Якшанбе, Сентябр 21, 2014

Манотиқи нашаротӣ: / Чашмандоз

"Идораи ҳукумати маҳалҳо дар дасти як авлод аст"

Саид Раҳмон, хабарнигори тоҷик, дар бораи хешутабории раҳбарони ҳукумати навоҳии вилояти Хатлон таҳқиқоте анҷом додааст.

Саид Раҳмон, хабарнигори тоҷикСаид Раҳмон, хабарнигори тоҷик
x
Саид Раҳмон, хабарнигори тоҷик
Саид Раҳмон, хабарнигори тоҷик

Чандрасонаӣ

Садо
Саид Раҳмон, рӯзноманигори собиқадори тоҷик, дар бораи пайвандҳои хешутабории раҳбарони ҳукуматҳои маҳал дар вилояти Хатлон таҳқиқоте анҷом дода, ба ин натиҷа расидааст, ки "идораи аксар ҳукуматҳо дар дасти як хонавода ва хешовандони наздики онҳост." Ҷаноби Раҳмон мегӯяд, ин мавзӯъ тӯли тақрибан шаш моҳ таҳқиқ намудааст.

Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳангоми вохӯриҳои раиси вилояти Хатлон, Ғайбулло Афзалов дар бархе аз шаҳру навоҳии минтақа мушоҳида кардааст, ки раиси вилоят ба ҷои ҳимоя аз сокинони оддӣ раисони навоҳиро пуштибонӣ мекунад. Барои мисол, гуфт ӯ, Шамси Зариф, як сокини ноҳияи Восеъ, аз Султон Валиев, раиси ин ноҳия интиқод кардааст, ки ба далели маъюб будану хешутаборбозияш наметавонад раҳбари ҳукумат бошад. Вале ҳам раиси ноҳия ва ҳам раиси вилоят ӯро ноҳақ шумурданд.  

"Ман дар ҳамин маврид таҳқиқ кардам, ки ӯ ҳақ аст ва воқеан, беш аз даҳ сол Султон Валиев нафақа гирифтааст ва чор сол ӯ ҳамчун маъюбӣ гурӯҳи дуюм нафақа гирифтааст, ки мувофиқи қонун дар бораи "хизматчии давлатӣ" ҳаққи кор кардан дар ниҳодҳои давлатиро надорад. Лекин ӯ дар ин муддат муовини вазири кишоварзӣ, раиси ноҳияи Ховалингу Восеъ кор кардааст",-мегӯяд рӯзноманигор Саид Раҳмон.

Ғайбулло АфзаловҒайбулло Афзалов
x
Ғайбулло Афзалов
Ғайбулло Афзалов
Ин рӯзноманигор мегӯяд, ҳангоми дастрас кардани иттиллоъ ва сӯҳбат бо шоҳидон фаҳмидааст, ки Султон Валиев бо раиси вилоят Ғайбулло Афзалов пайванди хешутаборӣ дорад. Аз ин рӯ, худаш дар ноҳияи Восеъ ва бародарзодааш Қодир Валиев дар ноҳияи Ховалинг вазифаи раисиро ба ӯҳда доранд ва дар бештари маврид ба арзи сокинон намерасанд. 

Саид Раҳмон илова кард, "дар ин ду ноҳия вақте бо шоҳидон ва ҳуҷҷатҳо шинос шудам, дар ҷамоатҳо, тақрибан аксари Идораҳои зертобеъ хешутабори ҳам кор мекунанд. Масалан, дар Идораи Ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб сардори он Қурбонов, ки то чанд моҳ маълумоти нафақаи Валиевро пинҳон мекард, кор мекунад, ки хеши наздики Валиев ҳаст ва хоҳари калони ин шахс раисии яке аз ҷамоатҳои ноҳияро ба ӯҳда дорад. Ҳангоми таҳқиқ ба ман фишор оварданд ва баъд фаҳмидам, ки дар мақомоти интизомии маҳаллӣ, бонкҳо, андоз ва ҳамаи ҷо ба истилоҳ "одами худӣ" доранд."

Ин хешутаборбозӣ дар маҳал ба он оварда расонидааст, ки ба гуфтаи Саид Раҳмон касе ба доди сокинони оддӣ намерасад. Аммо ин хабарнигори собиқадор мегӯяд, ин таҳқиқ, ки дар чаҳорчӯби қонун ва бо далелҳои зиёд нигошта шуда буд, ягон нашрияи давлатӣ ва хусусӣ нашр накард. Яке аз кормандони нашрияҳои хусусӣ, ки нахост номашро сабт кунем, гуфт, воқеан, чунин мақолае ба дасти онҳо расида буд, вале аз сабаби баҳсбарангез будан, онро ба дасти чоп насупурдаанд.

Султон ВалиевСултон Валиев
x
Султон Валиев
Султон Валиев
Мусоҳиби мо гуфт, "дар ҳақиқат далелҳо зиёд буд, аммо ин нукта ҳам ҷой дошт, ки шояд пас аз нашри он судбозӣ шавад. Далелҳо рост буданд ё дурӯғ, инаш кори муаллиф аст, вале пеш аз ҳама сари нашрия дар бало мемонад."

Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ, ки аз ин таҳқиқ огоҳ буд, дар охирин нишасти матбуотиаш гуфт, воқеан, ӯ аз соли 2001-ум то 2011-ум нафақаи маъюбӣ мегирифт, вале ҳоло бинобар солим шуданаш аз гирифтани он даст кашидааст. Аммо ӯ ба дигар ҳарфҳои рӯзноманигор дар ин нишаст розӣ нашуд ва гуфтаҳои рӯзноманигорро ғаразе беш донист.

Дар ҳамин ҳол, Саид Раҳмон ба ин назар аст, ки Идораи ҳукумат дар маҳалҳо аз ҷониби хешу таборон бар пояи давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ хоҳад зад.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 
Ном: Хакпараст аз: Душанбе
25.09.2012 20:00
Об аз боло лой аст. Афзалов аз Эмомали Рахмон омухтааст хешутаборпарастиро ва махалгароиро. Ба хукумати Точикистон ва дигар ниходхои давлати як нигох кардан кофист.
Дар посух

Ном: muboriz аз: zamini boboi
26.09.2012 09:19
akai Said Rahmon, xudro in qadar asabi nakuned. charo ki, hamai in odamonro JO xud ba in vazifaho ta'in mekunad, va "delo''-i onhoro boshad dastgohi prezident ba u peshnihod mekunad. shumo fikr mekuned ki odamro ''prosto tak'' dar in vazifaho memonand? onho hamai in odamonro naghz meshinosand, va mahz az rui kriteriyai xeshutabor budanu geografiyaashon ba mansabro ta'in meshavand!!!!! Baroi xalki tojik dar tahammuli in musibat ta'ziya va sabri jamol mexoham!!
Дар посух

Ном: Беном
26.09.2012 10:08
дуруст гуфти - ин журналист хобай е бедор...
тамоми давлат кайхо ба дасти як -ду оила галтида мондаги
Дар посух

Ном: Кулоби аз: Кулоб
26.09.2012 10:46
Э мардум мо хама Точикем бо якдигар хешем баъд ки кор куна. Султон Валиев раиси зур аст, пуштибони мардуми бечора хаст. Касе аз Восе гузарад обхои назди рохро бинад. Мана обиди.
Дар посух

Ном: тохир аз: восе
27.09.2012 09:08
мебахши бародар вай обхоро на вали баровада аст балки Авазхон баровадааст
Дар посух

Ном: Саид Рахмон
27.09.2012 10:05
Порчахо аз макола

Маълум гашт, ки ба Султон Валиев бо ҳуҷҷатгузорӣ ва имзои қатори табибони ин даргоҳ аз моҳи ноябри соли 2001, дараҷаи дуюми маъюбӣ муқарар намуданд ва идораи ҳифзи иҷтимоӣ бо тартибу ҷо ба ҷогузории ҳуҷҷатҳо ба Султон Валиев нафақапулӣ муайян кардааст.
Мулоҳиза намоед, ки он вақт коргари оддии чил сол собиқаи корӣ дошта дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2 сомонӣ нафақапулӣ мегирифт.
Барои Султон Валиев, ки дар он давра маоши калонро аз рўи вазифа соҳиб буд, аз рўи қонун идораи ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ҳар моҳ 203 сомонию 68 дирам, яъне сад маротиб аз дигарон дида зиёд нафақа муқаррар кардаанд ва Султон Валиев аз ин давра сар карда дар давоми қариб 12 сол ҳам аз ҷои кор маоши пурра мегирифт ва ҳам нафақапулии муқарар гардидаро соҳиб буд.
Воқеан, пурсиданием, ки ҳангоми тайёр кардани ҳаҷҷатҳои Султон Валиев пеш аз ин ва баъд низ барои пешбарӣ кардан ба мансабҳои болоӣ, намояндагӣ дар Маҷлиси Олӣ, раисии ноҳияҳои Ховалингу Восеъ оё шахсони мутассадӣ аз вилояти Хатлон то ба маркази ҷумҳурӣ, ки ҳама қонунҳоро худ қабул карда пешниҳоди омма мегардониданд аз чунин ҳолати қонунвайронкунӣ огаҳ набуданд?
Дар посух

Ном: Беном аз: Саид Рахмон
27.09.2012 10:10

Хешутаборчигии ҳокимони ду музофот
Ҳангоми тадқиқоти журналистӣ ба хулосае омадам, ки Парвардигор дар қисмати авлоду аҷдоди Валиевҳо, фарзандону хешу табор ва наздиконашон мансаби раисиро дар давраи соҳибистиқлолӣ фаровон насиба ва рўзӣ гардонидааст ва ё худи онҳо ба ин мансаб ба ҳар роҳу восита ноил мегарданд.
Мулоҳиза кунед; Имрўз Султон Валиев - раиси ноҳияи Восеъ, бародарзодаашон Қурбон Валиев раиси ноҳияи Ховалинг, бародарзодаашон Ҳақназар Юсуфов – раиси бахши техникии ноҳияи Ховалинг, писари он кас Сулаймон Юсуфов – раиси бахши ҷавонон ва варзишу туризми ноҳияи Ховалинг, хоҳарзодаашон Зарангез Ҳафизова – раисаи шўъбаи сабти ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Ховалинг…
Оё ин ҳама дар атрофи раиси ноҳия таъин кардани мансаби раисӣ аз ҳисоби хешу ақрабо аз рўи инсофи виҷдону салоҳияти қонун аст? Магар мардуми дигар барои раисии ин ва ё он муассисаю ташкилот ҳаққу ҳуқуқ надоранд?
Қонуни ҷумҳрии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди корупсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
…- шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансаҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин
(интихоб) шавад ё дар чунин вазифаҳо бошад.
- бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишѓолшаванда ё ишѓол намудаи ў ба мансабҳое, ки онро хешовандони наздики ў ишѓол кардаанд.
Муқоисаҳо исботи онанд, ки Султон Валиев ва Қурбон Валиев талботҳои қонунро вайрон карда ҳарчӣ хешу табори ба раисӣ арзандаро дар атрофи худ сазовори мансабҳои рўѓанӣ гардонидаанд.
Султон Валиев дар Ховалинг холабачааш Саймаҳмуд Рустамовро, аз раисӣ бенасиб намонад, гуфта,ба хоҷагии «Назруллои Валибой»-и таъсисдодааш раис таъин карда, ба номи ў кам не 325 гектор заминро ба ҳуҷҷату муҳр бахшидааст ва сад шукр имрўз болои сарашон додарзодаашон Қурбон Валиев чун раиси ноҳияи Ховалинг пуштибони авлоду аҷдод ва замину раиси хоҷагиянд. Ва ҳарчанд дар саросари ҷумҳурӣ хоҷагиҳои калонҳаҷм таҷдид шуда истода бошанд, то имрўз касе аз сокинони ноҳия тарафи заминҳои авлоди Валибой назар карда наметавонад…
Бубинед; Султон Валиев вақти раиси ноҳияи Ховалинг буданашон бо қувваи аксар коргарони хоҷагию ташкилот ва муассисаҳо дар мавзеи Тоқабеди Ҷонбахт боѓи тозае бунёд кард, ки ин кораш шоёни таъриф аст, вале барои шўҳратёр гаштанаш номи муносиби дигаре наёфта номи боѓро «Ҷаноби олӣ» ном ниҳода, ( гўиё Президенти мамлакат ба чунин ном муҳтоҷ бошад), дар сари роҳу ҷойҳои диданӣ, дар шиору овеза ва тахтачаҳо бо ҳарфҳои хоно номи боѓро тамалуқкорона «Ҷаноби олӣ» сабт карда, ба намоиш мегузошт, то ба ин васила садоқати худро нисбат ба Президенти Тоҷикистон нишон бидиҳад.
Дар посух

Ном: Беном
27.09.2012 19:35
афсона нагу гузаштанда соз нигох кун занако очирад истода ба хар об кашидестан

Ном: Салим аз: Душанбе
25.09.2012 20:15
Эй бародар хоб будасти! Ин халк хар рузи худо хамин гапа гуфта истодааст навишта истодааст як гушкуне,фаредрасе намебад.Мо хар руз пешниход дорем ки як конуни сахт барои хамин хел рафторхо хукумат барорад,лекин намебарорад инчояш хам хамун хел аст.Хайронем ба ки гуем пеши ки равем?Як рох хаст,хамаи ин мардума мегуем ки ,,Бародархо мо рози Шумо ва хама хешу таборонатон дастона дар Оби хунук назанед,яъне кор накунед ,аз хамин руз иборат хамаи авлоди шумо,хешу табори шумо,дустони наздики шумо Амир эълон мешавед,он чизе ки мехохед халк барои шумо мухае месозад.Лекин хохиш ки монед дигархо хам кори давлат иктисодиетропеш баранд .Як навовари кунанд.Ба доди халк расанд.Дигар намедонам?!

Ном: хешутаборбоз аз: макомот
25.09.2012 21:26
о бузургонамон ба хешутаборбози васият кардаанд ку
"Аввал хеш, баъд дарвеш" гуфтаанд. ба гуфтаи бузургон амал nакунем ин хам онкадар хуб нест.

Ном: Облокул аз: Точикистон
25.09.2012 21:28
Акаи Саид Рахмон одами бочуръат будааст... Лекин тадкикоташ суст, мазеш не.. Чува, ки ин гапа бе тадкикот хам хама медонанд.. Биноми Нютона ёфти неки акаи Саид Рахмон..
Дар посух

Ном: Абдулло аз: Ватан
26.09.2012 07:01
Чаноби облокул ин гапро донистану гуфтанаш як чиз асту далел ёфтан чизи дигар. Офарин ба Саид Рахмон бо ин тахкикоташ! Бехтарин корро кардааст. Агар шумо рост егуед кани мисли онкас далелу санад биёред. Факат гапи холи намешавад.
Ин хукумат аз боло то поён хамихел хешутаборчигикати омадаст. Масалан худатон фикр кунед, ки Хасан Асадуллозода, Озода Рахмон, Матлубхон Давлатов ва чандин касони дигар хастанд ки танхо ба хотири хешутабори бо президент сохиби мансабанд вагарна аз нигохи фахмишу савод шояд раиси колхоз хам бештар тавонои надошта бошанд.
мисли инхо далел овардану хамаро ошкор гуфтан худаш чуръат мехохад. кани шумо хам чанд мисоли айни биёред.
Дар посух

Ном: Носир аз: Фархор
26.09.2012 10:49
Ин ункадар масъалаи мухим нест. Султон раиси восеъ шахси сагерапарвар аст. Бехтарин сиёсатмадор аст. Ба Худо пуштибони мардуми бечора аст.

Ном: Абдуллох аз: Точикистон
25.09.2012 22:26
Ассаломуалейкум ба мардуми мусалмон !!! паси подшох гайбат гуфтаанд то чое,ки ман ин Валиевхоро мешносам адолати хокимиро дар амал ичро мекунанд дар ин давру замон на хама инхел адолат доранд лекин инхо ба кадри имкон адолатро риоя мекнанд ин рузноманигор огои Саид Рахмон гарази шахси дорад ки инхел суханони бе далел гуфтааст мебахша маро кур нест як бор рафта кучахои Восе ро тамошо кунад аз хаму ифлосихое ки буд чихел тозаю озода шудааст агар Восеро набинад рафта Ховалингро тамошо кунад чихел ба як шахрчаи зебо табдил ёфтааст барои чи ин пешравихоро наменависад хамаи инсон хатокор аст инро касе инкор карда наметавонад ки инсон бе хато бошад вале дар рафти кор камбудихоро ислох мекунанд мебахши маро огои Саид Рахмон хозир худатро тахкик кунем занат гапта намегира сад офарини и раисо намегуй ки бо ин мардум чиел кор мекунанд хичи камбуди ки наёти бад нафака хур элон карди ин мардакора ман фикр мекунам ки худат рузнома нигор нести як фитнагари
Дар посух

Ном: SURATATRO CHI KUNAM GAR . аз: A BEKORKHONA
26.09.2012 03:43
In barodaramon ba fikram az ygon khushtabori hamin valievho ast e shoyad foidae az onho didaast!!!! O barodari kamtarin kore ki 1 raisi nohya baroi onjo mekunad in toza nigoh doshtani nohiyaiash ast shumo 1bro nagufted ki shoyad dar vose va khovaling hozir khele mushkil ast ki marde paydo kuni chun onho az bekori hama ba russia raftand va shumoraashob kam shudaast behtar nabud az in durughu laganbardori dar fikri sokhtani korkhonau fabrika meshudand baroi ejodi johoi korii barou mardum !!!
Дар посух

Ном: Daler аз: Dushanbe
26.09.2012 08:47
Салом бародари азиз Абдулло. Аз руи баёни фикротон "кур нест равад бинад" ё хеши Султон Валиев хастен ё шогирдашон. Ман бо амри такдир ва аз руи кор якчанд маротиба бо чаноби Валиев во хурдаги хастам, он кас тамоман одоби муомила надоранд ва дагалтарин хамсухбате буданд дар хаёти ман. Дар бораи чи гуна дар Ховалинг кор карданаш хам ягон чои таърифро намебинам. Агар роху кучахо каме тоза шуда бошанд он хам барои он шояд бошад,ки мардум харруза аз онхо истифода мекунанд ва дар чашмашон корхои "Раис" назаррас намояд гуфта аз хамин хотир ба ин масъала каме таваччух карда бошанд. Ё шояд бо шарофати хузури Раиси вилоят ё Президенти мамлакат роххоро таъмир карда бошанд. Саид Рахмонро ман намешиносам,лекин як ду маротиба дар борааш хонда будам ва имруз навиштахояшро хонда, эхсос мекунам ки журналсти асил аст, чун бе тарсу харос сари масъала мавод интишор мекунанд.
Дар посух

Ном: vatandor аз: osmon
26.09.2012 09:31
Нее !?? кай кучаву растахои Восеву Фархор ба кучахои Франсия монанд шуд? Ё ин хамаро дар хобат дида истодаи? Оид ба масъалаи кори байни раис ва халк фаромуш насоз ки ин вазифаи раис аст на вазифаи халк.Аз гуфтахоят хулоса баровардан мумкин аст, ки ту низ аз хамин кабила хасти.
Дар посух

Ном: ховалинг аз: ховалинги
26.09.2012 11:36
фбдулох садкаи хамин ном шав ту авлоди хамин шахсои худи халки Ховалинг медонанд, ки ин Валиевхо ки хастанд онхо ягон майда дар фикри ободии ватан нестанд ва хамаашон барои худашон кор мекунанд Ховалинг як нохияи кучак аст ва касе ба он ахамият намедихад ин Кодири Шумо ба гайр аз ду се арча ва чароги рох дигар дар Ховалинг чизе накардааст
Дар посух

Ном: tojik аз: kulob
26.09.2012 14:40
abdullo az tojikiston sad foiz durust gufti barodar....
Дар посух

Ном: Беном
02.10.2012 02:54
бЕЧОРА МАРДУМИ ТОЧИК, ОБ ДАР КУЗАВУ МО РУСИЯ МАРДИКОРИ МЕРАВЕМ. аЗ ИН ПАС МАРХАМАТ БА ХАТЛОН, БА ВОСЕЪЮ ХОВАЛИНГ, АЗ ДАСТИ АВЛОДИ ВАЛИЕВХО ОБОДУ ПЕШРАФТ ШУДААСТ.

Ном: Tojik аз: Tojikiston
25.09.2012 22:37
Boboi Said Rahmon, salomat boshi baroi masalai doghi ruzro ravshani andokhtan va Khudo dar panohash shumo va oilai shumoro nigahdorat.

Ном: Одина Алам аз: Кулоб
25.09.2012 22:42
Бале Муъмин Ахмади ва устод Сайиди Рахмон, ки арвохи Ахмадшох Масуъдро шод кардаед! Устод Сайиди Рахмон муаллифи зиндагиномаи Масъуди шахиду шахир хастанд!Вокеан хам пойбанди як кавму авлод гаштани макомот авокиби манфию нохуше дорад ва онро дар тамоми дунё ба истилох "кастово-клановое правление" гуфта мазаммат хам мекунанд! Магар дар чомеа афроди шоистаю лаёкатманди дигар нестанд, ки се нафар кариб аз як хонавода вилояту нохияхоро сарвари мекунанд??? Ё модари точик дар яке аз хонаводаю кавм рахбаронро мезояду меофарад ва дар дигар хонаводахо ношоистаю нолойикхоро??? Ба гумонам ин гуна пойбанду пайванди хам будани сарони навохию вилоёт аз пурра ташаккул наёфтани миллат ва ё аз хад зиёд пир шудани миллату нажод дарак медихад, ки ин мавзуъи бахси дигар аст! Аммо муойинаю тахкику тадкикро минбаъд низ пайгири кардан зарурат дорад, ки оё ин падидаю зухуроти номакбул дар чумхури ягона аст ва ё дар дигар вилоёту навохи хам ба чашм мехурад???

Ном: Хатлони аз: Муминобод
25.09.2012 23:20
Ин акаи Саид Рахмон хуб содда будааст не ки тамоми Чумхури дар дасти як кавму як авлоданд Дангара-Колхозобод-Конгурт.Так что шумо фикр мекунед ки инро боло намедонад как надо медонанд тамоми аз шахси номри 1 сар карда то вазиру раису..кумитахо................. тамоми писарону домодхояшон дар банку минфин таможния додситон.... кор мекунанд чи дар ЧТ магар дигарон хукук надоранд ....................хайр чи гап занем дигар ..............акаи Саид илтимос акнун кори худата карда гаштан гир ки бо миёната.......нашикананд

Ном: Мавлонои Хиндустони
25.09.2012 23:47
Мухтарам Озоди, ин дардест бедаво. Чаро, ки мисли саратон аз хучайраи болои то ба дигар хучайрахои поени ба кавли тибб метастаз додааст. Бубинед, Чаноби Оли мухтарам Эмомали Рахмон (Эмоми охирзамони мо) хамин тарикаи хешутаборбозиро чараен додааст, яъне дар хама чои хукуамт писару духтару домоду бародару язнаву янгаву ва кавми дангарагиро чой додааст. Ва ин саратон ба хучайрахои поени: шахру навохихо метастаз -яъне гузаштааст. Дар илми тибб табобаташ ду хел аст.
1. Химиотерапия, яъне кулли баданро бо маводхои захрдор химия кардан, яъне чомеаро боз як табаддулоти вазнини сиеси гузаронидан.
2. Хамон узве, ки сарчашмаи саратон аст, ба воситаи чаррохи бурида партофтан, ва сони ба бофтахову хучайрахое, ки кудрати зарарашон то хозир зиед нашудааст, ба воситаи химиятерапия нест кардан...
Дар посух

Ном: ховалинги аз: Сари-хосор
26.09.2012 09:09
Салом ба хамаи хонандахои радиои Озоди Устод Сайиди Рахмон муаллифи зиндагиномаи Масъуди шахиду шахир Шумо бародар факат танкид кардана метони ба фикрам рафта аз хаму раисхо ягончи талаб кардаст надоданша кахраш кардаст навиштаст ..... бародар ин хукумат проста так намемона дар элак гелбол карда, санчида , фахмида баъд ба вазифа таин мекунан ин намояндахои Чаноби Оли хастан инора мухтарам Чаноби Оли панч панчавори медонад ки инхо кихо хастан ин хукумат ба монанди идорои Шумо нест , ки касе пул дод корда мегиран касе надод не . Пул додию вазифа гирифти дар калла савод набоша курсиро чикор мекуни эи бародар ту худут боши аи ухдаи хами вазифа намебарои мухтарам Сайиди Рахмон муаллифи зиндагиномаи Масъуди шахиду шахир . Гузашт он рузхое , ки ба пора мегирифти вазифара Шумо фикр мекунен , ки ин раисхо хоб доран Худо меган дар нохия факат оромию тинчиву амони бошад . Шабхо Шумо дар чогахи хобат хобию ин мардакхо куча ба куча деха ба деха гашта нигох мекунан ки дар махалахо чи гап боша Шумо бародар мебахшен ин бародархоро умуман раисони нохияхоро паст назанен хар кас аз ухдаи ин вазифахам намебарояд ... ИЛТИМОС ОЗОДИ ЧОП КУНЕД
Дар посух

Ном: vatandor аз: osmon
26.09.2012 09:40
Ахсан бахои хуб доди! Пешниходи аъло!
Дар посух

Ном: Jack
26.09.2012 09:47
Боз як рохи дигар низ хаст ки табибон муъчиза ном мебаранд. Саратон худ ах худ низ табобат мешавад (харчанд кам бошад). Ва ин просесс алакай огоз шудааст каме сабр куну гапои бемаъни назан
Дар посух

Ном: Беном
26.09.2012 13:30
Э ака, ба и методои худат дар республика одам намемона.
Ҳамара магарам сар бзанем.

Ном: shahvand
26.09.2012 00:20
Akoi Said Rahmon xudro behuda in qadar sargardon karded. oxir mo in ma'lumothoro be in tahqiqoti shumo niz az pesh medonem.!
yagon mavzui nav nadud, ki sari on mejusted.
Назарҳо. Сафҳаи аз 3
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype

Мавзӯъҳои рӯз