Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургмеҳр Ёров номзад ба вакилӣ шуд


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи шинохта, аз роҳи худпешбарӣ дар ҳавзаи якмандатии рақами 8-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагон сабтином шудааст. Номи Ёров қаблан дар феҳристи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ҳам ҷой гирифта буд.

Ин вакили мудофеъ мегӯяд, барои сабтиномаш дар ҳавзаи якмандатии рақами ҳашти ноҳияи Рӯдакӣ, ки бештар бо номи “Сомон” маъруф аст, 670 имзо ҷамъоварӣ кардааст. Ҳавзаи якмандатии рақами 8-и ноҳияи Рудакӣ аз 78 участкаи интихоботӣ иборат мебошад.

Бузургмеҳр Ёров ҳоло дар созмони “Сипар” фаъолият дорад ва бештар дар баҳсҳои пурсарусадои додгоҳӣ аз ҷабрдидаҳо ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG