Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири нав корро аз истеъфои хешу табораш сар кард


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Вазири тозатаъйини умури дохилӣ Рамазон Раҳимов писару бародари худро аз мақомашон барканор кардааст.

Бо амри Рамазон Раҳимов писараш Дилшод, лейтенант ва маъмури фаврии милисаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва бародараш Раҳмонқул Раҳимов, сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғд аз мақомҳояшон барканор шудаанд.

Ин иқдоми Рамазон Раҳимов намуна дар роҳи мубориза алайҳи "непотизм" ва ё хешутаборбозӣ унвон мешавад, ки як навъи густардаи фасод дар Тоҷикистон аст.

Соҳибназарон мегӯянд, ин "ҳодисаи нодир" дар миёни мансабдорони тоҷик аст ва Рамазон Раҳимов аз ҷумлаи камтарини онҳост, ки ба таври ошкоро аз сабукдӯш кардани наздиконаш дар ниҳоди таҳти итоаташ хабар медиҳад.

Бар асоси моддаи 9-и қонуни мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, дар як корхона кор кардани пайвандони наздик, ки дар итоати якдигар бошанд, мамнӯъ аст.

Тибқи ин қонун, зану шавҳар, фарзандон, падару модар, бародару хоҳарон ва қудоҳо хешованди наздик маҳсуб гардида, ба хотири ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои коррупсионӣ ҳуқуқи дар як идораи давлатӣ кор карданро надоранд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон соли 2012-ро соли волоияти қонун ва боло бурдани дараҷаи ҳирфаият ё касбияти маъмурони пулис унвон кардаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", Рамазон Раҳимов ҳамчунин ба унвони як шаҳрванди оддӣ аз чанде шӯъбаҳои корҳои дохилии вилояти Хатлон ҳам боздид карда, бархе аз кормандони ин шӯъбаҳоро аз кор сабукдӯш намудааст.

Генерал-лейтенант Рамазон Раҳимови 52-сола, ки зодаи вилояти Хатлон аст, ҳафтаи гузашта вазири умури дохилии Тоҷикистон таъйин шуд. Вай то ин муддат дар симмати муовини вазири умури дохилӣ адои вазифа менамуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG