Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон: Охирин оҳуи бухороӣ "ҳамсар" меҷӯяд


Оҳуи бухороӣ
Оҳуи бухороӣ

Пайдо кардани "арӯс" барои охирин барраи бухороӣ дар Бадахшон ба як кори миёншикан табдил ёфтааст.

Доктори улуми биологӣ Мамадшо Қадамшоев мегӯяд, тақдири ин охирин барраи бухороӣ ё уреал, ки "сурхак" ҳам номида мешавад ва кайҳо боз ба балоғат расидаву ба ҷуфт ниёз дорад, олимони Пажуҳишгоҳи биологии Помирро ба ташвиш овардааст.

Аммо кӯшиши пайдо намудани ҷуфт барои ин оҳу дар манотиқи марзии Афғонистон ва ё аз ҷануби Тоҷикиситон чанд сол боз идома дорад. Оқои Қадамшоев гуфт, "ин барраҳои вахӣ одатан то 14 сол умр мебинанд ва боз таҳдиди беморӣ ва ҳайвоноти дарранда вуҷуд дорад. Агар ин сар дар як ду соли дигар ҷуфт наёбад, пас, дер шуданаш мумкин."

Мушкилоти овардани "арӯс" аз ҷануби Тоҷикистон дар он будааст, ки олимон хавф доранд "арӯс"-и нозпарвард дар шароити гармо сабзида, шояд ба сахтиҳои иқлими кӯҳистон ва дуруштиҳои ҷуфти маҷбуриаш тоб наорад. Сардори идораи ҳифзи табиати вилоят Мурод Мирҳасанов мегӯяд, қаблан мутахассисон дар наздикии кӯҳҳу пуштаҳои ноҳияи Дарвоз мурдаи 63 сар барра ва бузи куҳӣ, ба шумули бузи нодири морхӯрро пайдо намуданд, ки ба гумони ғолиб аз бемории илтиҳоби шуш ба ҳалокат расида бошанд.

Ҳарчанд теъдоди чунин намуди барраҳои ваҳшии париваш дар кӯҳу пуштаҳои деҳоти марзии кишвари ҳамҷавор ба 160 сар расида, онҳо барои убури марз ниёз ба раводид надоранд ва сурхаки охирин метавонист дар байнашон, ба қавле ҷуфти мувофиқ пайдо кунад, аммо табиат дар роҳи висоли онҳо монеа гузоштааст. Зеро чанд соли охир бино бар тағйирёбии иқлим ва нармию гармии ҳаво, оби рӯди Панҷ дар зимистон ях намебандад.

Аммо доктор Мамадшо Қадамшоев умедвор аст, ки шояд бар асари сардиҳои зимистон оби рӯди Панҷ ях бандад ва шароит фароҳам шавад, ки сурхаки нарина ба таври табиӣ барояш ҷуфт пайдо намояд.

Ин охирин сар сурхаки нарина дар наздикии кӯҳҳои маҳалли Рини нохияи Ишкошим мечарад ва дар поёни тирамоҳу зимистон ба деҳа фаромада, ба рамаи мардум ҳамроҳ мешавад. Як сокини ин ноҳия -- Хушвахтшоҳи Додихудо мегӯяд, оҳубарра густох шуда, ба говҳо ва мардум ҳамла мекунад, болои бом баромада ғарами коҳашонро мехӯрад, вале одамон ин охирин сарро, ки бо онҳо унс гирифтааст, "муқаддас" мешуморанд ва ба он даст намерасонанд.

Ба гуфтаи Мамадшо Қадамшоев, маҳз дар ҷойҳои наздик ба маҳалли аҳолинишин ҷойи зист интихоб намудани ин намуди ҳайвон ва зудбовариаш нисбати одамон, боиси маҳвшавии он дар қаламрави вилоят гардидааст. Вай гуфт, барраи бухороӣ ё уреал назар ба барраи Марко Поло, ки хокистарранг аст, ҷисман хурдтар буда, ранги сурх дорад ва шохчаҳояш тоб намехӯранд.

Дар ҳамин ҳол, фикри дарёфти "арӯс" барои сурхак аз манотиқи марзии Афғонистон, ки ба иқлими водии Вахони ноҳияи Ишкошим мутобиқ мебошад, бартарӣ пайдо карда, гурӯҳи олимон ва мутахассисони як созмони ҳифзи муҳити зисти олмонӣ, воқеъ дар Хоруғ, ба Вазорати ҳифзи муҳити зист нома навишта, интизори посуханд.

Коршинос Умеди Мамадпаноҳ мегӯяд, дар ҳоле ки дарёфти арӯс барои охирин сар барраи бухороӣ ба масъалаи "байнулмилалӣ" табдил шуда, маълум нест, ки сурхаки муҷаррад боз чӣ қадар рӯзҳои танҳоӣ ва беҷуфтиро таҳаммул хохад кард. Ӯ гуфт: "санадҳои байнулмилалӣ хуқуқи шаҳрвандони кишварҳои мухталифро дар мавриди интихоби издивоҷ хеле осон карданд, вале ҳайвоноти ваҳшӣ, албатта, қобилияти дарки чунин конвенсияҳоро надоранд ва наметавонанд барои тамъини ҳуқуқҳояшон талош варзанд."

Вале ба мушоҳидаи сокинони маҳалли Рин, вақте дар боло дар мавриди пайдо намудани "арӯс" тасмим мегиранд, талаботи биологӣ сурхаки наринаро маҷбур сохтааст, ки ба гӯсфандони дунбакалони рамаашон чашм ало кунад. Бархе аз сокинон ба ин боваранд, баррачаҳои ғайриодии зоидаи гӯсфандонашон насли сурхак мебошанд, ки дар интизори ҷуфт сабру тоқатро аз даст дода, аз ночорӣ бо қӯчқорҳои рамаи маҳаллӣ ба рақобат пардохта, бо гӯсфандон ҷуфт шудаанд.

Бино ба иттилои охирин, бархе аз сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Роштқалъа барраҳои шабеҳи сурхакро дидаанд. Донишмандони соҳаи биология мегӯянд, агар ин тахминҳо дуруст бошад, зарурати “импорт”-и арӯс аз кишвари ҳамҷавор аз миён хоҳад рафт ва рӯзҳои танҳоии оҳуи бухороӣ ҳам поён хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG