Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори сӯхти Тоҷикистон. Нафти Эрон ба ҷои Русияву Қазоқистон?


Эрон нахустин корвони ҳомили сӯзишвории нафтиашро равонаи Тоҷикистон кардааст.

Бино ба иттилои хабаргузории "Меҳр"-и Эрон, ин кишвар дар оғози моҳи феврал аз полоишгоҳи нафти вилояти Хуросон беш аз 2 900 тонна сӯзишвории дизелиро аз роҳи Афғонистон ва бо комюнҳои нафткашон ба Тоҷикистон равон кардааст. Ин хабаргузори бо такя ба гуфтаи мақомдорони арсаи нафти Эрон навиштааст, ки Тоҷикистон бар иловаи Ироқу Афғонистон, севумин кишварест, ки Эрон ба он маводи сӯхт содирот кардааст.

Муҳаммад Меҳдии Қарайи, як масъули арсаи нафти Эрон гуфтааст, пас аз лағви таҳримҳо шароит барои содироти маводи сӯхти Эрон ба Тоҷикистон фароҳам шудааст ва ҳамакнун ин кишвар тариқи қаламрави Афғонистон барои нахустин бор ба Тоҷикистон маводи сӯхт ирсол кардааст. Ба таъкиди ин мақомдори Эрон, фиристодани ин корвони комюнҳои мавод сӯхт ба хотири кашфи бозори Тоҷикистон барои ширкатҳои нафтии Эрон аст.

Эрон дар гузашта борҳо гуфта буд, ки бозори Тоҷикистонро бо маводи сӯхт таъмин мекунад. Ҳанӯз соли 2011 Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури пешини Эрон гуфта буд, “Эрон омодааст кулли эҳтиёҷоти Тоҷикистонро бо нафт бароварда созад”. Аммо то ин замон таҳримҳои байналмилалӣ монеи ин барномаи Эрон шуданд.

Аммо Бегаҳмад Ёраҳмадов, роҳбари раёсати нафту гази Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 12 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз озими сафар шудани корвони ҳомили маводи сӯхти Эрон ба Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард.

Ин мақоми Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, “мо аз ин масъала хабар надорем. Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ аз Эрон ба Тоҷикистон 240 тонна маводи сӯхт ворид шудааст, ки ночиз аст ва ҳамон ҳам тарқи мошинҳое, ки аз он ҷо меоянд, ворид шудааст. Мо дар сатҳи Ҳукумат барои ворид кардани сӯзишворӣ танҳо бо Русия шартнома дорему тамом. Бо Эрон дар сатҳи ҳукумат дар ин масъала ягон шартнома нест.”

Эрон дар ҳоле мехоҳад дар Тоҷикистон ва эҳтимолан Осиёи Марказӣ ҷойгоҳ пайдо кунад, ки Русияву Қазоқистон аз бозингарони аслии ин бозор номбар мешаванд. Бар пояи як қарордод, Русия бояд то 1 миллион тонна маводи сӯхтро бидуни боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон фурӯшад. Ин рақам бо назардошти талаботи бозор метавонад камтар аз 1 миллион тонна бошад. Бар замми ин, ширкатҳои русӣ дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон пештозанд ва танҳо ширкати "Газпронефт" то 47 дарсади бозорро таҳти назорат доранд.

Дар ҳоле, ки нархи як бушка нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ чор маротиба поин омад, аммо қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон ҳамоно бетағйир аст. Иллати ин мушкилро мақомдорони тоҷик дар вобастагии кишвар ба маводи сӯхти Русия медонанд. Усмоналӣ Усмонзода, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти хабарии ҳафтаи гузашта ба хабарнигорон гуфта буд, ки нархи сӯзишворӣ дар худи Русия чандон поин наомдааст ва аз ин рӯ дар Тоҷикистон ҳам арзон шудани онро набояд интизор шуд.

Усмонзода ба суоли хабарнигрон, ки чаро кишвар аз Эрон ва ё дигар давлатҳои нафтхези ҳавзаи Халиҷи Форс маводи сӯхт ворид намекунад, гуфт, ки соҳибкорон ва ширкатҳои Тоҷикистон имкон доранд, аз ҳар кишваре, ки нафт дорад, сӯзишворӣ ворид кунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, аксарият ба сӯзишвории Русия бартарӣ медиҳанд, зеро тибқи шартнома, ин кишвар ба Тоҷикистон як қисмат сӯзишвориро бидуни боҷи гумуркӣ воридмекунад.

Зимнан, нархи сӯзишворӣ дар Эрон дар ин ҳамин шабу рӯз бинобар иттилои пойгоҳи globalpetrolprices.com 40 сентро ташкил медиҳад, ки аз нархи маводи сӯхт дар Русия 6 сент арзонтар аст. Бо назардошти нисбатан арзон будани нархи маводи сӯхти Эрон, ба эҳтимоли зиёд ин кишвар як рақиби ҷиддии Русия дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ Тоҷикистон солона ба беш аз 600 ҳазор тонна анвои маводи сухтӣ нафтӣ эҳтиёҷ дорад.

XS
SM
MD
LG