Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 оила аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд


Масъулони Кумитаи муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба далели таҳдиди амниятӣ бештар аз 70 хонавода аз Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд. Асадулло Ваҳоҷ -- раиси Маҷмаи "Ориёно" ё Кумитаи муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон, рӯзи 14 август ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин афрод, ки миёнашон кӯдакону ҷавонон ва мардону занон ва пиронсолон ҳастанд, аз манотиқи мухталифи Азфғонистон, ҷумла шимол омадаанд". Аммо оқои Ваҳоҷ гуфт, ин афрод ба таври қонунӣ ва бо дарёфти визаи консулгариҳо ва ё сафорати Тоҷикистон дар Кобул дохили Тоҷикистон шудаанд ва ҷои нигаронӣ надорад. Ба иттилои раиси Кумитаи муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон, ҳоло дар маҷмӯъ 3000 гурезаи афғон дар кишвар зиндагӣ дошта, 500 тани дигар паноҳҷӯ будаанд.

XS
SM
MD
LG