Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ду ҷонвари нодирро аз вартаи марг раҳонд


Оҳуи бухороӣ
Оҳуи бухороӣ

Донишмандони тоҷик мегӯянд, ки билохира тавонистаанд ду ҳайвони нодир - оҳуи бухороӣ ва морхӯрро, ки дар Китоби Сурх шомиланд, аз вартаи нобудӣ бираҳонанд.

Донишмандони Тоҷикистон мегӯянд, ду ҷонвари зебову нодирро, ки хатари батамом аз байн рафтани онҳо вуҷуд дошт, аз вартаи нобудӣ раҳо кардаанд.
Донишмандони тоҷик мегӯянд, бо талошу заҳмати зиёд ба онҳо муяссар шудааст, оҳуи бухороӣ ва морхӯр, ду навъи оҳуи нодирро, ки дар Китоби Сурхи Тоҷикистон шомиланд, аз вартаи нобудӣ наҷот диҳанд.

Рустам Муратов, биологи шинохта ва мудири Пажӯҳишгоҳи ҷангали Фарҳангистони улуми Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқоти нави онҳо дар фасли баҳор нишон дод, ки теъдоди оҳуи бухороӣ танҳо дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” дар вилояти Хатлон аз 160 сар гузаштааст, ҳарчанд замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ин ҷонварони зебои чанбаршох танҳо 20 сар монда буд.

Рустам Муратов гуфт: “Тайи 10 соли ахир теъдоди оҳувони бухороӣ зиёд шуд ва мо онро дар таҳқиқот ба чашми худ дидем. Бино ба ҳисобҳои мо ҳоло дар ҳудуди Бешаи палангон шумораи онҳо ба 168 адад мерасад, вале ин ҳисоби мавсими тирамоҳу баҳор аст ва чун замони ҷуфтшавии онҳо гузашт, дар тобистон оҳубачаҳои нав таваллуд мешаванд ва аз ин рӯ шумораи онҳо набояд аз 168 адад кам бошад. Дар воқеъ ин афзоиш моро хурсанд мекунад.”

Биологи тоҷик гуфт, ба онҳо муяссар шудааст, саршумори оҳуи бухороиро ба сатҳи солҳои 90-уми замони шӯравӣ бирасонанд, ки дар он замон, имконоти ҳифзу зиёд кардани ҷонварони нодир бештар буд. Бар тибқи омори соли 90-ум танҳо дар Бешаи палангон 160-170 оҳуи бухороӣ сукунат доштааст. Рустам Муратов афзуд, саршумори оҳуи бухороӣ дар Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ башиддат кам шуд, аз ҷумла қисме аз онҳоро паноҳандагоне шикор карданд, ки аз Бешаи палангон мегузаштанд. Дар мамнӯъгоҳи Ромит, ки онҷо ҳам саҳнаи даргириҳо миёни мухолифони давлат ва нерӯҳои ҳукуматӣ буд, ба гуфтаи Рустам Муратов, “ҳамаи оҳувони бухороиро” қир карданд.

Баъди ин шикори ғайриқонунӣ ва ҳамчунин ҷонварони ваҳшӣ ба мисли гург аз омилҳои дигари ба вартаи нобудӣ расидани оҳуи бухороӣ шуд. Донишманди тоҷик гуфт, ҳоло масъалаи дигар, яъне парваришу дар гӯшаҳои кишвар сар додани оҳуи бухороӣ пеш омадааст ва як роҳи хуби афзоиш додани ин ҷонвар дар қаламрави кишвар дар Бешаи палангон таъсис додани парваришгоҳи махсуси табиӣ ва дур аз даррандагон парвариш кардани оҳуи бухороист.

Насли ин ҷонвар, ки қаблан танҳо дар Тоҷикистон сукунат дошт, баъдан дар замони шӯравӣ ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистону Қирғизистону Қазоқистон бурда ва зиёд карда шуд.

Ба гуфтаи Рустам Муратов, айни замон теъдоди аз ҳама зиёди ин оҳувон дар Қазоқистон аст ва шояд аз 600 адад ҳам бештар бошад. Дар мамнӯъгоҳи Зарафшон дар Узбакистон танҳо 45 сар аз оҳуи бухороӣ сукунат доштааст. Айни замон ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Табиати Ваҳшӣ дар саросари Осиёи Марказӣ тақрибан 1600 оҳуи бухороӣ сукунат дорад. Қади ин оҳуи зебо, ки наринаи он шохҳои бузургу зебо дорад ва аз 1 метру 20 сантиметр ва вазнаш то 200 килограм мерасад.

Ҷонвари зебои дигаре, ки ба гуфтаи донишмандони тоҷик аз вартаи нобудӣ раҳо карда шудааст, морхӯр аст, ки шохҳои печидаи зебояш онро тӯъмаи шикорчиён мекунад. Бар тибқи таҳқиқи тозаи донишмандони тоҷик аз Пажӯҳишгоҳи зоологияи Фарҳангистони улум ва хориҷӣ, ки дар шумораи тозаи “Oryx”, маҷаллаи махсус дар бораи ҳифзи табиат дар Амрико нашр шудааст, агар то нимаи солҳои 90-ум дар Тоҷикистон танҳо 350 сар морхӯр вуҷуд дошт, ҳоло шумораи онҳо аз 1300 сар ҳам гузаштааст.

Ин ҷонвари зебо, ки бераҳмона барои шохҳои печидаву гӯшташ шикор мешуд, бештар дар кӯҳсорони Дарвоз сукунат дорад ва давлати Тоҷикистон барои ҳифзи он шикори онро мамнӯъ кардааст. Дарозии наринаи он то 170 сантиметр ва вазнаш то ба 110 килограмм мерасад ва мисли шохҳояш риши дарози 30 сантиметрӣ ҳам дорад. Морхӯр ҳамчунин тӯъмаи аслии бабри барфӣ ба ҳисоб меравад, ки як ҷонвари нодири дигари Помир аст ва донишмандон мегӯянд, ҳифзи морхӯр маънии муҳофизати бабри барфӣ, як зеби дигари табиати зебои кӯҳистони Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG