Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз лағви таҳримҳои Эрон чӣ нафъ хоҳад гирифт?


Як мақоми Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, ки Душанбе барои кайк пӯстинро намесӯзонад ва ҳоло аз лағви таҳримҳои Эрон аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо истиқбол мекунад.

Хабари лағви таҳримҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо, ки дар иртибот бо барномаи ҳастаии Эрон ҷорӣ шуда буданд, сокинони Теҳронро хушҳол кардааст. Раиси ҷумҳури он кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ низ лағви таҳримҳоро пирӯзии кишвараш номида, афзуд, ки ин кор имкон медиҳад, вобастагии Эрон ба содироти маводи сӯхт коҳиш ёбад.

Ба ҳар ҳол, таҳримҳо ва маҳдудияти тиҷорат бо тахминан 200 ширкат ва афроди алоҳидаи эронӣ побарҷо боқӣ мемонад. Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки 11 ширкат ва афроди алоҳида, ки дар барномаи мушакии Эрон саҳм доранд, таҳрим хоҳанд шуд.

Рӯзи шанбе Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ иттилоъ дод, ки Эрон тамоми тақозоҳои ин созмонро иҷро кардааст. Ҳадаф аз тақозоҳо кафолати он буд, ки барномаи ҳастаии Эрон ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст назанад.

Баъд аз ин эълон раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама фармони лағви таҳрими Эронро имзо кард ва гуфт: “Имрӯз рӯзи хуб аст. Иқдомҳои Эрон тафтишу тасдиқ шуданд ва ин ҷумҳурӣ метавонад аз таҳримҳои марбут бо барномаи ҳастаӣ раҳо гашта, ба пулҳои дар бонкҳои ғарбӣ мунҷамидшудааш дастрасӣ пайдо кунад. Ва эҳтимол аз ҳам муҳим ин аст, ки мо тавассути дипломатия пешрафт ҳосил карда, аз як ҷанги дигар дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ кардем.”

Ибтидои моҳи равон ҷанҷоли дипломатии Эрон бо Арабистони Саудӣ боис шуд, ки ду кишвар сафоратҳояшонро баста, равобит бо якдигарро қатъ кунанд. Баъзе шореҳон хавф доранд, ки лағви таҳрими Эрон вазъи минтақаро боз ҳам печидатар хоҳад кард, зеро Эрон сармояҳои раҳошудаашро барои рушди иқтисод ва тағйири мувозинати феълии пайравони мазҳабҳои шиа ва суннӣ дар Ховари Миёна истифода хоҳад бурд.

Рӯзи якшанбе баъди эълони лағви таҳримҳои Эрон нархи саҳмияҳо дар бозорҳои авроқи гаронбаҳои Арабистони Саудӣ ва Имороти Мутаҳидаи Араб то 6 дар сад поин шуд.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, эҳтимоли афзоиши содироти нафти Эрон сармоягузоронро нигарон кардааст, зеро маводи сӯхти иловагӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ боиси боз ҳам поинтар шудани нархи нафт хоҳад шуд.

Моҳи гузашта пас аз иштироки раиси ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар як конфронси байналмилалӣ дар Теҳрон Тоҷикистон сафири Эрон дар Душанберо фаро хонда, ба ӯ дар робита ба ҳузури Кабирӣ дар ин ҳамоиш нота ё худ ёддошт супурд.

Муовини раиси маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, лағви таҳримҳои Эрон аз ҷониби Тоҷикистон ба хушӣ пазируфта хоҳад шуд ва равобити Душанбе ва Теҳрон гузаштаи тӯлонӣ доранд, ки як ҳодиса онро хадшадор нахоҳад кард: “Тавре тоҷикон мегӯянд, мо барои кайк пӯстинро намесӯзонем. Мо ҳатман равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худро давом хоҳем дод. Мо аз он коре, ки ба ақидаи мо нодуруст шуда буд ва шояд нодуруст фаҳмида шуда буд, эрод гирифтем.”

Ҷумҳурии исломии Эрон яке аз кафилони сулҳи миёни тоҷикон буда, сарфи назар аз таҳримҳо дар чандин лоиҳаи стратегӣ аз қабили бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда-2”, сохтмони туннели “Истиқлол” ва барномаҳои дигари иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон саҳм гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG