Пайвандҳои дастрасӣ

Ғулғула ва рез-рези табли ҳиндӣ


Шевраҷ Тарҳери 12-сола аз зумраи он кӯдакони ҳиндустонист, ки аз ҳунарҳои мардумӣ ва санъати касбии миллӣ ва асбобҳои сирф шарқӣ арҷ мегузорад.

Теъдоди чунин атфол ахиран дар ҳоли афзоиш аст. Дар Ҳиндустон низ – чун дар дигар кишварҳои шарқӣ – раванди тақлиду пайгирӣ аз мусиқии ғарбӣ, ба истилоҳ, мӯд аст, вале, ба гуфтаи коршиносон, эҳёи суруд ва мусиқии миллӣ дар кишвар низ мушоҳида мешавад.

Мусоҳиби хурдсоли ман Шевраҷ мегӯяд, ӯ танҳо таблро дӯст медорад ва мехоҳад, имкониятҳои ин созро комилан аз бар кунад: «Ман аз тифлӣ пайваста табақу коса ва дигар зарфҳоро тақ-тақ мезадам ва ягон оҳанг меофаридам. Рӯзе модарам ин шуғлро дида, маро ба Академии ҳунарҳои мардумии Панаҷӣ овард. Аз ҳамон рӯз ман назди бузургтарин таблнавозон машқи маҳорат мекунам. Бовар кунед, табли ҳиндӣ чизи дигар аст ва ман аз ҳар расиши ангуштон ба табл эҳсос мекунам, ки бо ҳар зарб фикрҳои ман тоза мегарданд…»

Шевраҷ шогирди Академии Қалъаи Панаҷии вилояти Гоаи Ҳиндустон аст. Ҷитендар Дешправу, раиси ин академия, мегӯяд, ҳадафи аслии ин ҳунаргоҳ, ки 20 сол муқаддам бунёд шудаааст, ҳифз ва эҳёи санъати мардуми Ҳинд аст: «Дар ин марказ мо ба ҳунарҳои миллӣ арҷ мегузорем. Дар инҷо тамомии анвои санъати мардумӣ ва асбобҳои миллӣ омӯхта мешаванд. Марказ амсоли як саҳнаест, ки дарҳои он ба рӯи ҳама наврасон боз аст. Дар инҷо кӯдакон аз рақсу таронаҳои ҳиндӣ низ сабақ мегиранд».

«Раҳа Малҳар» суруди клоссики ҳиндист, ки гунае тавъамӣ ба «Шашмақом»-и тоҷикӣ дорад. Маҳеш Кумар, устоди раҳа малҳар ва ситор, яке дигар аз мутрибони маъруф аст. Ӯ мегӯяд, таронаҳои клоссики ҳиндӣ, ки саршор аз фалсафаи сеҳазорсолаанд, мутаассифона, ба дунёи фаромӯшӣ мераванд ва насли наврас ба онҳо камтар таваҷҷуҳ дорад. Вале Кумар хушбин аст: «Мо ҷавононро бояд бештар ба омӯзиши мусиқии қадимаи ҳиндӣ ҷалб кунем, ва он вақт, ман мутмаинам, онҳо бармегарданд. Ман хушбинам ва ба насли наврас бовар дорам…»

20 сол муқаддам бо амри Вазорати маорифи кишвар омӯзиши санъати мардумӣ дар тамомии мактабу мадрасаҳо ва коллеҷҳои кишвар роҳандозӣ гардид. Танҳо дар факултаи мусиқии миллии Академии Қалъаи Панаҷӣ беш аз 400 кӯдаку наврас ва ҷавонон сабақ мегиранд. Синни донишҷӯён мухталиф аст. Дар инҷо, ба гунаи мисол, дар як синфхона аз 4 то 18-сола сабақ мегиранд. Муҳим сатҳи дарк ва касбияти толибилм аст. Дар баробари мусиқй, дар ин марказ ҳамзамон аз ҳунари кулолгарӣ, буттарошӣ ва пайкарасозӣ низ сабақ мегиранд. Бахшҳои ҳунарӣ хеле зиёданд ва ҳар кӯдак дар синфхонаи алоҳида назди устоди вижа сабақ мегирад.

Шевраҷ ҳамакнун ба нахустин консерти худ омодагӣ мегирад. Ӯ мегӯяд, ҳунарнамоӣ дар толори ин даргоҳи ҳунар нахустин қадами ӯ сӯи саҳнаи бузург аст: «Ман орзу дорам, ки рӯзе дар саҳнаҳои бузурги олам бо табл ҳунарнамоӣ кунам. Ин орзуи дили ман аст».

XS
SM
MD
LG