Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истихроҷи тилло дар Қумтор қатъ нашудааст


Дар робита ба тафтиши коргоҳи "Қумтор Голд Компани" дар Бишкек аз сӯи мақомоти қудратӣ, истихроҷи тило дар ин кон қатъ нашудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии ширкат иттилоъ медиҳад.

Ширкат тасдиқ мекунад, ки созмони танзими соҳаи сармоягузории Канада (IIROC) дар робита ба қонунгузории ин кишвар ва қоидаҳои байналхалқии фурӯши коғазҳои қимматнок 29 апрели соли 2016 муваққатан фурӯши саҳмияҳои Centerra Gold Inc-ро манъ кард.

Хадамоти матбуоти ширкат хабар дод, ки айни ҳол фурӯши саҳмияҳо дубора сар шудааст.

28 апрели соли ҷорӣ кормандони Додситонии кулл, КДАМ, ВКД ва ниҳодҳои дигари қудратии Қирғизистон коргоҳи ширкати "Қумтор Голд Компани"-ро дар робита ба парвандаи ҷиноятии берун бурдани пул аз ин ширкат ҷустуҷӯ карданд.

Ба иттилои Додситонии кулл, як рӯз баъди ҷустуҷӯ ду корманди ширкат Қирғизистонро тарк кардаанд. Додситонӣ мегӯяд, агар ин кормандон барнагарданд, тибқи қонунгузорӣ нисбати онҳо чораандешӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG