Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Овозхони дӯстдоштаи Шумо кист?


Ассалому алейкум,
Ман, Манучеҳр, як мухлиси радиои Озодӣ.
Ман ягонтои онҳоро интихоб намекунам, вале гуфтаниям, ҳофизони мо ба маданият мерасем, гуфта, аз ҳамаи марзҳо мегузаранд. Манзурам, сарулибос ва рафтори онҳост.

Манучеҳр
---------------------------------------

Салом.
Ман Манижа Давлатоваро меписандам ва мафтуни садои ӯям . Ман хоҳиш мекунам, дар хусуси он ки Манижа ҳоло дар куҷо зиндагӣ мекунад, малумот диҳед.

Амонулло Раҷабзода,
ноҳияи МАСЧОҲ

---------------------------------------

Ман як ҳофизи хеле ва хеле ҷавонро дар саҳнаи тоҷик дидам, ки матни оҳангҳояш пур аз маънианд. Номи он Шаҳроми Абӯбуакр аст ва дар саҳна танҳо суруди худро мехоҳад ба шунаванда расонад на инки худро намоиш диҳад. Ман имрӯз ҳофизони навбаромад чи мехонанд, намефаҳмам. Масалан Дилноза, боз Дилноза Сафарова, Сӯҳроби Сафарзод, ки духтарон мафтуни кошҳои сиёҳаш гаштаанд, Баҳроми Ғафурӣ, Садриддин Наҷмиддин, Ҳабиба Давлатова, Фарзонаи Хуршед, Шабнами Сурайё ва Дилором Қурбонова, ки танҳо барои ларзондану таккондани чизу чораи худ дар саҳна баромад мекунанд. Ман ба мазмуни сурудҳои Парвина Шукруллоева ягон эрод гирифтанӣ нестам, лекин сару либосаш ба сурудаш дуруст намеояд.

Ман аз назди мағозаҳои фиттафурушии Душанбе гузаштам ва дидам, ки ҷавонону мардон суруди солинавии Шабнами Сурайёро бо завқ тамошо мекунанд. Аз онҳо пурсидам, ки ин суруд ба онҳо писанд аст магар? Онҳо гуфтанд, ки не фақат "формааш". Ман ҳам он баромадро тамошо кардам ва дидам, ки Шабнам танҳо дар 20 фоизи баданаш либос дорад, ҳатто ҳангоми сурудхониаш сари дилаш бозу намоён шуд. Ана онро ҷавонону мардон тамошо мекардаанд. Шармандагӣ.

Соҳибназар, Хоруғ
--------------------------------------

Овозхоне, ки дар Тоҷикистон бо эҳтиром ба худ ва мардум намудор мешавад, Сироҷиддини Фозил мебошад, ки ман давоми 5 сол ин ҳофизи шинохтаро меписандам.

Рустами Иззатулло
аз шаҳри Қӯрғонтеппа

--------------------------------------

Ба фикрам дар ягон саҳнаи ҷаҳон ин хел бемаданиятӣ дида намешавад, ки дар саҳнаи тоҷик.
Ҳамон Фарзона Хуршед ягон продюсер ё режиссёре доранд, рафтори ӯро дар саҳна камтар ба ягон меъёр дароранд. Масалан, мисли Фарзона ягон кас ин хел рафтори ба гуфти руҳо (вулгарни) намекунад.

Дар куҷо дида мешавад, ки пушташонро ба сӯи мардум гардонда суруд хонад ё рақс кунад ё ин ки дам ба дам юбкаю кофтаяшро бо мӯйҳояш соз мекунад. Фарзонаро бо аҳли оилаш аз саҳнаи тоҷик пеш кардан даркор. Шарму ҳаё чӣ шуд.

Бо эҳтиром
Бону
----------------------------------

Ҷоизаи Суруди сол ба Фарзонаҷон дода шавад.
Бо эҳтиром
Билол аз Инглистон
---------------------------------------
Ман ба ҳунар ва рафтори Манижа Давлатова таҳсин мегӯям. Намедонам барои чи имрӯз дар саҳна ӯро кам мебинем. Шояд барои он ки мисли дигар ҳофизон ва ҳофизаҳо"крыша" надошта бошад?

Бахтиёр, Прага
---------------------------------------
Бояд Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Сурайё Қосимоваро аз саҳнаи тоҷик берун кард.

---------------------------------------
Аслан ҳамаи мо артистӣ карда метавонем, аммо ҳар кас барои худ. Аз ин рӯ артистӣ ин касб нест, ки ба он ҷоиза диҳем. Бошанд ҳамашон рӯи саҳна хоҳ Афзалшоҳ, хос Далер.

Морис Ҷералд
---------------------------------------

Ассалому алайкум, ҳамватанони азиз!
Ростӣ, чизе навиштанӣ набудам дар мавриди мусиқии имрӯзи модерни Тоҷикистон. Аммо баъди хондани андешаҳои ҳамватанони азиз мехоҳам чанд нуктаро зикр кунам.
Нахуст ин аст, ки Далер Назаров, бешак, ҳунарманди хуби мост. Аммо мехоҳам тамоми Тоҷикистон ҷамъ шавад ва як суруди нав ва хуби ӯро ном барад. Агар рӯи Худоро гӯем, касе ин корро карда наметавонад. Далер Назар ягон суруди нав ва хуб надорад. Мутаассифона. Ном ҳаст, ҳунар ҳаст, маҳсул нест. Агар Далер монанди Аҳмад Зоҳир, Фарҳоди Дарё ё Гугушу Муин кор мекард, ҷои баҳс набуд, ки ӯро тамоми иронитаборон эътироф мекарданд. Агар ҳадафаш санъати тоҷик мебуд, лоақал худи санъат мебуд, ӯ зиёд меҳнат мекард. Аммо накард. Намедонам, худи ӯ дар ин бора чӣ фикр дошта бошад.

Дуввум, агар суруди тоҷикӣ суруди ҳамин ситораҳое (агар номҳояшонро нависам, чанд саҳифаи интернет банд мешавад, аз ҳамин хотир наменависам) бошанд, ки бародарон дар поён оварданд, пас мусиқии модерни мо ҳанӯз мусиқӣ нест. Намедонам ин чист. Аммо фикр мекунам, як бизнес аст. Духтарони Сурайё Қосимова бо истифода аз нуфузи модарашон рӯйи саҳна меоянд, ҳама имкониятҳоро доранд ва ҳарчӣ хоҳанд месароянд. Аҷаб саҳназеб ҳастанд онҳо. Аммо суруд надоранд. Мисол бисёр. Масалан, «ба русӣ гӯянд я тебя люблю» Айб аст. Ҳадафашон чӣ бошад, агар Худо надонад, мо намедонем. Зеро ин тавр касе суруд намехонад.

Сироҷиддин Фозилов дар интихоби матну суруд хеле чирадаст аст. Аммо садои хуб надорад. Баҳроми Ғафур оҳангҳои хуб дорад, аммо ӯ ҳам садо надорад. Ҳамин тавр Зикруллоҳ. Садриддин садои хуб дорад, аммо суруди хуб не. Овозаи Манижа беҳтар аз сурудаш аст. Бисёр якранганд сурудҳояш. Парвина Шукруллоеваро ҳеҷ намешавад фаҳмид, ки ӯ чаро рӯйи саҳна меояд, чӣ мехонад, ба кадом ҳадаф. Ба фикрам, дар бораи дигарон гап назанем ҳам мешавад. Хулоса, як бозор шудааст мусиқӣ. Ҳар касу молаш ва харидораш.

Ман мусиқиро дӯст медорам. Ҳамаро гӯш мекунам, то як чизи хубе пайдо кунаму ифтихор кунам, ки мо чизе дорем. Ва пайдо ҳам мекунам.
Имсол, ба назарам, се чизи хуб ёфтам.
Аввал, дуэти Кибриё Раҷабова ва Остон Азизов. «Дар манзили Лайлӣ». Офарин, бачаҳо! Ин суруд бояд СУРУДИ СОЛ бошад. Суруд ҳам бамаънӣ ва ҳам тоҷикӣ буд. Дигарон ҳам ҳамин гуна сурудҳо эҷод кунанд, санъати мо гул мекунад.
Дуввум, суруди Суҳроби Маҳмуд «О лайлирӯ». Матни олӣ, садои олӣ. Хиёлам, Сӯҳроб нав як суруди хуб хонд. Ва иншоаллоҳ, боз мехонад.
Саввум, садои зебои Панҷӣ Анаев. Аммо матни сурудҳояш хеле дар сатҳи паст қарор доранд.
Худо ҳофизи шумо!

Мусофир
-------------------------------------

Ҳофизон мурданду ту ҳофиз шудӣ,
Аз кадом қабри куҳан пайдо шудӣ.

Бо ин роҳ аз суханони Дабири Кабир пуштибонӣ мекунам.

Бекназар аз Полша (Лаҳистон)
------------------------------------

Cалом алейкум, кормандони радиои Озодӣ.
Ба назари ман, хонандаи беҳтарини Тоҷикистон шахсест, ки бештар барои зинда кардани фарҳанги тоҷикӣ ва барои ваҳдати мардуми тоҷик месарояд.

Ман бештар Афзалшоҳи Шодиро дар ин мақом мебинам.
Ташаккури зиёд

PS: аз нашри навиштаҳоям дар Озодӣ миннатдор мебошам
Бо эҳтиром.

Умедҷон аз шаҳри Истаравшан.
-------------------------------------
Салом ба ҳама !
Ман мехостам чоизаи суруди сол ба Далери Назар дода шавад, чунки Далер Назар сарояндаи меҳру дарду ишқу одаму одамгариву садоқату муҳаббат ....
ва умумуан Далер ягонаву нотакрор гуям ҳам хато намекунам.

Ин ду се ҳофизакони навбаромаде, ки бо забони адаби ҳарфе зада наметавонанд садқаи ҷоиза шаванд .
Аз шахсони Шабнаму Парвинаро барои чоиза пешкаш кардагихо хоҳиш мекардам ба хатогӣ роҳ надиҳанд, чунки ин қатор хонандаҳо на барои намоиши ҳунари хеш балки барои намоиши бадан ба саҳна мебароянд .
Ё гапам нодуруст?

Зарин
---------------------------------
Ба фикри ман, Фарзонаи Хуршед аз ҳама беҳтар мехонад ва суруди сол ба вай дода шавад.

Амир аз Миср
--------------------------------
Дуруд ба кормандон ва шунавандагон Радиои Озодӣ.
Ба ақидаи ман, чои аввал ба шахсе бояд пешкаш шавад, ки суруде дар бораи Тоҷикистон хонда бошад, ва он суруд ҳам дар берун аз Тоҷикистон ва ҳам дар худи Тоҷикистон миёни ҷавонон шўҳрат пайдо карда бошад. То ҳол суруде нашунидаам, ки дар бораи Тоҷикистон - Ватанам бошад ва маъқули дил бошад. Тамоман чунин суруде нест. ЧАРО? Магар хофизони мо ҳисси милли надоранд? Чаро онҳо бо либосҳои милли намебароянд, то суруд хонанд. Шабнами Сурайёро боре дидам мехонд, оҳанги милли буд, аммо либосҳояш ковбойский буданд. Ба у ҳам намезебид ҳам нафрати кас ба оҳанги миллӣ пайдо мешуд. Ба фикрам нодуруст аст. Чоизабозӣ кардан намеарзад. ба касе додан даркор нест!!!

Тоҷики озод аз ғариби
-------------------------------------
Як овозхон мехонад:
Хор хубай дулона
Кокулша меҷунбона

Ин чӣ маъно дорад, ман нафаҳмидам. Дар як китоб хонда будам, ки Ёр хубай дугона. Ин ҳам шеър шуд?

Биноан, танҳо Далер Назаров, Афзалшо Шодиев, Сурайё Қосимова ва аз хонандагони нав Сироҷиддин Фозилов, Рустам Исоев, Сўҳроби Маҳмуд, Манижа Давлатова, Садриддини Наҷмиддин, Сўҳроби Сафарзод, гр. Эҳсон, гр. Дилноз, гр. Шамс, Меҳрубони Равшан, Баҳроми Ғафур, Шабнами Сурайё барои сурудашон сазовори таҳсинанд, аммо на барои рафтор дар саҳна.

Амбиё Раҳмонзода аз Чин
-------------------------------------

Салом.
Имрӯз шоҳидем, ки аксари ҷавонон саъй мекунанд, худашонро ба ҳунармандон шабеҳ созанд. Аз ин ҷиҳат хеле хуб аст, ки ҳунармандони азиз либосҳои миллӣ ва исломиро, ки ҳамаи мо мусулмон ҳастем ва бо ин ифтихор мекунем, муроот карда, дар фарҳангсозии ҷомеъаи солим саҳим бошанд.
Бо умеди он рӯз
Алиҷон, Душанбе
---------------------------------------

Ба фикри ман, Парвина Шукруллоева беҳтарин аст.

Бобоев
---------------------------------------

Салом ба барномаи Озодӣ!
Ман мехоҳам, ки Ҷоизаи аввал ба Шабнами Сурайё дода шавад, ба шарте агар дар дигар барномаҳояш либосоша иваз кунад, бисёр хуб мешавад.

Давлатшоҳ
---------------------------------------

Ба фикри ман, Ҷоиза ба Далер Назаров дода мешавад. Садои Далер Назаров ҷовидон хоҳад монд.
Бо эҳтиром, шунавандаи доимии радиои Озодӣ дар Конодо

Фазила
--------------------------------------
Cалом алейкум, кормандони радиои Озодӣ.
Ба назари ман, хонандаи беҳтарини Тоҷикистон шахсест, ки бештар барои зинда кардани фарҳанги тоҷикӣ ва барои ваҳдати мардуми тоҷик месарояд.

Ман бештар Афзалшоҳи Шодиро дар ин мақом мебинам.
Бо эҳтиром
Тоҷикписар
---------------------------------------

Ман чӣ бигӯям, ки аз ҳама зӯраш Далер Назар аст, чунки ҳам дар Тоҷикистон машҳур аст ва ҳам дар хориҷа.

Бачаҷон
---------------------------------------
Ягон майда намефаҳмам. Охир шумоён пеш аз оне, ки ин ё он шеърро интихоб мекунед, як бор ба мазмуни он нигоҳ кунед. Айб аз ки мо он қадар классикаву фарҳангу гузашта дорем, вале аз пушти шеърҳои худэчодкардаи шумо баринҳо одамро дилаш мегирад, ки канали ТВ Сафина ва ё 1 ро монад. Боз якташ мехонад: Фарзонаи Хуршед.

Чок локи лок лолай,
У су марав лояй...

О Фарзона? ин қадар номи зебо. Ту чӣ мехонӣ? Айб нест магар?

Тоҷики Бенаво
---------------------------------------

Ба фикрам, Ҷоизаи Суруди Сол танҳо ба Далер Назаров дода шавад. Чунки аз солҳое ки ман худамро мешиносам, Далер Назаров дар саҳнаи тоҷик аст ва то ҳоло бо овоз ва оҳанги дилнишинаш дило моро шод мегардонад.

Овозхонҳои ҳозира бошанд, 1-2 сол мисли оташи алангоро як намоён мешаванду сипас фаромӯш мегарданд.

Мавзуна
----------------------------------------

Ба ман аз овозхонҳо бештар Сироҷиддин Фозилов маъқул аст ва овози худро ба ӯ медиҳам?

Абулфазл Солеҳов, донишҷўи курси 1-ум
------------------------------------------

Салом ба халқи азизи тоҷик ва коркунони радиои Озодй!
Ман ҳамаи сурудҳои тоҷикиро гўш мекунам, вале ба ман бештар сурудҳои клосикӣ маъқул аст, ба монанди "Шашамақом" ва сабки Афзалшоҳи Шодӣ.

Ва бисёр мехоҳам, ки дар озмунҳое монанди "Суруди сол", "Навои дил" ва ғайраҳо танҳо Садриддин, Сироҷиддин, Парвина, Манижа ва Зикруллоҳе, ки як ҷумла ба забони адабӣ гуфта наметавонанд, ҷой дошта бошанд.

Ман овози худро ба Фирӯза Алифова ва Кибриё Раҷабова медодам.

Далер аз Олмон
--------------------------------------

Ман ягонташа нигаҳам намекунам, гўшам намекунам, барои ин ки сурудҳои ягонташ маъно надорад.

---------------------------------------

Назари бисёриҳоро дар ин баҳс хондам. Ҳар касу ҳар фикру хулосае, вале ба як мазмун, ки Далер Назаров ҷои аввал аст. Фикри ман, Далер Назаров ҷои аввал буд ва мемонад то абад. Пас аз ҷои дуввум сар кунем. Беҳтаринон гурўҳи Шамс ва Нобовар Чаноров, гурўҳи Парем, Парвинаи Шукруллоҳ, гурўҳи Авесто лоиқи ҷоизаи хуб ҳастанд.

Дигарон на ба маъно ва на ба оҳанг чизи хубе надоранд.

Боз ҳам садои Баҳроми Мирзошоҳ бароям маъқул шуд. Садои Муборакшоҳро мемонад.

Фарид
--------------------------------------

Салом pадиои Озодӣ.

Мо халқи мусалмон дар хама замон ва макон ба навовариҳо дар соҳаи иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанг зид будем. Ана ҳамин хислати консервативии моро дар ҳар замон миллат ва қавми дуюмдараҷа намуд.

Баъзе бародарон дар инҷо қайд намудаанд, ки оҳанг хубу либос бад. Дар ин масъала ҳаминро гуфтаниам, ки халқи Тоҷик фарҳанги бой ва қадима дорад ва ин маънои онро надорад, ки сарояндаҳо бо оҳангҳои ҷадид ва замонави бояд бо куртаи чакан ё халати зардӯзӣ дар саҳна баромад кунанд.

Баъзе бародарҳо матнҳоро мавриди танқид гузоштааст: Крейг Девид дар сурудаш мегуяд «You are beautiful honey with the beautiful body yeah yeah...» (Ту асалак ва базебак бо тани.......)


Бо эҳтиром
Шӯҳрат
--------------------------------------



Бо салом.
Ман аслан ҳеч кадом аз овохонҳоро намеписандам, чун сабаби асосии фасоди ахлоқии ҷомеъа онҳоро медонам.

Бо эҳтиром
Алиҷон, Душанбе
----------------------------------------


Кормандони мӯҳтарами радиои "Озодӣ"!
Бисёр иқдоми хуб аст, ки чунин саволро ба миён гузоштед, зеро имруз дар кишвар "ҳофизча"-ҳои машҳур зиёд шудаанд, ки баъзеи онҳоро ҳатто ба "ҲОФИЗ" гуфтан ҳам забон намепечад.

Сарояндагони писандидаи ман устодон Ҷӯрабек Муродов ва Афзалшоҳ Шодиев аст, ки бо эшон то ба имрӯз касе баробар нашуд ва гумон аст, ки солҳои наздик бишавад.

Аз эстрадаи муосири тоҷик танҳо гуруҳи шуҳратёри "Иқбол"-ро меписандам, ки шӯҳраташ марзҳоро шикаста, ба қалбҳо ҷо шудааст!

Бо эҳтироми самимӣ,
Шероз БОЗОРОВ
---------------------------------------

Салом, дўстон.
Ман ин сарояндагонро хуб намедонам, вале аз назари ман, касоне лоиқ ҳастанд, ки ҳамеша сурудҳое бо маъноҳои хуб ва ҷолиб меовозанд.

Умари Фозилзод
---------------------------------------
Салом.
Либосҳои ҳофизон аз ҳамаи чаҳорчўбаҳо баромадааст. Агар гуем, ки нишон додани бадан ба мардум маданият аст, пас то ба дараҷаи инсони ибтидоӣ ақиб рафтаем.

---------------------------------------
Дуруд бар ҳунармандон!
Бештар овозхонҳои клосикро меписандам, ҳарчанд худам чавонам. Овозхонеро, ки оҳангеро аз чое медуздаде мехоҳад, бо он машҳур шавад, аслан намеписандам.

Овозхонҳои маҳбуби ман Давлатманд Хол, Парда Қосим, Дӯстмуроди Алӣ, Афзалшоҳи Шодӣ ва монанди инҳо, чунки бо заҳмати зиёд рўи оҳангҳои миллию суннатии мо кор мекунанд.

Ҳамчунин Далери Назар, Сироҷиддини Фозил, Малика, Нигина ва Мастона. Суруди дигарон аслан ба гўшам форам намерасад. Ин навъ хонандаҳо чунон зиёд шудаанд, ки гўё замин кафидаасту овозхон баромадааст.

--------------------------------------


Салом.
Ман мухлиси инҳоям ва мехоҳам ба инҳо Ҷоизаи Суруди Сол диҳанд: Рустам Исоев, Далер Назаров, Манижа Давлатова, Сироҷиддин Фозилов.

Дигарҳо ҳам наҳз ҳаракат кардаанд, аммо бисёре аз сурудҳои онҳо зуд аз байн хоҳанд рафт. Ҳоло муд шудааст, ки шеъри худам, оҳанги худам ва худам мехонам. Ба фикри ман, ин хатои маҳз аст.

Бо эҳтиром
Раҳмонзода Каздонӣ
---------------------------------------

Овозхон дар саҳна бисёр, вале на ҳамаи онҳо овоз дорад. Далер Назаров - ҳам овоз доранд, ҳам оҳанг.

Сахна набояд доим бо як-ду овозхони шинохта мафзун бошад, балки бо санъаткори нав, бо ситораҳои баромадаистода.

ТВ Сафина ва ТВТ ҳар руз бо як ранг баромад доранд: Сурайё, Манижа, Садриддин, ...Авесто, магар ба ғайр аз онҳо дигар кас нест???? Ба куҷо муаллифи мусики нигоҳ дорад, савод дорад он кас? На фақат эстрада, балки оҳангҳои классики ҳам бояд роҳ диҳад ба саҳна, оинаи нилгунро на фақат ҷавонон нигоҳ доранд, балки пиру барно низ.

Бо ин чи гуфтаниам, барномаҳои Тоҷикистон якранг, ҳама дам 3-4 овозхони шинохта дар саҳна.

Саломат бошед.
Бо салом О.Бендер
--------------------------------------

Биёед мавзӯъро фарохтар мегирем.
Инчо шоистасолори омили ҳалкунанда нест.
Агар чунин мебуд, Далер Назаров имруз дар хамаи доираҳо овозхони матраҳ мебуд. Албатта, имруз ҳастанд ҷавононе, ки кушишҳои хуб доранд. Ҳамзамон ҳастанд хонумхое аз кабили Парвина ва Шабнам, ки диққатро пеш аз ҳама бо ҷилваҳо ҷалб карданиянд. Хонум Парвина-ку диққати асосиро кайҳо ҷалб карда буд ва имруз сояи он диққат уро нигаҳбон аст. Хонум Шабнам бошад дар клипи охиринаш воқеан "ҳаёи тоҷиконаро" исбот намудааст. Хулоса интихоби Суруди сол пеш аз ҳама бо гуфтаҳои боло алоқамандӣ дорад.

Эшмат
--------------------------------------

Беҳтарин ва маъқултарин овозхони ман танҳо Далер Назар мебошанд.
Садои Далер бимонад ҷовидон...

Қадамов
--------------------------------------


Саҳна саҳнаи Файзалӣ Ҳасану Давлатманди Хол ва Зикруллову дигарон шудааст. Касе ба Асадулло Раҳмон маъқул бошад, вай ба онҳо майдон медиҳад ва ситора месозад.

Айб аст ки Далер Назар унвон надораду Сироҷидину Бахтиёру Парвинаю Дилором Ҳунарпешаи шоиста ҳастанд.

Аслан ҳар кас суруди сари подаро хонда метавонад унвон мегирад. Ба ғайри Далер ва Субҳон Саид, Сангали ва Садриддин дигар ҳофизи ҳалоле дар эстрада нест.

Тешаалии Таваралӣ
---------------------------------------

Аз овозхонҳои имрӯзаи мо камина танҳо Далери Назарро меписандам.

Аз он сабаб, ки сарраввал, матни сурудҳои Далер бештар аз адибони классикии дӯстдоштаи мо ҳастанд, яъне кас на танҳо аз мусиқа, балки аз маънои суруд низ лаззат мебарад. Махсусан, он сурудҳои ирфони аз ашъори Хоҷа Ҳофиз, Ҳилолӣ, Рӯдакӣ.

Бисёр мехостам, ки Далер ягон суруди тозаро эчод мекард ки дар озмун ҷои аввалро мегирифт, мутаасифона, вақтҳои охир ҳофизи мазкур на он қадар фаъол аст ва он чизро бояд қайд кард ки агар эҷод мекард ҳам ҷои аввал намегирифт, чунки аксари ҷавонони ҳозира он овозхонони ҷадидро ки на сурудашон маъно дораду, на мусиқаашон форам аст меписанданд. Ва чунин ваъзият боиси таассуф аст.

Бо эҳтиром,

Саидэраҷ
--------------------------------------

Ҳамаашон хубанд. Хоҳ ба хотири сарват бошад, хоҳ ба хотири ном, кор мекунанд. Фикр мекунам нафаре, ки руи саҳна омад, ба худ бовар доштааст ва маҳз ба хотири ин бовар наметавон онҳоро номақбул донист. Аслан камҳунар ва ҳунарманд будани ҳар якеи онҳоро мухлисон баҳо медиҳанд. Ман баҳои умуми додам. Танҳо каме бо матни сурудҳо кор кардан даркор, боқи муваффакият.

Шӯҳратшоҳи Пушёнӣ
---------------------------------------

Салом ба ҳама.
На танҳо Далер Назару Манижа Давлатова, Садриддину Зикруллоҳ, балки боз ҳастанд нафароне ки ба чоиза лоиқанд, ба монанди Фируза Алифова, гр. Авесто, Рустам Исоев, гр. Эҳсон, Сироҷиддин Фозилов, гр. Дилноз, Шабнами Сурайё ва дигарон.
Бо эҳтиром

Сарвиноз
---------------------------------------


Манижа Давлатова
Шабнами Сурайё

Фирдавс
--------------------------------------

Ба фикри ман, Ҷоизаи Суруди Сол бояд ба Далери Назар дода шавад. Албатта, боз онҳое ҳам ҳастанд, ки лоиқанд.

Манижа, гр. Эҳсон, Садриддини Наҷмиддин, Сироҷиддини Фозил, Рустам Исоев, Шабнам, Парвина, гр. Дилноз, гр. Шамс, Зикруллоҳ, гр. Вазир ва ғайра.

Шахсан ман мухлиси Далери Назар, Рустам Исоев ва Манижа Давлатова ҳастам.
Бо эҳтиром, шунавандаи доимии Озодӣ

Рустамҷон Раҳмонзода
--------------------------------------


Салом ба кормандони Радиои Озодӣ ба Шумо дар фаъолиятатон бурдбори ва мувафаққият хоҳонам.

Сарояндаи писандидаи ман Шабнами Сурайё мебошад, ки у тавонист дар муддати кӯтоҳ мухлиси бисёр пайдо намуда, ба дилҳо ҷой гирад.

Ҳамзамон мехоҳам қайд намоям, имрузҳо бисёре аз сарояндагон «сурат доранду сират не» ва «овоз доранду сираташон камчин» мебошад. Мумкин овоз доштану сират надоштан ин аз ситора буданашон вобастааст, аммо дар ҳар сурат чун дар бозор мегуянд «муштари ҳама вақт ҳақ аст» дар ин соха бояд шунаванда ҳама вақт ҳақ бошад.

Далер Назарро бисёр меписандидам, аммо пас аз шоҳид шуданам ба густохии у ба мухлисаш эътиқодам сифр шуд.

Ташаккури зиёд
PS: аз нашри навиштаҳоям дар Озодӣ миннатдор мебошам

Бо эҳтиром,
Баҳром Зарипов, шаҳри Душанбе
--------------------------------------

Пеш аз ҳама тарзи либоспўшии овозхонҳои мо маро ба ташвиш меорад. Махсусан бонувон, ки либос дар тани онҳо то рафт камтару камтар мешавад. Бояд фарҳанги либосро ҳам донисту риоят кард ва ё Вазорати фарҳанг низ ба ин масъала эътибор диҳад.

Овозхонҳои беҳтарин аз нигоҳи ман:
Далер Назаров
Гр. Дилноз
Садриддини Наҷмиддин
Манижа Давлатова
Рустам Исоев
Гр. Эҳсон
Парвина Шукруллоева (баҳои суруд оҳанг 5, либос 2)
Шабнами Сурайё (суруд 5, либос 2)
Сўҳроби Сафарзод
Сўҳроби Маҳмуд
Гр. Авесто
Гр. Вазир бо Ҷўрабек Муродов
Фирўза Алифова
Зикруллоҳ Ҳакимов (суруд оҳан нағз, либос 2)

Бо эҳтиром мухлиси Озодӣ
Каздонӣ
---------------------------------------

Мехоҳам суол кунам, ки оё одоби либос низ ба шароити озмун ворид аст ё на? Зеро либосе ки овозхонҳо ба саҳна мебароянд ё рўи навор меоянд, бисёр ношинам ва чашмхарош аст.

Амбиё Раҳмонзода
---------------------------------------

Дуруд бар Шумо!
Аз миёни овозхонҳои имрӯзаи тоҷик овозхони писандида надорам, агарчӣ таронаи куллияи онҳоро гӯш мекунам. Аз ин рӯ, ба суоли Шумо дақиқ посух гуфта наметавонам. Фақат метавонам матни як суруди беҳтарин овозхонҳои имрӯзи тоҷик - Баҳром Ғафурӣ ва Шабнами Сурайёро фиристам, ки онҳо барандагони ҷоизаи «Суруди сол» ва «Навои дил»-анд:

"Чак-чаки борон сар меша,
Рӯ шонаҳот тар меша,
Аз гиряҳои нозат,
Ду чашмакот тар меша,
Ишқаки ту сар меша.
Вой, ту нагӯ, нагӯ, нагӯ: на, намешам,
Боз ту биё, нару, нару ту зи пешам.
Боз ту биё,
Аге наоёӣ ту, сарсон мешам.
Ишқи ман, ишқи ман, ишқи ман...

Тики тики қалбум пайдо шуд,
Бо ишқаке шайдо шуд,
Муборак бод, азизам,
Ишқаки ту фаро шуд,
Бо дарду ғам ҳамроҳ шуд.
Боз ту нагӯ, нагӯ, нагӯ: на, намеша,
Боз ту биё, нару, нару ту зи пешам.
Боз ту биё,
Аге наоёӣ ту, сарсон мешам.
Ишқи ман, ишқи ман, ишқи ман..."

Магар ҳамин матнро писандидан ва ё интихоб кардан мумкин аст? Ин матн ҳатто барои он деҳқоне, ки ҷуз каланду бел чизи дигареро намедонаду намешиносад, писанд намеафтад. Шояд, Шумо назари дигар доред?

Дабири Кабир, Душанбе
---------------------------------------

Ман ба гурўҳи Назир овоз медиҳам, барои суруди "Модар"

Фаридунҷон аз Қўрғонтеппа, ҳоло дар Миср
---------------------------------------
Ман аз овозхонҳои тоҷик Сироҷиддини Фозилро меписандам. Ин андешаи шахсии ман аст, боз намедонам.
---------------------------------------


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG