Ҷавонон

Фарҳоди Дарё ба Душанбе меояд

28.09.2008

«Ояндасоз мюзик» аст, меҳмони сомонаи Шумо, хонандаи бисёр ҳам азиз. Ҳар ҳафта барои лаҳзае бо мо ба дунёи пур аз шавқу шӯр, пур аз созу наво ва дунёи беғамӣ биравед. Ҷадидтарин навгониҳо аз олами мусиқӣ дар барномаи имрӯзи мо.

Хабари рақами аввал ва ё ба истилоҳи дигар доғи мусиқӣ, ин сафари ситораи Шарқ  Фарҳоди Дарё ба Душанбе аст.

 

Бо мусоидати ширкати Ориён Медиа ва Қиём Энтертеймент, овозхони саршинос Фарҳоди Дарё дар бузургтарин маҷмааи консертии пойтахт Кохи Борбад,19 октябри соли равон барои ҳаводоронаш барномаи ҳунарӣ хоҳад дошт.

   

Рустами Ҷонӣ, раҳбари ширкати Ориён Медиа мегӯяд, Фарҳоди Дарё бо барномаи ҷадиди худ ҳунарнамоӣ намуда, таронаҳоро аз албоми тозасабташ бо номи Ёҳу иҷро хоҳад кард.

  

Фарҳоди Дарё борҳо дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар мавриди орзуяш, ки мехоҳад дар Тоҷикистон консерте дошта бошад, ҳарф мезад. Ин хонандаи маъруф  дар мусоҳибаҳо Тоҷикистонро ба унвони хонаи дуввуми худ ном мебурд ва мегуфт, ҳаргиз интизори даъвате барои омадан ба Тоҷикистон нест. Балке рӯзе кулбори худро бар дӯш меандозад ва ишқашро бо худ гирифтаву равонаи ин кишвар мешавад.

 

Рустами Ҷонӣ мегӯяд, Фарҳоди Дарё танҳо як рӯз дар Тоҷикистон хоҳад буд ва танҳо ба як барномаи ҳунарӣ. То ҳол қиммати чиптаҳо барои консерт муйян нашудааст, аммо ба гуфтаи Рустами Ҷонӣ, нархи чиптаҳо арзон нахоҳад буд. Рустами Ҷонӣ боз афзуд, ки Фарҳоди Дарё барои консерти худ дар Душанбе ягон тин ҳаққуззаҳма нахостааст ва намегирад. Мо ваъда медиҳем, ки дар барномаҳои баъдӣ аз ҷараёни баргузории консерти Фарҳоди Дарё дар Душанбе барномае хоҳем дошт ва мусоҳибаеро низ бо ин ситораи Шарқ анҷом хоҳем дод.

 

Хуб, меравем пайи дигар хабарҳо.

 

Бахшида ба 10 солагии ҳамкории Тоҷикистону Швейсария рӯзи 27 сентябр дар майдони 800-солагии Маскав, воқеъ дар шаҳри Душанбе, бо иштироки оркестри симфониву эстрадии Базморо, барномаи консертӣ доир мегардад. Ҳамчунин, дар барнома овозхонони маъруфи кишвар, Шабнами Сурайё, Далер Назаров ва гурӯҳи Шамс ҳунарнамоӣ мекунанд.

 

Агарчӣ Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чанд моҳ қабл суруд ва ё аниқтараш сурудҳои беҳтарини  солро муайян кард, «Оила» - ҳафтавори кишвар талош дорад аз миёни хонанадаҳои попи тоҷик  Ситораи солро муайян кунад. Тариқаи интихоби Ситораи сол тӯли чанд моҳ  бо роҳи назарпурсии харидорони ин ҳафтавор сурат гирифтааст. Ва 4 октябри  соли ҷорӣ дар Кохи Борбад ҷамъбасти озмуни Ситораи сол ва Гала-консерти беҳтарин овозхонони эстрадаи тоҷик бо ширкати шоу-балети Вивати Қазоқистон сурат мегирад.Мубтакирон ва сарпарастони озмун барои ғолиб ва мухлиси ӯ роҳхат ба Анталияро пешбинӣ кардаанд.

 

Аммо Аловиддини Шарофудин, коршиноси мустақил мегӯяд, ба шаффофияти баргузории ин озмун намешавад эътимод баст. Назари танқидии коршиносро нисбат ба ин озмун дар барнома метавонед гӯш бикунед.

 

Гуфта мешавад, хонандагони ин ҳафтавор бештар аз ҳама ба 8 овозхони тоҷик, Садриддини Наҷмиддин, Баҳроми Ғафурӣ, Шабнами Сураё, Манижаи Давлат, Фарзонаи Хуршед, Нигора Холова, Зиёввиддини Нурзод ва Нозияи Кароматулло райъ додаанд. Зимнан, тӯли як ҳафтаи ахир таронаи нави Фарзона Хуршед  сершунаванда буд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 11)
Ном: dilovar аз: dushanbe
16.10.2008 15:34

zinda bod Farhodi daryo


Ном: сарбоз аз: душанбе
10.10.2008 21:46

Ба бародарони мо Hamohang ва Sherak !Фарходи Даре дар Аврупо (Англия .Германия .Франция)дар Америка.дар Покистону .Узбакистон баромадхо дорад.ки метавонед бо истифода аз интернет мушохида кунед.Вай сурудхо дорад ба гайр аз точикии дари боз ба забонхои англиси.немиси покистони ва узбаки мехонад.Сурудхои Фарходи Дареро дар Точикистон 4-шеьрашро Шабнами Сурае ва Чонибек мехонанд.Дар холи хозир ба Фарходи Даре ягон овозхони Точикистон баробар шуда наметавонанд.


Ном: Hamohang аз: Dushanbe
10.10.2008 15:49

Тибки кадом сарчашма Шумо Фарходи Дарёро Ситораи Шарк меномед? Бахши мусики ва фархангии Радио мутаасифона заъиф аст ва ба талаботи руз чавоб намедихад.


Ном: Sherak аз: Beshahr
09.10.2008 23:34

Хай бародарон! Фарходи Дарё як овозхони точик аз Афгонистон асту халос ва вай хеч вакт овозхони Шарк нест. Уро хатто дар калонтарин кишвари форсизабон Эрон дуруст намешиносанд. Ба мо расм шудааст ки хар киро ба хости худ овозхони Гарб ва ё овозхони дунё ва хар чи гуфтан гирем. Илтимос пасу пешро нигох кунед!


Ном: шохин аз: Москов
09.10.2008 23:06

Бародари гироми Хуррам !Ин бисер хуб аст ки якчоя бо Фарходи Даре -хунарманди шинохтаи точики Афгонистон.хунармандони мо точикони Точикистон мехонанд.Яьне авалин бор ки точикони дуне (овозхонони точики дуне)муттахид шуда истодаем.Ин чои фахр ва шодист.на чои таасуф.


Ном: Хуррам аз: Душанбе
08.10.2008 14:24

10 сол боз орзуи консерти Фарходи Дарёро доштам. Чун шунидам, ки мохи октябр дар Душанбе хунарнамой мекунад, хеле хурсанд шудам ва омода шудам ба хар кимате билети ин консертро дарёфт кунам. Вале вакте фахмидам, ки Садриддини Начмиддину Шабнами Сурайё ба ин "ош", яъне консерт, катй шудаанд, аз фикри худ гаштам.
Мехостам, ки консерти як хунарманди вокеиро тамошо карда, халовати маънавй барам, вале сад афсус... намехохам, ки айшамро ин бездарнийхо бо "суруд"-хои бемаъниву бенамакашон талх кунанд.
Фарходи Дарё хунарпешаест, ки танхо худ бо хунараш ва бо танхо як ному хувияташ метавонад як истадёнро аз мухлисонаш пур кунад, кучо расад ба як толораки Кохи Борбад!
Мухтарам барпокунандагони консерти мазкур! Бо палав хамрох ба дастархон магзобаро намегузоранд, мефахмед?!


Ном: Ардамехр аз: маскав
08.10.2008 12:26

Точикистон бояд маркази Точикони дуне бошад.Ва хар точике ки дар Осие.Амрико.Африка е Европа Австралия бошад.бояд донад ки Точикистони кучаки мо дили бузург дорад ва метавонад фарзандони точикашро хамеша сарпанох бошад ва пушту панохи онхо бошад.Ин аст ватандори.ва марди.ФАРХОДИ ДАРЕ _ТОЧИК АСТ,АЗ ТОЧИКОНИ АФГОНИСТОН,_ИН ФАХРИ МО ТОЧИКОНИ ДУНЕСТ.


Ном: сарбоз аз: москов
08.10.2008 00:47

Фарходи Даре-овозхони шинохтаи Афгонистон.ва Точикистону Узбакистон -яке аз ситорахои дурахшандаи эстрадаи шарк аст.Фарходи Даре ТОЧИК аст.аз Точикони Афгонистон.(9 млн -и Афгонистон Точик аст.)Афсус ки дар ватан нестам.орзуи шунидан ва дидани ин ситораи шаркро доштам.


Ном: Top 10 аз: Душанбе
07.10.2008 19:26

Аз садои тақар туқур ва гушхароши овозхонҳои эстрадии ҳозира, ки аз амвоҷи радиои Озодӣ пахш мешавад хаста шудем. Гумон аст завқу салиқаи на чандон баланди худро ба шунаванда хоҳу нохоҳ бор мекунед.


Ном: dilovar аз: klob
05.10.2008 21:36

Farhodi Daryo NAMERASID AMIJA

Шарҳҳо 1-10 (of 11)
Ҳаҷми матн