Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба таҳқиқоте, ки ахиран анҷом гирифтааст, зистшиносон бар ин ақидаанд, ки тақрибан ба чаҳоряк навъи оҳуҳои ҷаҳон хатари нобудӣ таҳдид мекунад.

Дар Осиёи Марказӣ оҳуи сайга, ки дар китобҳо ин зоти оҳу бо номи оҳуи муғулӣ ё тоторӣ низ ба чашм мехӯрад, бештар ба чунин хатар рӯ ба рӯ будааст. Солҳои ахир дар Осиёи Марказӣ шумораи навъи ғизол низ камтар шудааст. Бо назардошти чунин вазъ ҳоло дар Осиёи Марказӣ зистшиносон ҳар чӣ бештар дар бораи ин навъи оҳу ё бузи кӯҳӣ маълумот ҷамъоварӣ мекунанд, то роҳҳои ҳифзи навъҳои оҳуро пайдо кунанд.

Оҳуи сайга, яке аз навъҳои ғайримаъмулии ҳайвони бузургпистон дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин навъи оҳу дар ҷумҳурии Қалмиқияи Русия ва ҳамчунин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистону Ӯзбакистон ва дар Туркманистон ба чашм мехӯрад. Таҳқиқоти анҷомгирифта нишон медиҳад, ки шумораи ин навъи оҳуҳо дар 10 соли ахир 80 дарсад коҳиш ёфта, ҳоло ба 40 ҳазор сар расидааст.

Дэвид Мэллон, ҳамраиси гурӯҳи зистшиносон дар бахши оҳушиносии Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии ҳифзи табиат аст, ки ба омӯзиши навъҳои оҳу машғул аст. Ин пажӯҳишгоҳ дар саросари ҷаҳон садҳо гурӯҳи ҳифзи муҳити зистро сарпарастӣ мекунад. Дэвид Мэллон ба радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи шикор шумораи ин навъи оҳу коҳиш ёфтааст. Шикорчиҳо маъмулан ин навъи оҳуро барои гӯшт ва шохаш шикор мекунанд.

Як килограмм шохи оҳуи сайга дар Чин 100 доллар арзиш дорад ва чунин нарх таваҷҷуҳи шикорчиёни қочоқгарро ба худ ҷалб кардааст, то аз ин роҳ пул ба даст оранд. Бо назардошти чунин вазъ, дар соли 2002 Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии ҳифзи табиат дар Лондон ин навъи оҳуро ба феҳристи нодиртарин навъи ҳайвонот ворид кард. Шикори оҳу ва мудохила ба муҳити зист барои рушди иқтисод аз як сӯ ва таваҷҷӯҳи бештар ба навъҳои зироат аз сӯи дигар дар бисёре аз қисматҳои сайёра низ сабаби коҳиши шумораи оҳуи навъи сайга шудааст. Бино ба гузорише, ки гурӯҳи оҳушиносони Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии ҳифзи табиат ба чоп расонд, аз 91 навъи оҳу дар саросари ҷаҳон хатари нобудӣ ба 25 навъи он таҳдид мекунад. Вазъ дар кишварҳои осиёӣ бадтар аз ин аст.

Дэвид Мэллон мегӯяд, дар ин минтақа 75 дарсади навъҳои оҳу зери хатар қарор доранд. Навъи дигари оҳуҳо, ки бо номи ғизол машҳуранд, бештар дар Осиёи Марказӣ ба сар мебаранд. Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии ҳифзи табиат ин навъи оҳуро соли 2006 ба феҳристи ҳайвоноти нодир ворид кард. Ба чунин феҳрист ворид кардани ҳайвонот бад-ин маъност, ки шикори онҳо мамнӯъ дониста мешавад. Ба гуфтаи Мэллон, дар даҳсолаи ахир сеяки шумораи ин навъи оҳуҳо камтар шудааст:

"Дар Қазоқистон шумораи онҳо, ки дар гузашта хеле зиёд буд ва даҳҳо ҳазор сарро ташкил медод, ҳоло хеле кам шудааст. Ҳоло тақрибан 10 то 15 ҳазор сар боқӣ мондааст. Дар Туркманистон шумораи онҳо хеле ва хеле коҳиш ёфтааст. Дар Ӯзбакистон шумораи онҳо ҳамчунон кам аст ва 2 ҳазор ё 3 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Дар Қирғизистон ва Тоҷикистон шояд 100 сарӣ боқӣ монда бошад. Сабаб ин аст, ки ин ду кишвар тақрибан саросар кӯҳистонианд ва барои ғизол соҳаи зист хеле маҳдуд аст".

Оҳуи навъи ғизол дар Афғонистону Озарбойҷон ва Эрону Ироқ низ дида шудааст, вале дар Арманистону Гурҷистон ин навъи оҳу дар ҳоли нобудист. Оҳу ҳайвони нимабиёбонист ва дар фаслҳои гуногун дар ҷустуҷӯи обу чарогоҳ аз як минтақа ба минтақаи дигар муҳоҷират мекунад. Бо вуҷуди чунин таҳдидҳо ба навъҳои оҳу дар Осиёи Марказӣ, Дэвид Мэллон, ҳамраиси гурӯҳи оҳушиносии Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии ҳифзи табиат бовар дорад, ки дар ин минтақа навъҳoи оҳу аз байн нахоҳанд рафт.
XS
SM
MD
LG