Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозорҳои либос ва кошонаҳои ҳусн то нимаи июн баста мемонанд


Бозори "Корвон". Акс аз бойгонӣ
Бозори "Корвон". Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати шаҳри Душанбе дастур додааст, ки бозорҳои фурӯши либос, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои шустушӯи мошинҳо ва фурӯши телефон то 15-уми июн баста бимонанд.

Шаҳрдорӣ 30-юми май бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, мақсад аз ин дастур "ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт ва пешгирӣ аз сирояти COVID-19 аст." Аммо бозору мағозаҳои хӯрокворӣ дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд.

Дар қарори нави шаҳрдории Душанбе омадааст, "сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадоранд, бо роҳбарон ва масъулони бозорҳои фурӯши либос, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд."

Дастури бастани бозорҳои либосфурӯшӣ ва дигар ашё ва лавозимоти рӯзгор дар Душанбе, ки маҳалли кору тиҷорати ҳазорон нафар аст, қарори дардноке ба ҳисоб меравад, чун мардуми зиёдеро аз кор ва манбаи даромад маҳрум мекунад.

Танҳо дар бозори “Корвон”, ки дар масоҳати 27 гектар доман паҳн кардааст ва бузургтарин дар Тоҷикистон аст, тақрибан 8 ҳазор нафар кор мекунанд. Бозори мазкур ҳамчунин маҳалли аслии хариди ҳазорон тоҷири дигарест, ки аз инҷо ба ноҳияҳои атроф ва дигар манотиқи Тоҷикистон мол бурда мефурӯшанд.

Баста мондани бозорҳо, тоҷиронеро, ки аз бонкҳо барои пешбурди тиҷорат қарз гирифтаанд, дар вазъи баде қарор медиҳад, чун маҷбуранд, ҳар моҳ қарзу баҳраи онро баргардонанд.

Яке аз ин тоҷирон мегӯяд, "мо бештар аз як моҳ боз кор накардем. Аввал гуфтанд, ки то даҳуми май мебанданд, дертар то 30-юми май дароз шуд. Вақте савдо нест, пул нест. Аксари тоҷирон аз бонкҳо қарз гирифта буданд ва ҳоло дар вазъи баде ҳастанд."

Мақомоти пойтахт мегӯянд, бо ҳадафи ҳимоят аз соҳибкорон дар бораи масъалаи қарзу баҳраи он ба Бонки Миллии Тоҷикистон номи расмӣ фиристодаанд, аммо ҷузъиёташро ошкор накарданд.

XS
SM
MD
LG