Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қисмҳои ҳарбиро "карантин" карданд, аммо даъват ба артиш идома дорад


Даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон соле ду маротиба сурат мегирад
Даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон соле ду маротиба сурат мегирад

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қисмҳои ҳарбии зери итоаташро ба карантин гирифта, аз ҷумла вохӯрии волидонро бо сарбозон муваққатан манъ кардааст. Вале сарфи назар аз пандемияи коронавирус маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиши Тоҷикистон идома дорад.

Ориф Нозимиён, сухангӯи Вазорати дифоъ, 12-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмим ба хотири ҳифзи саломати сарбозон ва афсарон гирифта шудааст. "Дар ҳудуди қисмҳои низомӣ карантин ҷорӣ шуда, баргузории ҳамагуна чорабинӣ ва қабули шаҳрвандон муваққатан манъ аст. Инчунин, дар ошхона ва ҷойҳои хоби сарбозон поккорӣ ҷараён дорад", - илова кард ӯ.

Масъулони Вазорати дифоъ гуфтанд, даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҳамоно идома дорад ва то ин дам зиёда аз 95 дарсади нақша иҷро шудааст. Бо ин вуҷуд, сокинон аз "сарбозшикор" ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш хабар медиҳанд. Маъракаи даъвати баҳорӣ то охири моҳи май идома хоҳад кард.

Мақомот дар ҳоле намехоҳанд ҷалби ҷавононро ба артиш қатъ кунанд, ки дар кишвар то 11-уми май коронавируси нав ба 661 нафар сироят карда, 21 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Иддае гумон доранд, омори аслӣ метавонад аз ин ҳам бештар бошад.

Дар чунин шароит, коршиносон аз Вазорати дифоъ дархост доранд, ки муваққатан даъвати ҷавононро ба артиш қатъ кунанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, агар як ҷавони сироятшуда ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ ворид шавад, метавонад чандин нафари дигарро бемор кунад.

Билоли Шамс, хабарнигори тоҷик, гуфт, "карантин шудани қисмҳои низомӣ дар ин шабу рӯзи бемории ҳамагир тасмими хуб аст, вале агар даъвати ҷавонон ба артиш идома дорад, бояд аз чораҳои сахт кор гирифт. Мабодо ягон сироятшуда вориди қисмҳои низомӣ нашавад ва дигаронро аз пой наафтонад."

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон дар оғози даъвати имсолаи баҳорӣ аз кумисюнҳои тиббӣ хоста буданд, ки ҷавононро аз "муоинаи ҷиддӣ" гузаронанд.

Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш масъулини комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҷавонеро ба артиш бурданд ки нав аз карантин баромада буд. Волидони Бахтиёр Ҷумъаев, мутахассиси бемориҳои сироятӣ мегӯянд, фарзанди онҳо 14-рӯзи карантинро дар бемористон гузашта, ба хона омада буд. Ба гуфтаи волидони Бахтиёр, ӯ бояд чаҳордаҳ рӯзи дигар дар хона меистод, зеро бо беморон тамос дошт.

Ба ҷуз аз Бахтиёр Ҷумъаев, ки узви Ситоди ноҳиявии муқобила бо COVID-19 буд, боз се пизишки дигарро аз ноҳияи Зафаробод ба артиш бурдаанд.

Даъват ба хидмат дар артиши Тоҷикистон соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27- сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Ва теъдоде аз онҳоро ҳам бо роҳи "сарбозшикор" мегиранд. Мақомот ҷавононро барои саркашӣ аз хидмат муттаҳам менамоянд, вале сокинону ҷомеаи шаҳрвандӣ ба кам кардани муҳлати хидмати сарбозӣ, аз байн бурдани "дедовшина" ва беҳтар кардани шароит дар қисмҳои ҳарбӣ пойфишорӣ доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG