Пайвандҳои дастрасӣ

Танишҳои байни Русияву Туркия мояи нигаронии соҳибкороне шудааст, ки дар Русия аз ҳисоби маҳсулоти туркӣ даромад ба даст меоранд.

Тоҷирону соҳибкорони тоҷики муқими Русия баробар бо тоҷирони маҳаллӣ аз таҳаввулоти ахир дар равобити Маскаву Анкара баъди суқути ҳавопаймои Су-24-и русӣ аз ҷониби Туркия нигарон шудаанд. Маҳдудиятҳое, ки Русия барои вуруди молу коло аз Туркия тадриҷан ҷорӣ мекунад, дар тиҷорати соҳибкорони тоҷик, ки фаъолияташон дар Русия бо маҳсулоти он кишвар вобаста аст, низ таъсир гузоштааст.

Аз ҳоло тоҷирон дар бораи коҳиши ҳаҷми вуруди меваву сабзаҷот хабар медиҳанд. Насиба Ҳабибова, як соҳибкори тоҷик, ки ҳамроҳ бо ҳамсараш ширкати таъминкунандаи меваву сабзаҷотро дар шарҳи Маскав мечархонад, мегӯяд, назар ба ду-се ҳафтаи пеш, ҳоло қимати меваву сабзаҷот, ки онҳо аз як амбори туркӣ – ҳамкори чандинсолаи худ харидорӣ мекунанд, аз 30 то 50 дар сад афзудааст.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Насиба Ҳабибова гуфт, ширкати онҳо ҳар рӯз дар ҳаҷми аз 500 кг то 1,5 тонна помидор, бодиринг, анҷир, қаламфури булғор, лимӯ ва дигар маҳсулотро аз маркази умдафурӯшии «Фуд-Сити» харида, дар 80 супермаркети калони «Азбука вкуса» тақсим мекунанд. Баъди сардӣ дар муносибати Русияву Туркия ва болоравии нархҳо, ҳаҷми маҳсулоти амборҳои туркии ҳамшарики онҳо кам шуда, нархҳо боло рафтанд ва онҳо басахтӣ молро бо қимати нав ба фурӯшгоҳ мерасонанд.

Идораи Росселхознадзор, ки аз ҷониби Кремл ба ҳайси дастгоҳи муҷозоткунандаи маҳсулоти ғизо истифода мешавад, вуруди гӯшти мурғро аз Туркия манъ кард. Аз 1 декабр аз 12 ширкати умдаи воридкунандаи гӯшт, шаштоаш аз чунин ҳақ маҳрум шуданд. Пешгӯӣ мешавад, ки маҳдудияти вуруди маҳсулот метавонад болои дигар бахшҳои асосии содироти моли туркӣ ба Русия, мисли меваи хушку чормағз, меваву сабзаҷоти тар, маҳсулоти сохтмонӣ ва либосу нақлиёт ҳам ҷорӣ шавад. То соли 2014 мизони табодули молу коло миёни Русияву Туркия 40 дар сад боло рафта, то 31 миллиард долларро ташкил додааст. Айни замон, ҳаҷми моле, ки Русия ба Туркия ворид мекунад, бештар буда, 24,8 миллиард доллар дар муқобили 6,6 миллиард доллар ҳаҷми маҳсулоти воридотии Туркия ба Русияро ташкил медиҳад. Роберт Новак, таҳлилгари MFX Capital дар сӯҳбат бо нашрияи «Взгляд» гуфтааст, ки ки дар сурати тамдиди эмбаргои моли туркӣ ба Русия, Туркия дар як сол аз 2 миллиард доллар даромад маҳрум мешавад.

«Дар супермаркетҳо аз болоравии қимати маҳсулот шадидан норозӣ ҳастанд ва мо ҳар дафъа бояд ба онҳо фаҳмонем, ки ин ҷо гуноҳи мо нест, масъала дар якбора боло рафтани нарх аст», гуфт ӯ. Ҳанӯз ширкати ин соҳибкор дар робита бо фаъолияти ояндаи худ тасмиме нагирифтааст, вале дар сурати ташдидёбии вазъ ва ҷоришавии эмбарго, онҳо бояд самти ҳамкориро дигар карда, бо кишварҳои дигар ҳамкорӣ барқарор кунанд.

Соҳибкорони тоҷик дар Русия асосан дар чанд самт - тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ, либос, масолеҳи сохтмон ва пойафзол – аз ҳисоби фаровардаҳои Туркия даромад ба даст меоварданд. Таҳримоти Русия ба ҳамаи ин соҳаҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад ва садҳо соҳибкори тоҷикро ба истилоҳи маъруф, аз ними нонаш маҳрум мекунад.

Як бахши аъзами соҳибкорони тоҷик, ки дар Русия бо маҳсулоти туркӣ кор мекунанд, бештар ба тиҷорати меваи хушк тамаркуз кардаанд. Ин навъи маҳсулот 12,4 дарсад (813 миллион доллар дар соли 2014)-и кулли маҳсулоти воридшуда аз Туркия ба Русияро ташкил медиҳад ва тоҷирони тоҷик ба ҳайси ширкатҳои миёнарав маҳсулоти тайёр ва коркардшудаи туркиро ба бозор ворид мекунанд.

Ғуфрон Ваҳҳобов, як таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар Русия мегӯяд, ки дар миёни соҳибкорон як фазои нофаҳмӣ эҷод шудааст ва

Ғуфрон Ваҳҳобов

Ғуфрон Ваҳҳобов

ҳанӯз бисёриҳо намедонанд, ки кори худро дар кадом самт идома медиҳанд. Ӯ мегӯяд, масъалае, ки бисёр тоҷирони тоҷикро нигарон кардааст, ин аст ки мақомоти Русия меваи хушки аллакай дар амборҳои ин кишвар захирашударо эмбарго накунанд. Феълан чунин маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва табиист, ки бисёри тоҷирон мехоҳанд пеш аз содир шудани ҳама гуна муқаррароти нав, моли худро бифурӯшанд. Тоҷирон мегӯянд, дар сурати ташдидёбии муқаррарот, бояд дар фикри иваз кардани кишвари воридотӣ шаванд.

Айни замон, ба гуфтаи ин коршинос, тоҷирони тоҷик ва ҳам истеҳсолкунандагони меваи хушк дар Тоҷикистон аз шароити эҷодшуда метавонанд барои худ манфиат бардоранд ва ҳаҷми содироти меваи хушки ватаниро ба Русия афзоиш диҳанд.

Ин нуктаро Насриддин Неъматов, раиси ширкати «Баракат-Исфара» дар Маскав ҳам тасдиқ кард. Вай гуфт, соли 2013 ҳаҷми воридоти

мустақими омехтаи меваҳои хушк аз Тоҷикистон ба Русия (на аз роҳи кишварҳои сеюм) тахминан 35 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 15 ҳазор тоннааш зардолуи хушк будааст. Дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудият болои воридоти меваи хушк аз Туркия, ҳаҷми ин маҳсулот аз Тоҷикистон метавонад афзоиш ёбад. Ба гуфтаи Неъматов, соли ҷорӣ бо сабаби хушксолӣ ҳаҷми воридоти зардолуи хушк аз Тоҷикистон танҳо 3 дар сад аз ҳаҷми умумиро ташкил дод. Вале дар оянда, ба гуфтаи Неъматов, дар сурати идомаи маҳдудиятҳо дар вуруди меваи хушк аз Туркия, Тоҷикистон шонс дорад, ки ин нишондодҳоро беҳтар кунад.

«Ҳанӯз 15-16 сол пеш бозори умдаи фурӯши меваи хушк дар Русия дар дасти тоҷикҳо буд, - гуфт ин соҳибкор. – Он вақт Туркия ба бозори Русия бо демпинг ё нархи поин ворид шуд. Корхонаҳои асосии коркарди меваи хушк дар Русия ба дасти туркҳо гузашт. Ва ҳоло шароите пеш омадааст, ки тоҷикҳо метавонанд дубора ба ин бозор на бо маҳсулоти хом, балки аллакай коркардшуда баргарданд. Дар ин сурат барои корхонаҳои коркарди меваи хушки дохили Тоҷикистон шароити беҳтари кор фароҳам меояд.»

Як таҳлилгари рус мегӯяд, дар сурати тавсеаи маҳсулоти туркии мавриди эмбарго, зарбаи асосӣ ё камбуд бештар дар меваи хушки истеҳсоли Туркия эҳсос хоҳад шуд, вале таҷриба нишон медиҳад, ки алтернативаи ин маҳсулот ҳам базудӣ пайдо мешавад. Ҳамасола даҳҳо ҳазор тонна меваи хушк ба Русия аз Аврупо, Чин, ИМА, Аргентина, Чили ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ворид мешавад.

Моҷарои ахири Русия ва Туркия, ки аз як ҳодисаи сиёсӣ зуд ба тадбирҳои иқтисодиву ғизоӣ бадал шуд, беназир нест. Айнан бо чунин

шева Маскав соли 2006 бо Тифлис даъво ва вуруди маю машруботро аз ин кишвар манъ кард. Муносибатҳои Маскаву Тифлис танҳо бо сари кор омадани ҳукумати нав нармтар шуд ва баъди 5-6 сол маҳдудиятҳо тадриҷан бардошта шуданд. Моҳи маи соли 2010 Русия бо баҳонаи пешгирии сирояти фалаҷи атфол, воридоти меваи хушкро аз Тоҷикистон ба Русия манъ кард. Он вақт сабаби аслии эмбарго, ки чанд моҳ идома кард, ҳукми 8 соли зиндони халабони руси ширкати ҳавоии «Ролкан ЛТД» буд, ки ҳамроҳ бо ҳамкори дигараш дар қочоқи қисмҳои эҳтиётӣ гунаҳгор дониста шуд.

Аммо Русия дар ҳоле алайҳи маҳсулоти Туркия таҳримот ҷорӣ мекунад, ки соле пеш дар пайи эълони эмбаргои ҷавобӣ ба таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ маҳсулоти кишоварзии Туркияро як алтернативаи муҳим барои пӯшондани бозораш ба ҷои маҳсулоти кишварҳои ғарбии таҳримшуда арзёбӣ мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG