Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ранҷи оҳувони бухороӣ аз ихтилофи Тошканду Душанбе


Муҳофизони олами ҳайвонот дар Суғд мегӯянд, марзҳои баста ва минакоришудаи миёни Тоҷикистону Узбакистон боиси саргардонӣ ва ранҷи оҳувони бухороӣ шудааст.

Ба қавли онҳо, оҳувони бухороӣ дар минтақаи Зарафшон ба як "коридори сабз" эҳтиёҷ доранд. Оҳувоне, ки марзҳои симхорбандӣ ва минакоришударо намешиносанд.

Оҳуи бухороӣ дар Китоби Сурхи Тоҷикистон "яке аз навъҳои камназири оҳувони хушзот" тавсиф шуда, Китоби Сурхи Ҷаҳонӣ онро "ҷонвари нодири аз байнраванда ва ниёзманд ба ҳимояти ҳамешагии инсон" номидааст.

Оҳуи бухороӣ бо шохҳои чанбару ранги зарди моил ба сурхӣ ва холҳои сафеди атрофи чашмону гардану баданаш, аз зеботарин ҷондорони олам аст. Ин ҷонвари зебо дили шоиронро ба шӯр овардааст, ки аз қадим чашмони маъшуқаи худро ба дидагон ва рафтори ӯро ба хиромидани оҳувон шабеҳ мекунанд.

Дар Тоҷикистон теъдоди камшумори оҳуи бухороӣ дар мамнӯъгоҳи "Дараи палангон" ва парваришгоҳи "Зарафшон", дар ҷануб ва шимоли кишвар, боқӣ мондааст. Аммо сол то сол танг шудани чарогоҳ будубоши ояндаи оҳувон дар минтақаи Зарафшонро зери суол мебарад.

Ба гуфтаи масъулони парваришгоҳи "Зарафшон"-и ноҳияи Панҷакент, оҳувони бухороӣ чарогоҳи фароху гардиши озодонаро хуш доранд ва дар чунин фазову муҳит зиёд мешаванд. Баҳром Зоиров, аз масъулони хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷакент, гуфт, дар ҳоли ҳозир дар парваришгоҳи мазкур тақрибан 40 сар оҳуи бухороӣ вуҷуд дорад. Аммо марзи симхорбандӣ ва минакоришудаи байни Тоҷикистону Узбакистон ва фазои танги зист намегузорад насли ин ҷонварони нодир зиёд шавад. Ӯ афзуд, бархе оҳувон аз ночорӣ худро ба рӯди Зарафшон зада, ба мамнӯъгоҳи Узбакистон рафтуомад мекунанд ва бархе ҳам дар як ҷой зиёд монда, тӯъмаи гургон мешаванд.

Ба гуфтаи ҷаноби Зоиров, то миёнаҳои солҳои навадуми қарни гузашта ҷангалбонҳову сайёдони тоҷику узбак бо ҳам иртибот доштанд ва бидуни мушкил ҷиҳати назорати оҳувон ба қаламрави кишвари ҳамдигар равуо мекарданд. Баъдан робитаҳо қатъ шуда, хатти марз симхорбандӣ ва роҳи гузар на танҳо барои муҳофизони табиат, балки худи ҳайвонот, аз ҷумла оҳувони бухороӣ низ баста шуд.

Ба гуфтаи Баҳром Зоиров, соли 1980 вай ҳамроҳи мутахассисони дигар ҳафт сар оҳуи бухороиро аз мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" (ноҳияи Ҷилликӯл) ба парваришгоҳи "Зарафшон" овард. Ин 40 сари кунунӣ насли ҳамон оҳувон аст. Аммо дигар афзоиши онҳо мушкил шудааст. Вай гуфт, қаблан парваришгоҳ беш аз ду ҳазор гектар масоҳатро фаро мегирифт, ҳоло чизе бештар аз як ҳазор гектар боқӣ мондааст.

Доктори илмҳои биологӣ Толиб Ҳобилов, раҳбари иттиҳодияи дӯстдорони табиати Суғд, ҳифз ё аз байн рафтани оҳувони бухороиро дар водии Зарафшон ба муносибати одамон ду сӯи марз вобаста медонад. Ба ақидаи вай, табиатдӯстони тоҷику узбак, агар мехоҳанд оҳуи бухороӣ дар минтақаи Зарафшон бенишон аз байн наравад, бояд ба созиш бирасанд ва барои гардиши озодонаи ин ҷонвар, ки давлату сарҳадҳоро намедонад, дар хатти марз "коридори сабз"-е боз кунанд. "Чунки ин ҷонвари озод дар 300-400 километри мураббаъ будубош ва насловарӣ мекунад",-мегӯяд ӯ.

Баҳром Зоиров, аз масъулони хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷакент, гуфт, ҳанӯз ки даҳҳо сар оҳувони бухороӣ дар парваришгоҳи "Зарафшон" аз дандони гургону тири сайёдон эмин мондаанд, тадбирандешӣ барои афзоиши онҳо аз ҷониби табиатдӯстони Тоҷикистону Узбакистон дер нашудааст.
XS
SM
MD
LG