Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Обама ба оштӣ байни Русияву Туркия


Путин ва Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ

Путин ва Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ

Туркия Русияро айбдор кард, ки мехоҳад нақзи ҳарими ҳавоии ин кишварро бо даъвоҳои “беасос” дар бораи гӯё аз “Давлати исломӣ” нафт харидани Туркия рӯпӯш кунад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 1 декабр аз Туркияву Русия даъват кард, танишҳои бархоста бар сари қазияи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия дар марзи Туркия бо Сурияро оддӣ созанд. Обама, ки дар пайи мулоқоташ бо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ҳошияи анҷумани ҷаҳонии муҳити зист дар Порис сӯҳбат кард, гуфт, "Амрико аз ҳаққи Туркия барои дифоъ аз худаш пуштибонӣ мекунад." Вале ӯ афзуд, созмони тундрави "Давлати исломӣ" душманест, ки тамоми ҷонибҳо бояд рӯи он тамаркуз кунанд.

Қаблан сарвазири Туркия Аҳмад Довудуғлу Русияро айбдор кард, ки талош дорад, то нақзи ҳарими ҳавоии Туркияро бо даъвоҳои, ба таъбири ӯ, “беасос” дар бораи гӯё аз ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия нафт харидани Анкара “рӯпӯш” кунад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан иддао кард, ки Туркия ҳавопаймои СУ-24-и артиши Русияро бо ҳадафи ҳимоят аз манфиатҳояш аз тиҷорати нафт суқут додааст.

Довудуғлу бори дигар аз Русия хост, то каналҳои дипломативу низомиро барои муколама боз нигоҳ бидорад. Ӯ гуфт, Русия бӯҳрони Сурияро ба “бӯҳрони байни Русияву Туркия” табдил дода истодааст.

Ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия рӯзи 24 ноябр дар марз бо Сурия як ҳавопаймои ҷангии Русияро, ки дар амалиёти низомӣ дар Сурия ширкат дошт, суқут доданд. Дар натиҷа як халабони ҳавопаймо ҳангоми фуруд омадан дар қаламрави Сурия аз тири чирикиҳо кушта шуд. Анкара ҷасади ин халабонро рӯзи 30 ноябр ба Русия фиристод.

Туркия мегӯяд, ҳавопаймои Русияро баъди ҳушдорҳои батакрор дар бораи поймол кардани ҳарими ҳавоии Туркия задаанд. Русия исрор меварзад, ки ҳавопаймояш дар ҳарими ҳавоии Сурия парвоз мекард.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико рӯзи 30 ноябр гуфт, далелҳо нишон медиҳанд, ки ҳавопаймои Русия ҳарими ҳавоии Туркияро поймол кардааст.

Қаблан сафири Амрико дар НАТО Дуглас Лют ҳам гуфт, “маълумоти доштаи Амрико фарзияи Туркияро тақвият медиҳанд. Ҳавопаймо дар қаламрави Туркия буд. Онро батаркрор ҳушдор доданд ва ин нахустин мавриди ба ҳарими ҳавоии Туркия ворид шудани ҳавопаймои ҷангии Русия нест.”

Ӯ нақзи ҳарими ҳавоии Туркия аз сӯи ҳавопаймои Русияро “хеле хатарнок, нозарур ва бемасъулиятона” номид.

Аммо Владимир Путин рӯзи 30 ноябр дар ҳошияи анҷумани ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар Пориси Фаронса Туркияро айбдор кард, ки ҳавопаймои Русияро ба хотири ҳимоят аз тиҷорати пурфоидаи нафташ бо ҷангиёни “Давлати исломӣ” суқут додааст. Ин изҳорот аломати идомаи хашми Маскав аз қазияи суқути ҳавопаймояш дар марзи Туркия бо Сурия талақӣ мешавад.

Путин гуфт, “мо тамоми далелро дорем, ки фикр кунем, ки ҳавопаймои мо бар асари қасди ҳимоят аз хутути интиқоли нафт ба қаламрави Туркия суқут дода шуд.”

Аммо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон чунин даъвоҳоро, ки қаблан ҳам аз сӯи мақомоти Русия садо дода буд, “тӯҳмат” номид. Эрдуғон дар шарҳи сӯҳбатҳои Путин изҳор дошт, ки агар иддаои харидории нафти «Давлати исломӣ» аз сӯйи Туркия тасдиқ шавад, ӯ омода аст ба истеъфо равад.

Ҷангиёни “Давлати исломӣ”, ки дар сарзаминҳои ишғолкардаашон дар Сурияву Ироқ меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ кардаанд, мехоҳанд барои таъмини молии ба ном “хилофат”-ашон аз роҳҳои гуногун пул ба даст биоранд. Мақомоти Амрико мегӯянд, қочоқи нафт муддати тӯлоние як манбаи бузурги таъмини молии ин ҷангиён буд, вале ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Амрико болои корхонаҳои тасфияи нафт, танкерҳо ва дигар зербинои саноати нафт ин манбаи даромади “Давлати исломӣ”-ро хеле заиф кардааст.

Бо вуҷуди лаҳни нисбаташ оштиомези сӯҳбатҳои ахири Эрдуғон зоҳиран на Маскав ва на Анкара аз мавқеъҳои худ дар қиболи бӯҳрони ҳавопаймо ақиб нишастанӣ нестанд. Русия аз Анкара мехоҳад, то барои суқути ҳавопаймояш узр бихоҳад. Аммо раҳбарони Туркия мегӯянд, дар қазияе, ки ҳақ ба ҷониби онҳост, узр нахоҳанд пурсид.

Русия дар вокуниш ба саркашии Туркия аз узрхоҳӣ дар поёни моҳи ноябр алайҳи он кишвар як силсила таҳримоти дипломативу иқтисодӣ ҷорӣ кард. Аз ҷумла воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Туркияро маҳдуд ва истихдоми шаҳрвандони Туркия барои кор дар корхонаҳои Русияро аз соли нав манъ кард. Аз 1 январ ҳамин тавр, Русия ҳаққи сафари бидуни раводидро барои шаҳрвандони Туркия манъ мекунад.

Бино ба хабарҳо, раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар ҳошияи анҷумани муҳити зист дар Порис дархост дода буд. Вале Путин ба далели сарпечии Туркия аз узрхоҳӣ аз дидор бо Эрдуғон сар кашидааст.

Эрдуғон рӯзи 30 ноябр дар Порис гуфт, бо ин вуҷуд ҳукуматаш дар амри посух ба таҳримҳои Русия ба «эҳсосот» дода намешавад. Вай гуфт: "Ҳатто агар як порчаи риштаи иртиботӣ боқӣ монад ҳам, мо хостори қатъи тамоми равобит нестем."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG