Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳиба бо овозхони тоҷик Ру.Кола


Овозхони тоҷик Манижа (Ру.Кола)
Овозхони тоҷик Манижа (Ру.Кола)

Духтараки хушсадои серҳаракат бо либоси пурҷилои шарқӣ рӯи саҳна меояд ва бо самимияти тамом оҳангеро ба забони русӣ иҷро мекунад. Ҳунарнамоии Ру.Коларо дар озмуни бонуфузи мусиқии "Панҷ ситора" ("5 звезд") моҳи сентябр аз телевизиони ОРТ миллионҳо тамошобинон диданду бо қаноматмандӣ вижагиҳои ҳунарии ин овозхони ғайрирусро таъкид карданд. Дар асл аксар ҳаводорони мусиқӣ дар Тоҷикистон медонанд, ки ин духтари шӯх тоҷикистонӣ буда, исми хонаводаиаш на Ру.Кола - балки Манижа, Манижа Ҳамроева аст.

Манижа мегӯяд: "Озмун хеле муваффақиятомез анҷом ёфт, ва на фақат барои онҳое, ки дар ин озмун соҳиби ҷою мақом шуданд, балки барои ман ҳам. Барои ҳама ширкатдорони озмун пеш аз ҳама намоиши истеъдоди худ тавассути шабакаи телевизиони ОРТ, ки дар саросари ҷаҳон миллионҳо тамошобин дорад, як бурди калон аст. Имкони ҳунарнамоӣ дар чунин саҳнаи бузург дар 16-солагӣ олиҷаноб буд"

Манижа аз насли нави муҳоҷирони тоҷик аст, ки ҳамроҳ бо модараш дар сесолагӣ дар Маскав иқомат ихтиёр кардааст. Модари ӯ - Наҷиба Усмонова, омӯзгори собиқи физика дар Донишгоҳи тибби ба номи Абӯали Синои шаҳри Душанбе ва ҳоло - продюсери Манижа ё Ру.Кола, дар тарбияи вай нақши аслиро бозӣ кардааст. Хонум Наҷиба солҳои тоза ба Маскав кӯчиданашро ба ёд оварда мегӯяд: "Росташро гӯям, хеле душвор, аммо дар айни замон, бисёр ҷолиб буд. Ман ба Маскав омада дар мактаби равоншиносӣ таҳсил кардам. Оҳиста-оҳиста дар шоу-бизнеси Маскав шиносҳо пайдо кардам ва ҳамин гуна доираи тамосҳоям ҳам васеътар шуд. Ва амалан чунин равобит барқарор кардам, ки барои ба чунин поя расондани фарзандам кӯмак кард".

Ру.Кола номи саҳнавии ман аст ва ин духтарест бо симои хоси худ.
Манижа мегӯяд, ки тасмими овозхонӣ кардани ӯ тасодуфӣ буд. Дар кӯдакӣ бо теннис, наққошӣ, навохтани фортепяно машғул шуда дар як гурӯҳи хори кӯдаконаи шаҳри Маскав ҳам овозхонӣ кардааст: "Ман бори аввал дар шашсолагӣ дар мактаб ҳунарнамоӣ кардам. Таронаи "Титаник"-ро хондаму дидам, ки ҳама гиря мекунанд. Фикр кардам ба касе писанд наомад ва сахт ранҷидам. Аммо дар асл, баъди ҳамин суруд ҳар гуна одамҳо наздам омада мегуфтанд, ки ман бояд машқи садо гирам ва бояд овозхони хуб шавам. Ман, ки шашсола будаму чизе намефаҳмидам, аслан намехостам ҳунарманд шавам. Аммо баъд, тахминан дар 10-солагӣ, ман ба дараҷае расидам, ки ба эҷоди шеъру бастани оҳанг шурӯъ кардам"

Манижа мегӯяд, ки таъсири мактаб ва муҳити Маскав буд, ки эҷодиёти вай ба забони русӣ шакл гирифтааст, аммо мегӯяд, дар қалбаш ҳамеша рӯҳияи миллиашро ҳифз кардааст.

"Миллияти ман ҳамеша бо ман аст. Ва вақте дар озмуни "Панҷ ситора" мо дар баробари интихоб қарор доштем, ки сурудҳои София Ротаруро иҷро кунем, ман суруди шарқиро шунида фарёд кардам, ки ин оҳанг аз ман аст. Ҳадафи ман намоиши ҳувияти миллии ман, решаҳои миллии ман буд ва ман ҳеҷ гоҳ аз асли худ дур нашудам ва намешавам. Ва аслан, дар заминаи ғайрирус будани ман ҳеҷ гоҳ мушкиле пеш наомадааст. Ман дар муҳити одамони бофарҳанг ба воя расидам".

Манижа барандаи баландтарин ҷоизаи озмуни мусиқии "Мавҷи тоза"-2003 ("Новая волна", Русия) буда дар Каунас соли 2004 дар озмуни бачагонаи "Eurovision" мақоми сеюмро касб кардааст. Ӯ мегӯяд, ки нахустин таронаҳояшро дар рӯҳияи шарқӣ навишта ҳамакнун, аввалин албоми сурудҳояшро, ки бояд дар рӯзҳои наздик ба бозор арза шавад, "Восточная музика" ё "Навои шарқӣ" номгузорӣ кардааст. "Дар албоми "Навои шарқӣ" чанд таронаи тоҷикӣ ҳам ҷо дода шудааст: "Шоҳи нуриён", "Ту будӣ", "Баргард". Ин сурудҳоро гурӯҳи "Авасто" эҷод кардааст. Таронаи "Лалаик"-и Наргис Бандишоеваро ҳам хондам. Дигар сурудҳо ба қалами бобои ман, ки ба наздикӣ 100-солагии мавлудашро таҷлил гирифтем, шоири шинохтаи тоҷик Тоҷӣ Усмон тааллуқ дорад."

Манижа дар саҳнаи эстрадаи Русия бо тахаллуси Ру.Кола бештар маъруф шудааст, ва ҳангоми ҳунарнамоиш дар озмуни "Панҷ ситора" ҳам бо ҳамин ном рӯи саҳна баромада буд. Аз ӯ пурсидам, сабаби интихоби тахаллус дар чӣ буд. Манижа гуфт: "Чаро "Ру.Кола"? Ба ман бисёр вақт бо ин савол муроҷиат мекунанд. Дар асл, мо дар масъалаи интихоби тахаллус бисёр фикр кардем, ҳатто баъд шӯхӣ мекардем, ки дар, ба истилоҳ, "дастурхони" шоу-бизнести Русия, "шириниҳову хӯришҳои" мухталиф бисёр аст, мисли "Сливки" (қаймоқ), "Чай вдвоем" ва ғайраву ҳоказо. Ва мо қарор кардем, ки хӯриши "рукола"-ро пешниҳод кунем".

Ояндасоз: "Кола" - исми нӯшокӣ асту "ру" - ишора ба русӣ будани он?

М: "Рукола як навъ гиёҳи итолиёӣ аст, ки дар ресторанҳои боҳашамат ва ғизоҳои шоҳона пешкаш мешавад".

Ояндасоз: "Чаро аз исми Манижа, ки хеле хушсадо аст, рӯ гардондӣ?"


М: "Ман аз номам рӯ нагардондам. Ман бо ин ном дар "Барномаи шарқӣ" ҳунарнамойӣ мекунам. "Ру.Кола" - духтаракест, ки дар стили регги-поп мехонад ва Манижа - духтарест, ки оҳангҳои ҷиддии шарқӣ иҷро мекунад ва албоми ӯ ҳам ба наздикӣ нашр мешавад".

Ояндасоз: "Аз рӯи қонуни шоу-бизнес, Манижа, наметарсӣ, ки ҳаводоронат др пеши ин ду исм раҳгум мезананд ва баъд муҳаббаташон ҳам ҳамин гуна ду тақсим мешавад?"

М: "Инаш як сирри ман аст. Ин чиз аслан бартариҳои худро дорад, ки дар машварат бо имиҷмейкер сохта шудааст. Хуб, шояд ҳам асари манфӣ гузорад, намедонам. Аммо (баъди як лаҳза андеша) Шарқ - як афсона аст ва мо ҳам як афсона эҷод мекунем".

Ман ватанам Тоҷикистонро бисёр дӯст медорам, хеле сахт...
Манижа Ҳамроева, овозхони тоҷикистоние, ки дар саҳнаи эстрадаи Русия қадамҳои нахустини худро мегузорад, мегӯяд, барояш роҳ ёфтан ба шоу-бизнести Маскав кори заҳматталаб буд. Аммо меафзояд, кӯмаки ҳамаҷонибаи модараш, муносибати ҷиддӣ ба пешаи овозхонӣ, муҳаббати зиёд ба ҳунар метавонад касро ба соҳили умед расонад. Вай мегӯяд, роҷеъ ба сахтиҳои роҳ ёфтан ба саҳнаҳои баланди ҳунариву телевизионҳои марказии Русия, оиди мушкилоти пасипардаии ҳунармандон дар ин ҷода бисёр шунидааст, аммо ҳанӯз ҳам, ҷавонҳои боистеъдод ва соҳиби садову адои хуб метавонанд ба ҳадафҳои худ бирасанд.

Тавре баъзе нозирони ҳунари Манижа мегӯянд, феълан вай чун яке аз камтарин намунаҳои муваффақияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия арзёбӣ мешавад. Аксар муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар ин кишвар танҳо бо ҳадафи пайдо кардани кори мавсимӣ ва маблағи муайян ба сар мебаранд, ва аз ин рӯ, аксаран бо кори муваққати сиёҳ машғуланд. Ин боис шуда, ки ахиран дар бархе расонаҳои русӣ мардуми тоҷик дар симойи ашхоси бесаводу беҳунар зоҳир мешаванд. Манижа мегӯяд, дар асл саҳми мардуми муҳоҷири тоҷик дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаи Русия кам нест.

"Ман ба ин ақида ҳастам, ки мардуми мо барои Русия хизмати зиёд мекунад. Ҳатто ҳамон рӯфтурӯби кӯчаву хиёбонҳо ҳам саҳми калон аст. Онҳо тозагии шаҳрро таъмин карда симои Маскавро ба танзим медароранд. Мардуми мо ояндаи хуб дорад. Муносибати номатлубе, ки нисбати муҳоҷирони мо мушоҳида мешавад, аблаҳӣ асту бас ва ба ҳарфи ин афрод гӯш набояд дод, шумори онҳо кам аст"

Манижа мегӯяд, ки ба Тоҷикистон муҳаббати зиёд дорад ва соле чандин бор, барои дарозмуддат ба аёдати хешу табор ва дӯстонаш ба ватан меравад. Мегӯяд, ки омода аст "аз баҳри истироҳат дар тафреҳгоҳҳои беҳтарини ҷаҳонӣ баромада моҳҳо дар канори модаркалонаш дар Тоҷикистон" истироҳат кунад. Мегӯяд, аз табиату ҳавову муҳити Тоҷикистон сар карда то ғизои миллӣ - ҳама чиз барояш маҳбубу писанд аст. Манижа гуфт, ки аз ҳоло медонад, ки фарзандонаш дар Тоҷикистон зиндагӣ хоҳанд кард. Аммо феълдан, мегӯяд вай, на дар фикри барпо кардани оила, балки дар андешаи таҳсили донишгоҳ аст.

"Риштаи таҳсили ман дар донишгоҳ бо мусиқӣ вобаста нахоҳад буд. Ман мехоҳам, ки бештар рушду инкишоф кунам ва бубинам, ки дар зиндагӣ боз кадом касбу машғулиятҳо ҳаст. Садо чизи абадӣ нест, он метавонад хароб шавад. Баъд чӣ мешавад? Ман бояд дар пои худ мустаҳкам биистам"

Ҳоло Манижа дар як мактаби миёнаи шаҳри Маскав таҳсил карда аз омӯзгори хусусии мусиқӣ дарс мегирад. Тавре таъкид шуд, дар зиндагии Манижа заҳмату саҳми модари ӯ - Наҷиба Усмонова хеле зиёд аст. Ва ӯ ҳам дар ин қисмати сӯҳбати телефонии мо мегӯяд, ҳадафи аслии ӯ тарбияи хуби духтараш буда, орзу дорад шоҳиди хушбахтиҳои ӯ шавад. Вай ҳам ба ин андеша аст, ки танҳо пешаи ҳунармандро дунбол кардани Манижа дуруст нест:

"Мехоҳам, ки вай ба маънои томаш хушбахт бошад, як зани хушбахт шавад. Ман ба ӯ талқин мекунам, ки пешаи овозхонӣ муҳим нест, одам бояд ҳамаҷониба инкишоф ёбад. Худи ман дар донишгоҳи тиббӣ илми физика ва биофизикаро дарс додам, ман равонпизишк ҳастам ва ҳамаи ин барои ман хеле ҷолиб аст. Барои ҳамин, мехоҳам, ки Манижа аввал худро пайдо кунад, мисли як зан хушбахт шавад, ба шахси дӯстдоштааш бирасад ва фарзандони ӯро ман тарбия кунам. Ва, ростӣ, карераву кор дар пеши бахт як чизи дуюмдараҷа аст. Он ки Манижа ҳоло овозхонӣ мекунад, ин хоҳиш, талош ва як навъ обурӯи ӯст, ки мехоҳад бигӯяд, "ба ҷуз муҳоҷирони корӣ, дар миёни тоҷикон онҳое ҳам ҳастанд, ки дорандаи фарҳанги ғании миллӣ ҳастанд". Ва ман мехоҳам ба вай дар ин ҷода кӯмак кунам. Баъзан дар бораи Тоҷикистон аз мо мепурсанд ва ман мегӯям, ки "Тоҷикистон як кишвари саршор аз созу овоз аст"

Ҳоло Манижа Ҳамроева ё, ба қавли ӯ - Ру.Кола дар сафарҳои ҳунарии шаҳрҳои Русия - Нижний Новгород ва атрофи он ба сар мебарад. Моҳи ноябр қарор аст дар Таллин, пойтахти Эстони ҳам чанд консерт гузорад. Дар баробари оҳангҳои русӣ инчунин таронаҳоеро аз албоми шарқии худ мехоҳад ба ҳаводоронаш пешниҳод кунад. Хонум Наҷиба мегӯяд, ки то охири соли ҷорӣ ният доранд, чанд тарҳи навро роҳандозӣ кунанд, ки ба муаррифии бештари ҳунари овозхонии Манижа вобаста хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG