Пайвандҳои дастрасӣ

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, ки дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, иттиҳоми бисёрзаниро рад кардааст.

Гуруҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон ва додситонии шаҳри Душанбе дар мавриди айбномаи бисёрзании Зайд Саидов дар СИЗО ё боздошгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро бозпурсӣ карданд.

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов рӯзи 4-уми июл ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи чаҳоршанбе дар боздоштгоҳи Кумитаи амният муфаттишон танҳо дар масъалаи бисёрзанӣ бо зерҳимояи ӯ мулоқот карданд: «Зайд Саидов комилан ҷурми серзаниро рад кард ва вай гуфт, ки ҳамзамон бо ду зан зиндагӣ надоштааст ва ин айбномаро дар нисбати худ беасос шуморид.»

Ба гуфтаи вакили дифоъ, суолҳо дар мавриди бисёрзаниро аслан муфаттиши lодситонии шаҳри Душанбе ба Зайд Саидов медод, зеро айбномаи бисёрзанӣ дар нисбати ӯро lодситонии пойтахт эълон карда буд: «Зайд Саидов гуфт, ки танҳо пас аз бурида шудани ақди никоҳ бо зани аввалааш бо хонуми дигараш зиндагӣ кардааст ва хоҷагии хонаводагиро таъмин мекардааст. Ҳамин тавр бо зани сеюмаш низ танҳо пас бекор шудани ақди никоҳ ва пошида шудани зиндагии якҷояи заношавҳарӣ бо зани дуввумаш, зиндагӣ доштааст.»

Исҳоқ Табаров гуфт, ки суолу ҷавоби муфаттишон бо зерҳимояаш хеле оромона буд ва бидуни фишор гузаштааст.

Як иттиҳоме, ки зидди Зайд Саидов, соҳибкори шинохтаи тоҷик ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, эълон шуда буд, бисёрзанист. Додситонии шаҳри Душанбе, ки рӯзи 11 майи соли равон аз оғози парвандаи бисёрзанӣ алайҳи Зайд Саидов тибқи банди 170-уми Кодекси ҷиноӣ хабар дод, рӯйхати 4 нафареро ҳам нашр кард, ки ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамсарони Саидов мебошанд.
Ахиран ҳамсарони Зайд Сидов низ дар бозпурсии муфаттишонни Додситонии шаҳри Душанбе зиндагии якҷояи чандҳамсарӣ бо Зайд Саидовро рад карда буданд.

Мушкилоти Зайд Саидов вақте оғоз ёфт, ки ӯ рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Рӯзи 11 май, вақте ӯ дар сафари Аврупо буд, додситонии Душанбе алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда кушода, манзилҳояшро кофтукоб ва наздиконашро бозпурсӣ кард. Ҳамон рӯз Ожонси мубориза бо фасод ҳам аз ифтитоҳи парванда алайҳи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни сохтмони “Душанбе-Плаза” - баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон хабар дод.

Зайд Саидов рӯзи 19 май баъди бозгашт дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Зайд Саидов иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд мекунад ва чандин бор гуфтааст, ки таъқибу боздошти ӯ мустақиман ба азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад. Наздиконаш мегӯянд, баъди боздошти Зайд Саидов ва санҷиши тамоми ширкатҳои марбут ба ӯву наздиконаш шумори коргарони ин ширкатҳо, ки дар гузашта то ба 3000 нафар мерасид, ба шиддат коҳиш ёфта, ҳоло ҳамагӣ ҳудуди 200 нафар мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG