Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораҳои "7777" ва "8888"-ро бармечинанд


Мақомоти пулиси Тоҷикистон гуфтаанд, аз ин ба баъд гаштугузори мошинҳо бо шумораҳои "7777", "8888" ва дигар рақамҳои ғайримаъмулӣ дар роҳҳои кишвар мамнӯъ хоҳад шуд.

Торнамои "Вести FM" бо такя ба қавли мақомоти тоҷик навиштааст, ки идораи Бозрасии давлатии автомобилӣ шумораҳои "тиллоӣ"-ро ба шумораҳои маъмулӣ иваз мекунад. Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааанд, ин иқдом ба манзури масъулияти ҳамагонии соҳибони худравҳо дар таъмини бехатарии роҳҳо рӯи даст гирифта шудааст.

Коршиносон ин иқдомро ба фаъолияти Рамазон Раҳимов, вазири тозатаъйини умури дохилии Тоҷикистон марбут медонанд, ки дар ростои мубориза бо коррупсия рӯи даст гирифтааст. Ҷаноби Раҳимов ба дунболи интихоб шуданаш ба ин маснад, писараш Дилшод, лейтенант ва маъмури фаврии милисаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва бародараш Раҳмонқул Раҳимов, сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вилояти Суғдро аз мақомҳояшон барканор намуд. Ин иқдоми Рамазон Раҳимов намуна дар роҳи мубориза алайҳи "непотизм" ва ё хешутаборбозӣ унвон мешавад, ки як навъи густардаи фасод дар Тоҷикистон аст.

Бо ин вуҷуд, тасмими мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар мавриди барчидани шумораҳои ғайримаъмулӣ дар ҳолест, ки чанд сол қабл музояда ё ауксиони рақамҳои ба истилоҳ “хушбахт” ё ёдмони мошинҳои сабукравро доир намуда, садҳо рақами “номдор”-ро ба фурӯш гузошта буданд. Он вақт гуфта буданд, ки пули аз ин ҳисоб ба даст омада дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун сарф хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон рақамҳои якхела ё ёдмон, ба мисли "7777" ё "8888" аз маҳбубияти хос бархӯрдоранд ва ба даст овардани чунин рақамҳо осон нест ва дар сурати иртиботи қавӣ надоштан бо мансабдорони бузург, ҳатто ғайримумкин аст. Аммо чунин ҳам қабул шудааст, ки онҳое, ки рақами мошинашон "00" (ду сифр) дорад, низ аз афроди дорову соҳибмавқеъ дониста мешаванд.
XS
SM
MD
LG