Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи КАСА -1000 сармоягузори эҳтимолии худро аз даст дод?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Бурунрафти эҳтимолии Бонки Осиёии Рушд аз тарҳи КАСА-1000, ин барномаро бо мушкили сармоягузорӣ рӯбарӯ кардааст.

Ин нуктаро Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи душанбе 23-юми баён дошт ва гуфт, дар мулоқоте, ки ба таърихи 19 ва 20 майи соли ҷорӣ дар Дубай бо ҳузури намояндагони кишварҳои узви ин тарҳ сурат гирифт, Бонки Осиёии Рушд ширкат накард.

Бино бар ин, кишварҳои узви ин лоиҳа аз Бонки Осиёии Рушд хостаанд, ки ширкаташро дар тарҳ тасдиқ ва дар ҷалби сармоя кӯмак кунад

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон

Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат аз ҷумла афзуд, «дар он ҷо намояндагони ширкати русиягии «Интер-РАО ЕЭС» низ ширкат доштанд ва агар кишварҳои ширкатдор розӣ шаванд онҳо низ ҳозиранд ин тарҳро маблағгузорӣ намоянд. Мо ҳамчунин пешниҳод намудем, ки дар вақти сохтмон тендер гузаронанд.»

Зимнан, ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон якҷо бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд ва дигар ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ дар ҳамоише дар Дубай дар миёнаҳои моҳи майи соли ҷорӣ масъалаҳои марбут ба сармоягузории тарҳи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, мавсум ба КАСА-1000-ро баррасӣ карданд, вале Бонки Осиёии Рушд дар он иштирок надошт.

Дар ҳамин ҳол намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон дар бораи муносибати ин ниҳод ба тарҳи КАСА-1000 гуфт, «дар чаҳорчӯби САРЭС ё барномаи ҳамкориҳои минтақвии энергитикии Осиёи Марказӣ имкони содироти нерӯи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷануби Осиё баррасӣ мешавад. Ва Бонки Осиёии Рушд ин гуна иқдомлтро пуштибонӣ хоҳад кард».

Манобеи ин бонк мегӯянд, дар доираи ин барнома чандин лоиҳаҳо, аз ҷумла тарҳи КАСА-1000 мавриди баррасӣ қарор дорад.Ба ин далел интизор меравад, ин тарҳҳо дар нишасти навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозии энергетикии САРЭС ё Барномаҳои ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ баҳс шаванд.

Вале бо ин ҳам посухи Бонки Осиёии Рушд норӯшан боқӣ мемонад, ки дар воқеъ ин тарҳро ҷонибдорӣ хоҳад кард ё хайр. Аммо суоли матраҳ низ ин аст, ки дар сурати Бонки Осиёии Рушд аз ин лоиҳа пуштибонӣ накунад он чӣ паёмаде дошта метавонад?

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба манофеи бузурге, ки дар минтақа вуҷуд дорад, эҳтимоли то як муддат ба истилоҳ муаллақ мондани ин лоиҳа вуҷуд хоҳад дошт: "Тақдири ин тарҳ бахусус дар робита ба хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон ва манофеъи калоне, ки дар ин робита Осиёи Марказӣ барои Амрико ва НАТО вуҷуд дорад баъйид нахоҳад буд, ки лоиҳаро барои як марҳила ҳамингуна дар ҳолати таълиқ нигоҳ доранд. Ва баъд аз он маълум хоҳад шуд, ки ба ин лоиҳа бар хоҳанд гашт ё на.»

Дар ҳамин ҳол, Ҳакими Даврон, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, берун шудани Бонки Осиёии Рушд аз ин лоиҳа ба ин маъност, ки КАСА-1000 сармоягузори эҳтимолии худро аз даст додааст. Ҳарчанд, меафзояд, ин таҳлилгар, то ҳанӯз имкони баргаштани ин бонк ба тарҳи мазкур вуҷуд дорад.

Вай ҳамчунин гуфт: «Чун нерӯгоҳҳои пуриқтидори Тоҷикистон дар баробари таъмини талаботи дохилӣ боз иқтидори содиротии Тоҷикистонро зиёд мекунад, бе ин тарҳ сохтмони нерӯгоҳҳои бузург ба монанди "Роғун" маъние надорад. Зеро имкони ба даст овардани фоидаи калон аз фурӯши барқ ба хориҷа аллакай кам мешавад. Хуб мешуд агар масъулини ин тарҳ барои бозгародонидани Бонки Осиёии Руш ба ин лоиҳа кӯшиш намоянд.»

Гуфта мешавад, барои иҷрои тарҳи КАСА -1000 ба сурати умумӣ зиёда аз 900 миллион доллар зарур аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷониби Русия омодагиашро барои сармоягузорӣ ба ин тарҳ эълом кардааст.

Зимнан, қарордоди байни кишварҳои ширкаткунандаи дар ин тарҳ 4-уми августи соли 2008 ба имзо расида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG