Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асари руҳӣ ва равонии коронавируси COVID-19 ба сиришту шахсияти одам


Маҳмудшоҳ Кабиров, равонпизишк ва равоншиноси тоҷик

Маҳмудшоҳ Кабиров, равонпизишк ва равоншинос

Осори ҷисмии коронавирус Ковид-19 тез мегузарад, вале асари равониву руҳии он дар хотираи майна дер боз боқӣ мемонад.

Беморон баъди ҷавоб шудан аз беморхона бо ташхиси коронавирус- Covid-19 ё илтиҳоби шуш (пневмония) аз тарс, зиқӣ, фикрҳои бад ва сустӣ шикоят мекунанд. Сабаб дар чист?

Табобати коронавируси ковид 4 зина дорад:

  1. табобати аломатӣ (симптоматикӣ); табу дард, илтиҳобу нафастангӣ табобат мешавад.
  2. табобати махсусӣ (спетсиализированӣ)-и узвҳои осебдида аз коронавирус; пневмония, касалиҳои дил, майна, сутунмӯҳра ва торҳои асаб, узвҳои дохилӣ ва дигар оризаҳо аз ин беморӣ.
  3. табобати равоншифоӣ (реабилитатсияи психотерапевтӣ); бартараф кардани тарсу ҳарос, зиқиву рӯҳафтодагӣ, сустиву заифӣ.
  4. тавонбахшии иҷтимоӣ (барқароркунии қобилияти корӣ, муносибатҳои байнишахсӣ ва гармонияи оилавӣ).

Яъне, бо ҷавоб шудан аз беморхона кори табобатӣ ба охир нарасидааст.

Хушхабар, аксар вақт баъди 2 ҳафта зиқӣ ва сустӣ аз байн меравад, вале тарсу ҳарос метавонад дертар бартараф шавад.

Чаро тарсу ҳарос пайдо мешавад: - сабаб бо марг рӯбарӯ шудан ва ҳикмати ҳаётро фаҳмидан, ки оқибаташ чӣ будааст.
Ақл дар майна "штаб" (доминант- шоҳигарии як фикр дар майнаи сар) сохта, фақат фикри ба беморӣ дахлдошта кабул мешавад ва дигар фикрҳои қабул намешаванд. Инро дар тибб " патологический доминант" меноманд. Ҳамин амал одамро бехоб, каммуошират, ва тезасабишав мекунад. Бехобӣ метавонад аз ҳисоби вайроншавии назми шабонарӯзӣ "суточный ритм" ҳам рух занад, яъне рӯз хоб рафтан шаб бехобӣ кашидан. Ин ҳол дар давомнокӣ ба он меорад, ки одамон хулосаи худро мегиранд; ё роҳи беморӣ ё роҳи камолотро пеша мекунанд.

Маркази фикрҳо оиди бемориро дар мағзи сар фақат мутахассиси соҳаи равондармонӣ бартараф мекунад. Дар ҳолати муроҷиат накардан доминанти фикрӣ ба фикрронии ҳамарӯзаи одам доим халал мерасонад; фикрҳои безоркунанда, тарсонанда, дудилакунанда, шакковаранда, гумоновар ва хаторо ба вуҷуд меорад.

Чаро рӯҳафтодагӣ ва зиқӣ пайдо мешавад:- вақте, ки тамоми қувваи сиришт ба мубориза бо беморӣ сафарбар мешавад, барномаҳо (файлҳо)-и муқаддасот, арзиш, орзӯ, мақсад, нақша ва дигар тасмимҳои иҷтимоии одам дар майнаи сар маҳкам ( ғайрифаъол) мешаванд, то қувва ва нерӯи асабро сарф накунанд. Ҳамин, ки нерӯи пешина пайдо шуд, он "папкафайлҳо" боз пайдарҳам фаъол шудан мегиранд.

Дар масъалаи сустии бадан ҳам чунин аст; қувва басанда ки шуд, ба мушакҳо низ дода шуда, соҳибқувват (тонус) мешаванд.
Ин сабабҳои равонии коронавирус ковид аст.

Зуҳуротҳои баъди гузаронидани бемории вирусӣ сабабҳои физиологии патологӣ ( касалигӣ) низ доранд: - вақте вирус аз ҳуҷайраҳои баромада, ба хун гардиш мехӯрад, заҳри он ва боқимондаи ҳуҷайраҳо ва вирусҳои мурда ба узвҳо зарар расонда, аломатҳои дарду, нороҳатӣ, табу сармо, тарсу ҳарос, зиқиву рӯҳафтодагӣ, сустиву заифӣ медиҳад.

Масуният (иммунитет) мубориза бурда, баъди қувваи зиёд ва аскарони бисёреро аз даст медиҳад; агар он паст бошад, вирус шушҳоро илтиҳобӣ мекунад ва агар монда шуда бошад, дигар микробҳо (пневмоккок ва ғайра, ҳатто вирусҳои дигар) ҳам метавонанд пневмония ё дигар бемориҳои узвҳои одамро бемор кунанд.

Агар равиши сиҳатшавии равонӣ суст ва дер равад, метавонед ба мо муроҷиат кунед ва мо, иншоллоҳ, бо дору ё амалиётҳои равонӣ шуморо кӯмак кунем.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG