Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии зиддифасоди вилояти Хатлон 57 мавриди хизмати якҷояи хешовандони наздик дар муассисаҳои давлатии минтақаро ошкор кардааст.

Бино ба гуфтаи маъсулони ин оҷонсӣ, бархе аз раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ дар Хатлон бархилофи қонун духтар ё домод ва ё наздикони дигарашонро ба идораи таҳти итоати худ ба кор гирифтаанд.

Бар асоси моддаи 9-уми қонуни мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, дар як корхона кор кардани пайвандони наздик, ки дар итоати якдигар бошанд, мамнӯъст. Тибқи ин қонун, зану шавҳар, фарзандон, падару модар, бародару хоҳарон ва қудоҳо хешованди наздик маҳсуб гардида, ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои коррупсионӣ ҳуқуқи дар як идораи давлатӣ кор карданро надоранд.

Сабзалӣ Одинаев, корманди масъули Оҷонси зиддифасоди Хатлон, мегӯяд, дар миёни афроде, ки хешованди наздики худро ба кор қабул кардаанд, асосан мансабдорони зинаҳои поёнӣ будаанд: "Директорони мактаб, сардухтур, масъулони шабакаҳои барқӣ, раисони ҷамоатҳо ва мансабдорони дигар. Дар сурати ошкор шудани чунин мисолҳо, мо ба мақомоти ҳукуматӣ пешниҳод мекунем, ки чунин мансабдоронро мувофиқи қонуни мубориза бо коррупсия ва қонуни хизмати давлатӣ ҷазо бидиҳанд."

Нашри хабар дар бораи ошкор шудани 57 мавриди ба истилоҳ, хешутаборбозии мансабдорон дар ҳолест, ки моҳе пеш бо пешниҳоди вакилони парлумони Тоҷикистон, арӯсу домодҳо ҳам акнун аз хешовандони наздик ҳисоб гардида, мансабдорон аз ҳаққи қабули онҳо ба кор низ маҳрум гардидаанд.

Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева

Аммо Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тағйири мазкур дар қонуни мубориза бо коррупсия, кори Оҷонси зиддифасоди кишварро дар пешгирӣ аз маҳалгароию хешутаборбозӣ миёни мансабдорони тоҷик танқид кард: "Мисоли конкретиро бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ диҳанд. Агентии зиддикоррупсионӣ бояд бигӯяд, ки дар фалон мақомот ҳамин хешутаборбозӣ ҳаст, фасодкорӣ ҳаст. Дар ҷомеаи мо мардум ҳама чиро мебинанду медонанд, ки коррупсия дар мағзу устухони баъзе аз мансабдорони мо ҷой гирифтааст. Ин падидаи номатлуб, мутаассифона, ҷой дорад ва исбот кардани он ҳам барои муфаттишон осон нест."

Хонум Амиршоева дар идома гуфт: "Фақат як чиз бояд бошад: вақте мансаби давлатиро ба нафаре бовар мекунанд, бояд ин нафар ба давлат ва миллат содиқ бошад, виҷдони пок дошта бошад, манфиатҳои кориро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузорад, ба хотири бо кор таъмин намудани хешу табораш, аз баҳри мутахассисони хубу кордон набарояд. Ин ба инсоф ва виҷдони ҳар як роҳбар вобаста аст.."

МУШТЕ АЗ ХИРВОР...

Ҳарчанд тағйир ба қонуни мубориза бо коррупсия ҳанӯз аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон пазируфта нашудааст, Оҷонси зиддифасоди Хатлон мисолҳои равшани қабули домоду арӯс ба кори давлатиро ошкор кардааст.

Сабзалӣ Одинаев раиси корхонаи давлатии обу корези минтақаи Қӯрғонтеппа Бобоҷон Сайфуллоевро мисол овард, ки домодашро бо фармони худ ба вазифаи сарнозири корхонаи мазкур таъйин кардааст.

Намое аз шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон

Намое аз шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон

Аммо коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба ошкор шудани 57 мавриди хешутаборбозии мансабдорони хатлонӣ мегӯянд, ин ҳол гувоҳи он аст, ки дар сатҳи болоӣ низ мансабдорон ба қабули хешу табори наздики худ ба кор бартарӣ медиҳанд.

Таҳлилгари маҳаллӣ Рустами Сафар мегӯяд, иллати аслии ба кор ҷалб кардани хешу табори мансабдорон дар ғайримутахассис будани худи раҳбарони идораҳои давлатӣ аст: "Ҳарчанд Оҷонси зиддифасоди Хатлон вуҷуди хешутаборбозию маҳалгароӣ дар сатҳи миёнаи мансабҳо дар ин минтақаро ошкор кардааст, дар асл хешгароӣ дар низоми ҳукуматдории мо, мутаассифона, хеле реша давондааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки ба сабаби паст будани маош дар идораҳои давлатӣ мутахассисони касбӣ ба кор намераванд. Аммо дар асл, бисёре аз онҳое, ки дар мақомҳои аввали роҳбарикунанда ҳастанд, худашон мутахассис нестанд ва кӯшиш мекунанд, ки одамони наздикашонро дар атрофи худ ҷамъ кунанд."

Сардори раёсати молияи ноҳияи Румӣ духтарашро ҳамчун мутахассис дар идораи худ ба кор қабул кардааст, раиси ҷамоати Янгиободи ноҳияи Вахш қудояшро муовини худ таъйин намудааст. Ҳамчунин сарпизишки беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бародарашро мудири анбори дармонгоҳ ва мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав модарашро сарвари Қасри фарҳанги ноҳия таъин кардаанд.

Ин афроди мансабдор, бо пешниҳоди Оҷонсии зиддифасод, ба муҷозот кашида, пайвандонашон аз кор дар идораи зери раҳбарии онҳо хориҷ карда шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG