Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани ҲСДТ ба таъхир афтод


Анҷумани қаблазинтихоботии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки қарор буд рӯзи 20 декабр баргузор шавад, бинобар пайдо накардани толор, барои як ҳафта ба таъхир уфтодааст. Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 19 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди он, ки Иттифоқҳои касабаи Душанбе барои баргузории анҷумани ин ҳизб аз додани толори худ даст кашид, то кунун толоре пайдо накарданд ва маҷбур шудаанд рӯзи баргузории анҷуманро ба 27 декабр таъин кунанд. Оқо Зоиров афзуд, "ҳатто 27 декабр ҳам дақиқ нест, ки анҷуманро дар куҷо баргузор кунем, чунки ба муроҷиатҳои пайдарпайи мо посух намедиҳанд". ”Вай гуфт, ки агар то 27 декабр толори муносиб пайдо карда нашуд, имкон дорад дар қароргоҳи ҳизб анҷуманро баргузор кунанд. Раҳматулло Зоиров қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки масълуони Иттифоқҳои касаба бо онҳо дар тамос шуда ва иттилоъ додаанд, ки дархости онҳо барои баргузории Анҷуман қаблазинтихоботӣ, ки қарор буд рӯзи 20 декабр баргузор шавад, радд шудааст. Ба гуфтаи раиси ҲСДТ, онҳо қаблан бо масъулони Иттифоқҳои касаба барои баргузории анҷуман қарордод ба имзо расонида ва барои толор 1300 сомонӣ пардохт карда буданд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раиси ҲСДТ, онҳо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва меҳмонони дигарро барои ширкат дар анҷуман ба ин толор даъват карда буданд.

XS
SM
MD
LG