакор»-и Тошканд Игор Сергеев аст ва 1,30 миллион евро баҳогузорӣ шудааст. Олег Зотеев аз "Локомотив" 725 ҳазор евро арзиш дорад.

Аҷиб аст, ки Transfermarkt ду ситораи асосӣ - Элдор Шомуродовро аз "Ростов"-и Русия - 5,20 миллион евро ва Одил Ахмедовро аз “Шанхай СИПГ”-и Чин - 2 миллион евро ба ҳайати асосии мунтахаби Узбекистон дохил накардааст.

Арзиши умумии тими миллии футболи Узбекистон 9,73 миллион евро арзёбӣ шудааст. Ин даста дар рейтинги FIFA дар ҷойи 85-ум аст.

XS
SM
MD
LG