Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанги таҳримҳои Русия бо Ғарб ва инак бо Туркия чӣ фурсатҳоеро барои ҷои по ёфтани маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори Русия фароҳам меорад ва Душанбе то куҷо тавону имкони истифода аз ин фурсатҳоро дорад?

Эълони таҳримоти Русия алайҳи маҳсулоти кишоварзии Туркия, ба бовари бисёриҳо, метавонад барои Тоҷикистон имконоти бештаре дар амри пайдо кардани ҷои по дар бозори Русия фароҳам биорад. Мақомоти Русия низ дар чандин сӯҳбатҳои худ ба унвони як манбаи эҳтимолии ивазкунандаи маҳсулоти Туркия ба кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ишора мекунанд.

Вале як сол қабл вақте Русия дар посух ба таҳримҳои Ғарб, ки ба далели тасарруфи нимҷазираи Қрим ва ҳимоят аз ҷудоихоҳони Украина ба зидди Маскав ҷорӣ карданд, алайҳи маҳсулоти хӯрокаи кишварҳои ғарбӣ таҳрим ҷорӣ кард, низ дар ин бора зиёд сӯҳбат мешуд, ки ин ҷанги таҳримҳо барои кишварҳои бозорашон танге, чун Тоҷикистон, имкониятҳои наве муҳайё месозад ва Русия ночор ба кишварҳои таҳти нуфузаш дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон рӯ хоҳад овард.

Аммо мақомоти масъул ва деҳқонони тоҷик аз ин фурсатҳо дар ин як соли охир чигуна истифода карданд? Ва оё то куҷо барои пур кардани ҷои Туркия дар бозори Русия омодаанд дасту панҷа нарм кунанд?

Натиҷаҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ барои соли 2015 ҳанӯз пурра таҳия ва нашр нашудаанд, вале бар асоси маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар соли 2014 содирот афзоиш ёфтааст. Масалан:

- меваи хушк 98 200 тонна (зардолу, чаҳормағз, бодом, олуи хушк ва мавизу писта),

- ангур ва навъҳои дигари меваҳо 10 200 тонна,

- полезиҳо бештар аз 900 тонна,

- биринҷ 1 186 тонна

- сабзавот 78 300 тонна ба хориҷ содир шудааст, ки аксари он дар бозорҳои Русия ба фурӯш расидааст. Масалан, аз 98 200 тонна меваи хушк 54 ҳазор тоннааш ба Русия содир шудааст. Боқимонда ба Қазоқистону Покистон, кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва кишварҳои Шӯравии пешин тааллуқ мегирад.

Аббосхоҷа Яҳёхоҷаев - коршиноси умури кишоварзӣ, ки то ба ин авохир раҳбарияти раёсати Вазорати кишварзии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, мегӯяд, ки натиҷаҳои нимсолаи авали соли ҷорӣ аз болоравии содироти сабзавот гувоҳӣ медиҳад ва бештар аз 90 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба нимсолаи аввали соли гузаштаи 2014 15 ҳазор тонна зиёд аст. Ҷониби Тоҷикистон аз ҷумла бо дархости Русия пиёзи барвақтӣ кишт ва ба Русия содир кард. Аммо содироти меваи хушк тақрибан дар сатҳи нимсолаи аввали соли гузашта боқӣ монда, 37 247 тоннаро ташкил додааст, ки он аз ҳисоби захираҳои соли гузаштаи аҳолӣ мебошад.

Камбуди содироти меваи хушк шояд дар нимсолаи аввали соли 2016 эҳсос шавад, зеро соли 2015 бештар аз 45 ҳазор гектар боғу токзор, аз ҷумла зардорлузорҳо дар вилояти Суғд, ки содиркунандаи аслии меваи хушки Тоҷикистон ба шумор меравад, аз сармо зарар дид.

Аббосхоҷа Яҳёхоҷаев мегӯяд, ширкатҳои тоҷик баъд аз ин офат дар мавсими ҷамъоварии ҳосили соли ҷорӣ ба ноҳияҳои дигар, аз ҷумла то ба вилояти Бадахшон сафар карданд ва аз сокинони ин минтақаҳо зардолу ва меваҳои дигар ҷамъоварӣ намуданд, то қарордодҳои худро бо ширкатҳои Русия иҷро кунанд ва муштариёнро аз даст надиҳанд.

Бо вуҷуди афзоиши содироти фаровардаҳои кишоварзии Тоҷикистон ба Русия Мирсаид Саидов - намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, баъид ба назар мерасад, ки фаровардаҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бозори Русия ҷои Туркияро пур кунад.

Русия помидорро асосан аз Туркия ворид мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, ин кишвар аз як гектар гармхона ва ё мазраи кишти худ то 250 тонна помидор мегирад, зеро барои парвариши он аз таҷҳизоти пешрафта ва усули навин истифода мекунад. Вале дар Тоҷикистон аз як гектар то 150 тонна помидор мегиранд, ки бо Туркия қобили қиёс нест. Бо вуҷуди ин коршиносон ин имконро истисно намедонанд, ки агар тоҷирони туркӣ бозори Русияро тарк кунанд, дар он сурат тоҷирони тоҷик, ки дар фурӯши меваи хушк дар Русия дасти боло доранд, шояд мисли солҳои аввали фурӯпошии шӯравӣ дубора дар ин бахш бештар комёб шаванд.

Мирсаид Саидов мегӯяд, аз 30 ноябр то 2 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои иқтисодии Русияву Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин мулоқот дар ҳайати Русия раҳбарон ва ё муовинони раҳбарони 21 минтақа ширкат доштаанд. Масъалаи асосии ин ҳамоиш афзоиши содироти меваву сабзавоти Тоҷикистон ба Русия дар соли оянда будааст ва ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора барномаҳоеро бо Русия ҳамоҳанг мекунад.

Оқои Саидов мегӯяд: “Ба нақша гирифта шудааст ва ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки соли оянда тақрибан 30 дарсад содироти маҳсулоти кишоварзиро аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш диҳанд.”

Вале ҷониби Тоҷикистон барои иҷрои ин нақша акнун шарту шароити худро ба корхонадорону фармоишгарони Русия пешниҳод кардааст. Бояд аз моҳи январ фармоишгарон ба Тоҷикистон оянд ва миқдори дархостии воридоти меваҳои тару тоза ва меваи хушкро бо соҳибкорону кишоварзони тоҷик ҳамоҳанг кунанд. Илова бар ин, соли ҷорӣ Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар давоми моҳҳои январ-март, яъне то оғози корҳои кишоварзӣ нархи маҳсулотро ҷониби Русия пешпардохт кунад ва ё бо он пул дар ихтиёри Тоҷикистон маводи сӯхт гузорад, то дар ҷараёни кишт кишоварз ба мушкил рӯ ба рӯ нашавад.

Нарзулло Додобоев - коршиноси умури кишоварзӣ мегӯяд, соли 2016 заминҳои кишти сабзавот аз ҳисоби заминҳои пахта 30 дарсад афзоиш меёбад, то дархости ҷониби Русия бароварда шавад.

Вале Тоҷикистон барои нигаҳдории меваву сабзавот ҳанӯз ба андозаи кофӣ амборҳои муносиб надорад.

Ду сол пеш ҳукумати Тоҷикистон барномаи рушди кишоварзии Тоҷикистонро қабул кард. Дар ин барнома сохтмони сардхонаҳо ё амборҳои дорои таҷҳизоти муосир дар назар гирифта шуда буд. То ҳол дар ноҳияи Турсунзода ва Ҳисор ду амбори ҳар кадом бо ғунҷоиши 1000 тона сохта шудааст. Дар ноҳияи Ваҳдат чунин амбор ғунҷоиши 500 тоннаро дорад. Вале ин, албатта, кофӣ нест.

Барои хушк кардани мева ё таҳияи меваи хушк соҳибкорон ва аҳолӣ ҳамоно усули ба истилоҳ “бобоӣ”-ро ба кор мебаранд. Зардолу, олу, себ ва ё дигар меваҳоро ҳанӯз дар сари заминҳо ва ё рӯи бомҳо хушк мекунанд, ки ҳам вақти зиёдро мегирад ва ҳам гаҳ-гоҳе зери таъсири боду ҳаво сифати худро аз даст медиҳад, гарчӣ муштариён бештар меваҳои хушкеро меписанданд, ки ба таври табиӣ хушк шудаанд.

Бастабандии меваҳои хушк ва ё тару тоза дар Тоҷикистон ҳанӯз ҷой наафтодааст. Ин омил барои ҳифзи маҳсулот, нигаҳдории беҳдоштӣ ва ҳам барои бозоргир будани он нақш дорад. То андозае дар ноҳияҳои Исфара ва Ашт ин кор оғоз шудааст, вале он ҳам то ҳол ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ нест. Масалан, Туркия дар бастабандӣ аз таҷҳизоти пешрафта истифода мебарад ва на танҳо дар бозорҳои Русия, балки дар бозорҳои кишварҳои Аврупоӣ низ барои худ ҷой дуруст кардааст.

Ба эҳтимоли зиёд баъд аз таҳрими воридоти меваву сабзавоти Туркия ба Русия кишварҳои аврупоӣ воридоти онро аз Туркия афзоиш хоҳанд дод. Тоҷикистон низ бо ҷорӣ кардани таҷҳизоти замонавии нигаҳдорӣ ва бастабандии муносиб дар оянда метавонад фаровардаҳои кишоварзии худро на танҳо ба Русия, балки ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод кунад ва аз имконоти худ чун узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат баҳра барад. Вале дар шакли кунунӣ маҳсулоти Тоҷикистон ба ҷуз аз кишварҳои Шӯравии пешин дар бозорҳои дигари ҷаҳонӣ рақобатпазир нест ва аз он даромади кам ба даст меорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG