Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вожанома ё луғати калимаҳои давраи коронавирус


Назарияи фосилаи ҷисмонӣ
Назарияи фосилаи ҷисмонӣ

Пайдо шудани коронавирус ва бо суръати баланд паҳн шудани он дар саросари олам сабаб гашт, ки як силсила калима ва истилоҳот ҳарчӣ бештар дар забони расонаҳо ва мардум садо диҳанд. Бархе аз онҳо нав, аммо бархи дигар барои пизишкону парасторон ошноянд.

Бо назардошти он ки маънои дақиқи ин калимаҳо ба доираҳои васеи мардум маълум нест, Радиои Озодӣ тасмим гирифт, шарҳи чанде аз онҳоро ба таваҷҷуҳи хонандагон пешниҳод намояд. Ҳамчунин аз онҳо хоста мешавад, то калимаҳои нофаҳмо ва ношиносро дар шарҳи ин мақола бароямон нависанд.

COVID-19 ё КОВИД-19

Ин номи бемории ҳамагир ё пандемикии коронавирус аст, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Он як омезаи нав аз хонадони чунин вирус ё ангалҳост, ки ҳамчунин «коронавируси нав» номида мешавад ва аз шаҳри Вуҳани Чин сарчашма гирифтааст.

Коронавирус

Оилаи вирусҳо, аз ҷумла Cиндроми Нафасии Ховари Миёна (MERS-CoV) ва Синдроми Шадиди Роҳи Нафас (SARS-CoV).

SARS - CoV-2

Ин номи илмии вирусест, ки боиси бемории Covid-19 мегардад. Он маънии синдроми шадиди роҳи нафас коронавирус 2-ро мефаҳмонад.

Фосилаи ҷисмонӣ (иҷтимоӣ)

Дурии одамони ҳатто солим аз ҳамдигар дар куча бо мақсади пешгиии сироят. Чорае, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) тавсия дод, бино бар он одамон бояд бо ҳамдигар на камтар аз ду метр фосила дошта бошанд. Ин ниҳод ахиран ибораи «фосилаи ҷисмонӣ» -ро истифода мекунад, ки дақиқтар аст ва маънои ҷудоиҳои иҷтимоиро надорад.

Худгӯшагирӣ, гӯшанишинӣ, чилла

Шакли нисбатан сахттари фосилаи ҷисмонӣ гирифтани одамони гуруҳи хатар, яъне онҳое, ки нишонаҳои сироят дар танашон пайдо шудаанд ё бо касоне ждар тамос будаанд, ки бемор шудаанд. Чунин касон худро аз қисмати боқимондаи аҳолӣ ҷудо мекунанд, зеро ё озмоиши онҳо будани бемориро тасдиқ кард ва ё бо беморон нишастубархост доштанд ё аз кишварҳои уфунӣ баргаштанд ва акнун бояд 14 рӯз чилла нишинанд, то саломат ё бемор буданашон маълум гардад.

Lockdown, Қулфбанд

Манъи равуо дар як шаҳр, деҳа, минтақа ё бахше аз кишвар, ки мақомоти давлатӣ ҷорӣ мекунанд. Дар баъзе кишварҳо ин ҳолат ҳамчунин «хонашинӣ», «роҳбандон» ё «карантин» низ номида мешавад, аммо қулфбанд ва карантин бо ҷузъиёти чораҳои манъкунанда фарқ доранд.

Карантин, қарантина

Ҷиддитарин ҳолати муҳосира ё хонашинӣ, ки аз тарафи ҳукуматҳо ҷорӣ шуда, ҳадафаш ҷудо доштани беморон аз бақияи аҳолист. Ҳамчунин маънии «ҷудокунии ҳифозатӣ» бо мақсади ҳимояи мардуми зери хатарро низ дорад.

Василаҳои эҳтиёт

Ба англисӣ Personal protective equipment (PPE) ҷиҳозеро гӯянд, ки пизишкон ва парасторон барои пешгирӣ аз сироят шудани худ истифода мебаранд. Он аз ниқобҳои тиббӣ ва респиратор ё “противогаз”-ҳо, ниқобҳои FFP3, лапарҳо, сипари рӯй, дастпӯшак ва пешбандҳо иборат аст.

Респиратор (противогаз) ё нафасполо

Респиратор, противогаз ё нафасполо як абзори шахсии муҳофизат аст, ки ҳаворо барои нафаскашии кас полоиш ё филтр мекунад. Он метавонад, тамоми рӯй ё ҳадди аққал бинӣ ва даҳонро фаро гирад. Дар соҳаи тандурустӣ нафасполо барои кам кардани хатари сироят ёфтан аз микробу ангалҳо истифода мешавад. Дар дигар ҷойҳо он метавонад инчунин барои муҳофизат аз зарраҳо ё бухорҳои хавфноки ҳаво истифода шавад.

Дастгоҳи нафаси сунъӣ (ДНС)

Мошинест, ки ҳавои ғанишуда бо оксигенро ба шуши шахси бемор медамад, то камбуди кори шуш барои таъмин кардани хун бо оксиген ҷуброн намояд. Дар ҳолати гирифторӣ бо коронавирус, вақте ки ин ангал вориди шуш мешавад ва иммунитет ё маснуияти бадан бо он дар ҳоли ҷанг медарояд, моеъ найчаҳои шушро пур карда, монеъи гардиши оксиген мешавад. ДНС-ро гоҳе вентилятор ё бодчархон низ меноманд. Ҳавои ғанишуда аз оксиген ба воситаи лулаҳои пайвастшуда ба респиратор ё бе он ба даҳон ва бинии бемор фиристода мешавад. Нафаси сунъӣ ба шуши бемор кумак мекунад, ки корашро давом диҳад ва системаи иммунӣ ё ҳифозатии ӯ ба нест кардани вирус машғул бошад. Дар бемористонҳое, ки ДНС надоранд, ҳамчунин аз оксигенатор истифода мешавад.

Оксигенатор

Дастгоҳи омезиш ва расонандаи ҳавое, ки барои зиёд кардани оксиген дар таркиби хун ва аз он хориҷ кардани оксиди карбон пешбинӣ шудааст. Оксигенатор ҳангоми ҷарроҳии дил ё беҳтар кардани гардиши хун дар ҷисми касе, ки аз бемориҳои дил ё шуш ранҷ мебарад, истифода мешавад. Таври маълум дар хуни чунин беморон миқдори оксиген ба таври ҷиддӣ коҳиш меёбад. Дар сурати камбуди ДНС одатан барои тақвияти кори шуш оксигенатор ба кор бурда мешавад.

Мавҷи дувум

Ин истилоҳ ба он ишора мекунад, ки дар сурати ба охир расидани карантин ё роҳбандонва бозгашти одамон ба идораҳо, мактабҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ метавонад боиси сар задани уфуни нав ба воситаи вируси навшуда ва шадидан гузарандаи COVID-19 гардад. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки то кашф шудани ваксина ё эм карантин ягона чораи ҳифзи мардум меббошад. Аммо ҳукуматҳо бо назардошти таъсири харобиовари карантин ба иқтисодиёт маҷбур мешаванд, маҳдудиятҳои қатъиро тадриҷан сабук гардонанд.

XS
SM
MD
LG