Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конгресс ҳузури Амрико дар Осиёи Миёнаро баррасӣ кард


Бинои Конгресси ИМА.
Бинои Конгресси ИМА.

Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико рӯзи 24 июл ҳузури Амрико дар Осиёи Марказиро баррасӣ кард.

Муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубиву марказӣ Роберт Блейк дар ин баррасӣ, ки дар пайи боздиди як ҳайъати бузурги Конгресс аз минтақа доир шуд, гуфт, сиёсати маъмурияти Барак Обама як силсила авлавиятҳои калидии стротегиро муайян кардааст, ки аз ҷумла ҳимоят аз рушди иқтисоди Афғонистон, бо шумули беҳбуди вазъи иқтисодии занон, ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, ташвиқи демократия ва ҳуқуқи инсон, мубориза муштарак бо чолишҳое, чун қочоқи маводи мухаддир ва тундгароиро дар бар мегирад. Оқои Блейк гуфт, аз нигоҳи Амрико, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Афғонистони амну босубот ҳамчун ҷузъи як минтақаи босуботу амн ва шукуфо нақши калидӣ бозӣ мекунанд.

Дипломати амрикоӣ гуфт, Вошингтон танҳо дар соли молии 2011 барои таҳкими марзҳо, мубориза бо маводи мухаддир, тақвияти нирӯҳои интизомиву низомӣ ба Осиёи Марказӣ 170 миллион доллар кӯмак расондааст ва дар соли 2013 дар назар аст, ки ҳаҷми ин кӯмакҳо як миқдоре афзуда шавад.

Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ
Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ
Роберт Блейк саҳми Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистону Қазоқистонро дар Шабакаи шимолии таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон низ муҳим номид ва гуфт, ин масир баъд аз хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ ва таҳвили масъулият ба нирӯҳои афғон дар соли 2014 низ фавқулодда муҳим боқӣ хоҳад монд. Блейк бо тавсифи нақши пойгоҳи Манас мукарраран таъкид кард, ки Вошингтон қасди сохтани ягон пойгоҳи доимии низомӣ дар Осиёи Марказиро надорад.

Ӯ ҳамин тавр, аз аҳамияти тарҳи «Роҳи нави абрешим» барои Вошингтон сӯҳбат кард ва ҳам гуфт, ҳамкориҳои Амрико бо Осиёи Марказӣ мубоҳисоти ошкор пиромуни зарурати озодиҳои сиёсӣ, додани майдони бештари фаъолият ба ҷомиаи шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи башарро низ дар бар мегирад. Ӯ гуфт, сӯҳбатҳои рӯи ин масоил осон нест, вале «равобити дуҷонибаи мо бидуни ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва озодиҳои аслӣ ба кулли зарфияташ расида наметавонад» ва барои ноил шудан ба пешрафт дар ин масоили мушкил зарур аст, ки Амрико ҳамкориаш бо он давлатҳоро идома диҳад.

Блейк аз ҷумла гуфт: «Мо ба дӯстонамон дар Осиёи Марказӣ паёмҳое мефиристем, ки нафақат паёмҳои пуштибонӣ, балки паёмҳои тунде ҳам ҳастанд, ки ба зарурати эҳтироми бештар ба ҳуқуқи инсон таъкид мекунанд.»

Дар бахши Тоҷикистони гузоришаш Роберт Блейк гуфт, Душанбе як ҳомии қавии талошҳои кӯмак ба Афғонистон боқӣ монда, пайвастан ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷоратро дар авлавияти равобиташ бо Вошингтон қарор додааст ва Амрико низ аз ин азми Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад.

Блейк ҳамчунин гуфт: «Мо медонем, ки масоили обу энержӣ барои Осиёи Марказӣ як мавзӯъи чолишзост ва мояи танишҳо байни Тоҷикистону Узбакистон шудааст. Амрико дар қиболи тарҳи сарбанди Роғун сиёсати дарозмуддати ҳимоят аз раванди таҳти раҳбарии Бонки ҷаҳониро дорад ва Бонки ҷаҳонӣ ду таҳқиқотро роҷеъ ба паёмадҳои фанниву иқтисодӣ, зистмуҳитӣ ва иҷтимоии тарҳи Роғун таъмини молӣ мекунад. Мо Тоҷикистонро ба ҳамкории комил бо Бонки ҷаҳонӣ ташвиқ мекунем, ки то анҷоми ин таҳқиқот ба сохтани сарбанд ё бастани маҷрои рӯд иқдом накунад.»

Муовини вазири хориҷаи Амрико идомаи талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии мазҳаб ва озодии матбуотро мояи нигаронии Вошингтон номид ва гуфт, азми давлат барои таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва ҳамин тавр сулҳу суботи дарозмуддат танҳо дар ҳамроҳӣ бо эҳтиром ба ҳуқуқи инсону ҳукми қонун, эҷоди ниҳодҳои шаффофу демократии давлативу шаҳрвандӣ ва фазои бозу номаҳдуди матбуот ба иҷро хоҳад расид.

Блейк гуфт: «Мо Душанберо ҳамчунон ба ҳимоят аз озодии мазҳаб ва эҳтиром ба озодии матбуоту худдорӣ аз дахолат ба бахши матбуот ташвиқ мекунем.»

Росс Вилсон, мудири Маркази АвроОсиё дар Шӯрои Атлантик дар баррасии Конгресс гуфт, кӯмакҳои Амрико ба Осиёи Марказӣ аз 328 миллион доллари соли 2002 дар соли оянда то 96 миллион доллар кам хоҳад шуд, ки чунин коҳиши башиддат бахусус дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон ба сӯди манофеи Амрико нест. Вилсон ҳамчунин ба ин нукта ишора кард, ки то ҳол ягон бор руасои ҷумҳуриҳои Амрико ба ин минтақаи муҳим сафар накардаанд ва «ҳоло вақт аст ки ин кор анҷом шавад.»

Ариэл Коэн, муҳаққиқи аршади Сандуқи Мерос ба аъзои кумитаи равобити хориҷии Конгресс гуфт, Амрико дар Осиёи Марказӣ бо чолишҳое, чун эҳтимоли афзоиши нуфузи исломгароҳо, талоши Русия барои эҳёи ҷои пояш дар ин минтақаи саршор аз манобеъи табииву инсонӣ ва ҳам бо нақши афзояндаи Чин, рӯбарӯст.

Коэн гуфт, Вошингтон бояд дар сиёсаташ дар қиболи ин гӯшаи сайёра рӯи се бахш – амният, бозор ва демократия ва ҳукумати хуб – тамаркуз кунад.
Роберт Блейк гуфт, ислоҳот дар Осиёи Марказӣ хеле кунд сурат мегирад, вале Амрико ҳамкориаш бо «ин минтақаи аз нигоҳи стротегӣ муҳим»-ро боз ҳам тақвият хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG