Чоршанбе, Сентябр 03, 2014

Иқтисодиёт

Анҷоми боздиди ҳайати БҶ аз нерӯгоҳи Роғун

Натиҷаи арзёбиҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар ду моҳи наздик маълум хоҳад шуд.

x

Мақолаҳои ҳамсон

"Таъхир дар ташхис "Роғун"-ро ба мушкил рӯбарӯ мекунад"

Струан Стивенсон, вакили парлумони Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ҳар қадар таҳқиқи тарҳи «Роғун» аз сӯи БҶ ба дарозо кашад, хароҷоти молӣ ва талабот ба нерӯи инсонӣ бештар мегардад.
Як ҳайати бозрасонҳои Бонки Ҷаҳонӣ иборат аз шаш нафар дирӯз (29-уми июл) маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғунро тарк карданд.

Як манбаъ аз мудирияти нерӯгоҳи Роғун ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи бозрасони Бонки Ҷаҳонӣ  тайи як ҳафта дар маҳалли сохтмон буда, аз ҳамаи иншоот ва ҷараёни иҷрои корҳо дар он ҷо ошно шуданд. Ин манбаъ мегӯяд, тӯли ин чанд рӯз онҳо аслан бо ҷараёни барқарорсозиҳо дар маҳалҳои сохтмон, инчунин бо объектҳои то имрӯз анҷомёфта  ошно шуда ва ҳамзамон аз маҳалли сохтмон “аксу навор бардоштанд. Тақрибан тамоми маҳалли сохтмонро аксбардорӣ карданд.”

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, онҳо рӯзи якшанбе ба пойтахт баргаштанд ва дар мулоқот бо мудири сохтмони Роғун гуфтаанд, ки гузориши худро дар зарфи ду моҳи оянда пешниҳод хоҳанд кард.

Тибқи иттилои Вазорати энержӣ ва ва саноати Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ин гурӯҳи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе масоили мавриди баҳси худро дар Идораи лоиҳаҳои иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон баррасӣ доранд.

Қабл аз сафари коршиносони ин бонк ба Тоҷикистон Ранҷит Ломак, масъули бахши энержии Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз замони боздиди ахири онҳо дар моҳи май то имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ба пешрафти муайяне дар мавриди тарзу услуби таҳқиқоти нерӯгоҳ муваффақ шудааст ва аз ин рӯ, “мо имкони дарёфти гранти Бонки Ҷаҳонӣ дар ин соҳаро тамдид намудем”.

"Вале ҳанӯз ҳам кори зиёде бояд иҷро шавад",-гуфта буд ин ниҳоди байналмилалии молӣ. Ҳафтаи оянда ҳайати фаннии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон сафар мекунад, то бо ҳукумати ин кишвар як чорчӯби муроқибати кор дар нерӯгоҳ ва аз ҷумла тармиму ҳифзи иншоотро тартиб диҳад. Иҷрои ин амал заминаро барои идомаи таҳқиқот дар нерӯгоҳи Роғун таъмин мекунад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо
     
Ном: Мансур аз: Исфара
30.07.2012 17:38
Бонки чахони хатман хулосаи даркорияшро мебарорад ва мо Точикистонихо хатман Рогунро месозем ва сохиби барки хаматарафа мешавем ва он руз дур нест ва дар ин рузи мохи шарифи Рамазон дуои мо точикистонихо мустачо мешавад вакте, ки ин масъалахоро Озоди барраси кард ман бисёр хурсанд шудам ва гуфтаниям, ки албатта намояндагони Бонки Чахони ташхисро бегаразона гузаронида хулосаи даркориро ба Чохониён пешниход менамоянд..Ба хамаи шумо точикистонихо бахту саодат мехохам он руз дур нест, ки мо Рогунро тантанавор мекушоем......
Дар посух

Ном: ча ча ча аз: уртабуз
30.07.2012 20:06
ай хамин расм гирифтанашон дили мман дур рафтестай, боз нагуянд ки корро дар хамин холе ки хаст карор дихед то вакте ки мо ичозат надихем, ана баъд бин фармонфармоиву рохнишондихира.

Ном: Шахрванд аз: Точикистон
30.07.2012 19:22
Ба дили хама задед хар ду тараф!.....Мехмон омада ба ман нишон медихад ки ман хона созам ё на. Ин чи гап аст!,,,??? Шарм доштан даркор охири охирон!
Дар посух

Ном: дакик аз: Душанбе
30.07.2012 21:44
шахрванди азиз аслан дилзан нашав бояд ба такдир тан дод!!! мо давлати кучак ва нодорем ва имконияти танхо сохтани неругохро хам надорем. АММО БА ХАМА КАМБУДИХО РОГУНРО МЕСОЗЕМ! МО МЕТАВОНЕМ!!!
Дар посух

Ном: Алибой аз: 82 МКР
31.07.2012 10:24
Ягон муллои зур нестай, ки як куфу суф кунаву чашми бозрасони Бонки чахонира кур кунаву сохтмона сари бод тамом кунем. Муллохои нахзатй дар чо бошан? Ика лоф мезанан. Як каромот куне охир...
Дар посух

Ном: Каздони аз: Каздон
31.07.2012 00:49
Салом ба хамма фикри ин бародар дуруст аст Ман як чизро намефахмам чаро Узбакистон барои Точикистон газ намедихад хеч каса кораш нест аммо барои Обе ки аз худи Точикистони азизамон хаст Бонки Чахони омада моро ин кадар дар кашмакаш мемонад ЭЭЭЭ КОШ 1 МИЛИАРДИРИ ТОЧИК МЕБУДАМ ТАНХО ХАМИНКАДАР КОР МЕКАРДАМ РОГУНРО МЕСОХТАМ ин кадар сум дорем ин кадар хонахои бохашамат дорем аммо дил надорем аниктараш хуни миллии Точики надрем агар хар як вазир 1 тоги мошинашро фурушад ба фикрам Рогунро ва боз чандин мушкилоти Ватанамон хал мешавад охир мемурем хох баъди 10 солу хох баъди 100 сол акалан як Точики хундор (Бойбачахои Точик) пули дар шветсария доштаашро ба Рогун гузаронад. Боки худо инсоф дихад ки Рогун сохта шавад
Дар посух

Ном: Kandi аз: Samarkand
31.07.2012 03:46
In Uzbekiston huddi Isroil dar miyoni davlatoi fors baroi hamun garb namehohadki 3 davlati fors yakto shavan . Mohon tojikoi Samarkandu Buhoro va tahammai tojkoi Uzbekiston mehohem rogun teztar sohta shavad va Tojikiston peshraft shavad in obrui va sar balandi tojikoyi Samarkand ba peshi uzbeko.
Дар посух

Ном: Mr. K
31.07.2012 08:16
Роғунро бояд сохт! Мо дигар чора надорем. БҶ кори худаша кардан мегирад, мо кори худамона бояд кардан гирем.
Ҳукумати Тоҷикистон бояд натиҷаҳои санҷиши БҶро ҳамчун як справка қабул кунад, на аз ин беш.
Умед дорам мо ва писаронамон шоҳиди он рӯз хоҳем шуд, ки Роғун ифтитоҳ меёбад. Бигзор мову фарзандонамон не, набераву абераҳоямон шоҳид он рӯз бошанд.
Мо бояд Роғунро созем, вагарна то абад побанди боқимондаҳои манғиту муғул мемонем. Ба пеш!! Дубора месозамат Ватан...!!

Ном: SHERI NAR аз: SHERDARA
30.07.2012 23:35
I N S H O O L L O H namoyandagoni bonki jahoni natijaro ba foidai mo merasonand. Xavotir naboshed dustoni aziz! Az hamaton xohish mekunam ki agar vatandustdoru millatdustdor boshed, agar tavoned ba ROGHON raved va bo korkunoni onjo suhbatho kuned va onhoro xushhol gardoned to bo dastu dili garm korro davom dihand! Dar xona nishasta har 4iro ki namefahmed afsonagui nakuned! Agar mexohed sazovori nomi in vatanu in millat boshed pas bo yak ovoz <MO METAVONEM> guyon ba onjo safar kuned va sahme baroi R O G H O N guzored! boqi ba hamaton tani sihatu xonai obod tamanno doram! FAROMUSH NASOZED KI HAR SHAXSE KI DAR OYANDAI ROGHON SAHM DORAD QAHRAMONI MILLAT AST! SHERI NARR BOSHED NA XIRSI MODA! M O M E T A V O N E M I N S H O O L L OH

Ном: Беном
31.07.2012 01:08
ДУЗИ ЗУР СОХИБИ ГОВА БАСТАЙ ИН ХУКУМАТ ЧИ КОР МЕКУНА ОБ ЗАМИН ГЭС АЗ ХУДМОН БОЗ НИГОХ МЕКНА КАЙ ИЧОЗАТ ТИЯ БОНКИ ЧАХОНИ.
Дар посух

Ном: Беном
31.07.2012 12:36
Sumi bonki jahonira bisyoriho karmani khudda zadagiand baroi hami metarsand obratno napursad

Ном: беном аз: Душка
31.07.2012 03:03
бо барои сумкани бо барои чияй дига охи!

Ном: babri tojiki аз: mashhad
01.08.2012 05:49
agar har ki guft kiwvari mo kuchik astu notavon boyad ellatasho bigad chero---choon ba'zeho dar poyon naveshtaand in sukhanoni fuvqro,az esteqloli mo 22 sol meguzarad ammo mo boz ham aghabmondatarin duvlatem,chero?chon hijki baroi vatan kor namekunad,imrooza tj tabdel be yak jangal shuda ast,baroi in ki khurda nashi boyad bukhuri va bukushi to kushta nashi,man mutmainam mo bo puli hudamon metavonem in nirugohro bisozem ammo mutaasefona emruz hama ba fekre khudashon va jibhoi khudashonand na ba fekre mardum---puldorho puldortar meshavandu faqerho faqerta bo in hole ki mo dorem.

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype

Мавзӯъҳои рӯз