Иқтисодиёт

11 миллион кВт/соат барқи тоҷик куҷо меравад?

12.02.2008

Дар ҳоле, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон далели аслии буҳрони энержӣ дар ин ҷумҳуриро сармои шадид ва масрафи зиёди неруи барқ аз сӯи мардум хондаанд, коршиноси бахши энержӣ Ғуломиддин Сайфиддинов гуфт, ба далели ҳирфаӣ набудани кадрҳо дар ширкати «Барқи тоҷик» теъдоди зиёди барқ барҳадар талаф мешавад, ва ё бо роҳҳои ғайриқонунӣ фурухта мешавад.

Ба гуфтаи оқои Сайфиддинов, барқи аз неругоҳҳои обии дар Тоҷикистон тавлишуда дар фасли зимистон низ ба мардум ва корхонаҳо кифоят мекунад.  Ба қавли ӯ, дар ҳоли ҳозир ронанда ва геолог раёсати идораҳои фуруши «Барқи тоҷик»-ро бар уҳда доранд.

Вале Рашид Гулов, намояндаи ширкати «Барқи тоҷик», ин иддаоҳоро рад кард. Аммо ба ин суол, ки 11 миллион киловатт соат неруи барқ дар шабонарӯз ба куҷо меравад, посух надод. Рашид Гулов дар гуфтугу бо радиои Озодӣ гуфт, неругоҳҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз дар ҳоли ҳозир аз 30 то 32 миллион киловатт соат неруи барқ тавлид мекунанд. Ва ҳамарӯза аз Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон 7 миллиён киловатт соати дигар неруи барқ ворид мешавад, ки дар ҷамъ 37 миллион киловат соатро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Гулов, аз ин миқдор наздик ба 16 миллион киловатт соат неруи барқ ба корхонаи алюминиюми тоҷик – «ТАЛКО» дода мешавад. 5 миллион киловатт соат шаҳри Душанбе, 4 миллион киловатт соат – вилоёти Суғд ва Хатлон ва 1 миллион киловатт соат – навоҳии тобеъи марказ масраф мекунанд, ки дар ҷамъ 26 миллион киловатт соатро ташкил медиҳад.

Пас суоле матраҳ аст, ки 11 миллион киловатт соат неруи барқи боқимонда ба куҷо меравад? Оқои Гулов қочоқи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷро рад кард ва ба ин миқдор барҳадар рафтани неруи барқро ғайримумкин хонд. Вале аз посухи дақиқ ба ин суол худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Пулод Муҳиддионв, муовини вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ имкони қочоқи беш аз 3 дарсади неруи барқро рад накарда буд.  

Ҳамзамон Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди иқтисод, далели аслии буҳрони энержӣ Дар Тоҷикистонро ба адами ҳамоҳангӣ дар миёни вазорати энержӣ ва саноат ва ширкати «Барқи тоҷик» марбут медонад.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистонро зарур аст дар барномаҳои дурнамои иқтисодӣ ва энержӣ таҷдиди назар кунад.Ба эътиқоди вай, вазоратхонаҳои Тоҷикистон ба Академияи улум ва марокизи пажуҳишии илмӣ робита надоранд ва пешинҳодҳои донишмандон ва технологияи ҷадид дар истеҳсолот ворид намешавад.

Вай мутмаин аст, ки дар сурати тавсеаи истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон ва истифода аз натоиҷи пажуҳишҳои илмӣ дар мавриди истифода аз захоири табиии энержӣ, аз ҷумла неруи офтоб, бод ва ҳарорати гармчашмаҳо, метавон буҳрони энержиро паси сар кард. Ва ҳамчунин ба кишварҳои хориҷӣ неруи барқро ворид кард.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 10)
Ном: Бобочон аз: Исфара
19.02.2008 10:20

Наход, ки надонед кучо меравад?!
Албатта ба хорич аз Точикистон. Масала, ба Узбакистон, Киргизистон, Афгонистон... Як-ду сол баъд ба Покистону Хитой. Ва албатта пулаш ба кисаи хукуматдорони Точикистон!!! Халки точик бошад чун хамеша токат мекунад...


Ном: Шамс аз: Душанбе
18.02.2008 11:24

Чавоб ба Замониддин: Ватани точикон имруз ба дасти як хукуматдороне (Хукумати шахси) афтидааст, ки онхо манфиати шахсии худро аз манфиатхои чамъияти баланд нигох медоранд. Шумо мегуед хамаш нагз мешавад? аммо ин нагзи кай мешуда бошад?


Ном: Garib аз: Torikiston
18.02.2008 10:34

Ei hamvatanon millati man khor shudast
Aibi digaron ba gardanash bor shudast

Dar solhoi 90 hoi voi mekardem ki mo gulomi Russiya hastem
Ammo gulomiro dar asri 21 didem ham dar Russya gulom hastem ham dar vatani khudamon
Yo Alloh mada deh ki millati tojik dar arsai nobudshavid bo im amironi magnititabor


Ном: Замониддин аз: Ватан ин хукумат нест
17.02.2008 13:11

Эй мардум, аз ватани худ безор нашавед, зеро ватан ин хукумати имруза нест! вай хеч гунох надорад...
Фарки ватану хукумату сиёсатро донед!
Худо хохад хамааш нагз мешавад


Ном: Сиёвуш
15.02.2008 12:16

Дар таърихи хазорсолаи миллати бечораи точик пас аз солхои чингизи зимистони соли 2007-08 бо хати сиёх навищта шуд.Ин айби дипломатхои лухтаки,айби иктисодчихои лабайгу,айби баркихои чалласавод аст,ки калонхои як мамлакат ба онхо бовар мекунанд.Аз соли нав ба командаи бехунархо боз чанд муовини сарвазиру вазир илова шуданд.Ягона умед ба рахми худо аст.


Ном: Mixa
14.02.2008 04:45

Ashkhose misli barodar Safarali hastand ki mo tojikon imruz in qadr badbakh hastem.


Ном: Гурез
14.02.2008 00:50

Факат як кори аз Ватан гурехтан мондааст. Ватан он чое бошад ,ки озораш набошад!!!!!!!!


Ном: Сафарали аз: Нуробод
13.02.2008 15:47

Барко кушанд, куштан гиранд - худамонро накушанд шуд.


Ном: Kulobjon
13.02.2008 12:12

swet hast ges kor kardestast pas kujo merawad in qochoq meshawad wa kissahoi bariqi tojik pur az dollar shudestay 220 tifle murd murdan girad millat hamash bimirad wale dolarjon dar kisa boshad wa surathisobhoi bonki dar khorija pur boshad wa prasent kor kunad wa har ruz moshini naw khardan girem inast shiori masulin.Az jonibi oli khohish meshawad ki in masulonro na faqat az kor bekor kunad balki dar barobari millat onhoro muhokima kunad wa onhoro dar pushti panjara nigoh kunad wa pulhoi duzdigiyashonro ba sagheara khonaho wa shifokhonaho taqsim kunad.


Ном: аждахор аз: рудаки
12.02.2008 22:19

бародарони халки точик барки точикистон дар хонаи рашид гулов шумо аз худо наметарсед

Шарҳҳо 1-10 (of 10)
Ҳаҷми матн