Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қазияи Зайд Саидов: Шикоят аз Кумитаи андоз ба ... Кумитаи андоз


Фахриддин Зокиров

Фахриддин Зокиров

Ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” аз натоиҷи санҷиши фаъолиятҳояш ба Кумитаи андози Тоҷикистон расман шикоят бурдааст.

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеъи Зайд Саидов рӯзи 2 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат алайҳи санаде, ки аз “Тоҷсохтмон байналмилал” барои напардохтани молиёт ҳудуди 16 миллион сомонӣ ҷарима тақозо мекунад, ба худи ин Кумита расман шикоят навиштааст. Ба гуфтаи оқои Зокиров, “Кумитаи андоз бояд дар зарфи як моҳ ба мо ҷавоб гардонад, ки шикояти моро қабул кард ё накард. Баъди як моҳ, ҳатто агар қабул ҳам накунад, бар асоси ҷавобе ки онҳо медиҳанд, мо ҳаққи муроҷиат ба додгоҳро пайдо хоҳем кард.”




Вакили мудофеъ таъйид кард, ки Кумитаи андоз ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”-ро тақрибан 15,8 миллион сомонӣ, муодили 3,3 миллион доллар ҷарима бастанист. Ин дар ҳолест, ки Саидаҳтам Абдуллоев, раҳбари раёсати хидматрасонии андози Кумитаи андоз рӯзи 1 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷиши фаъолиятҳои молии ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ, аз ҷумла тафтиши “Тоҷсохтмон байналмилал” ҳанӯз пурра анҷом наёфтааст ва ҳаҷми ниҳоии ҷаримаи ин корхона танҳо бо анҷоми тамоми санҷишҳо ва судури қарори мушаххас хоҳад шуд.




"Тоҷсохтмон байналмилал" аз маъруфтарин ширкатҳо дар бозори сохтмони Тоҷикистон ба шумор рафта, "Душанбе - Плаза" - бузургтарин бинои пойтахти Тоҷикистон, як қисми маҷтамаъи истиқоматии "Пойтахт-80", маркази тиҷоратии "Пойтахт" дар шафати варзишгоҳи "Спартак", маркази тиҷоратии "Соҳибкорон" дар маҳаллаи "8 март" ва силсилаи биноҳои истиқоматӣ дар паси ҳайкали Ибни Синоро ҳамин ширкат сохтааст.

Фахриддин Зокиров гуфт, бори охир бо муваккилаш Зайд Саидов рӯзи ҷумъаи 28 июн ва он ҳам дар ҷараёни як ҳаракати тафтишотӣ мулоқот кардааст: “То имрӯз ба мо ваъда дода истодаанд, ки мо мулоқоти якбаяки шуморо иҷозат медиҳем. Ҳам сардори тафтишот Холмуродов ваъда кард, ҳам муовини раиси Ожонси зиддифасод Милопар Бандишоев ваъда кард, ки мо ҳатман кӯшиш мекунем, ки ҳуқуқи шумову ҳуқуқи Зайд Шерович поймол нашавад, якбаяк мулоқот кунед. Вале афсӯс, ки то имрӯз ягон натиҷа нест.”

Ожонси зиддифасод, ки алайҳи Зайд Саидов

Зайд Саидов

бар асоси даъвои мудири собиқи корхонапи кимиёвии Исфара Низомхон Ҷӯраев айбнома эълон карда буд, ахиран эълон кард, ки ба зидди ин соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон як шаҳрванди Украина Иван Коретский ва шаҳрванди Қазоқистон Серикбол Окушев низ баёнот додаанд. Бино ба ин манбаъ, Коретский ду сол пеш ба Зайд Саидов 1,070 миллион доллар ва Окушев барои мусоидат ба дарёфти муҷаввизи истихроҷи маъдан аз кони тилои Чореи ноҳияи Айнӣ дар ду навбат 1,5 миллион доллар додаанд. Зайд Саидов ин иттиҳомотро радд мекунад.

Фахриддин Зокиров низ ба Озодӣ гуфт, Зайд Саидов дар ҷараёни бозпурсӣ гуфтааст, ки Коретскийро аслан намешиносад. Окушев, ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон соҳибкорӣ мекард ва бо Саидов низ тамос доштааст, вале “он далелҳое ки мегӯянд, ягон асоси воқеъӣ надоранд. Фақат як иддаои хушку холӣ ки ман ба фалонӣ дар фалон ҷо ҳамин қадар маблағ додам. Чӣ далел дорӣ? Далел надорам. Ягон далеле надоранд, ки даъвояшонро асоснок кунад. На ягон забонхат, на ягон шартнома, на ягон шоҳид. Баъдан, агар аҳамият диҳед, барои чӣ даъвогарон ҳама аз хориҷ пайдо шуда истодаанд, на аз дохили ҷумҳурӣ? Ин ҳам шубҳаовар аст.”

Фахриддин Зокиров гуфт, онҳо умедворанд, ки қазияи Зайд Саидов дар як додгоҳи одилона баррасӣ шавад, вале ҷараёни тафтишот, поймол шудани ҳуқуқи ӯ, аз ҷумла ба мулоқоти якбаяк бо вакилони мудофеъашу мулоқот бо наздикон ва ҳамин тавр, худи табиати низоми тафтишотиву додгоҳии Тоҷикистон умеди зиёдеро барои як муҳокимаи мунсифонаи ин қазия боқӣ намегузорад. Фахриддин Зокиров низ бар ин назар аст, ки азбаски таъқибу боздошти Зайд Саидов бар асоси тасмими сиёсист, раҳоии ӯ низ метавонад танҳо дар сурати иттихози чунин тасмими сиёсӣ воқеъ шавад, на аз тариқи додгоҳ: “Азбаски аз ҳисоби ҷурмҳои ҷиноӣ далелҳо бақувват нестанд, шояд бо ягон талабҳои сиёсӣ ба анҷом бирасад ин кор.”

Дар бораи таҳдиди 16 миллион ҷарима барои напардохтани андоз ибтидо наздикони Зайд Саидов хабар доданд. Чунин ҷаримаи, ба гуфтаи онҳо, "дар таърихи кумитаи андози Тоҷикистон бесобиқа" дар пайи санҷиши фаъолияти дастикам 5 соли охири ин ширкати сохтмонӣ тақозо мешавад.



Ҳамин тавр, ба гуфтаи наздикони Зайд Саидов, мақомоти як ниҳоди вижаи арзёбӣ, ки марбут ба вазорати адлия будааст, ду манзили марбут ба хонаводаи ин соҳибкори боздоштшударо “чену чӯб” ва нарх кардаанд. Наздикони Саидов мегӯянд, яке аз ин манзилҳо манзили сехонагие дар маркази Душанбе, дар рӯбарӯи чойхонаи “Роҳат” буда, манзили дувумаш, ки ду манзили 3- ва 2-ҳуҷрагиро як карда буданд, дар маҳаллаи 91-ум воқеъ будааст.


Фирӯза Юнусова

Фирӯза Юнусова

Яке аз наздикони Зайд Саидов рӯзи 1 июл ба Озодӣ гуфт, манзили воқеъ дар маҳаллаи 91-ро ду нархи алоҳида карданд, зеро дар ҳуҷҷатҳо чун ду манзил сабт шудааст. Ҳарду хона ба номи Фирӯза Юнусова, модари 3 фарзанди Зайд Саидов сабт шудааст. Фирӯза Юнусова моҳе пеш дар як сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, агар манзилу корхонаҳои марбут ба ӯро дар чорчӯби парвандаи Зайд Саидов мусодира кунанд, аз худ дифоъ хоҳад кард, зеро ин молу мулкро ӯ худаш харидааст.

Наздикони Зайд Саидов, эъмоли ҷаримаҳои ҳангуфт ба ширкатҳое, ки ба гунае ба номи ӯ пайванд мегиранд, ва ҳамин тавр, “чену чӯб” ва нарх кардани молу мулки марбут ба ӯву наздиконашро “идомаи фишори рӯҳиву молӣ” болои ин соҳибкор ва аҳли хонаводааш меноманд. Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи мақомот аз ин ҳама бо тарсондани онҳо аз хатари мусодираи молу мулк ва ба истилоҳ “луч карда партофтан” шикастани Зайд Саидов аст.


Душанбе - Плаза

Душанбе - Плаза

Мушкилоти Зайд Саидов вақте оғоз ёфт, ки ӯ рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Рӯзи 11 май, вақте ӯ дар сафари Аврупо буд, додситонии Душанбе алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда кушода, манзилҳояшро кофтукоб ва наздиконашро бозпурсӣ кард. Ҳамон рӯз Ожонси мубориза бо фасод ҳам аз ифтитоҳи парванда алайҳи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни сохтмони “Душанбе –Плаза” - баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон хабар дод.

Зайд Саидов рӯзи 19 май баъди бозгашт дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Зайд Саидов иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд мекунад ва чандин бор гуфтааст, ки таъқибу боздошти ӯ мустақиман ба азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад. Наздиконаш мегӯянд, баъди боздошти Зайд Саидов ва санҷиши тамоми ширкатҳои марбут ба ӯву наздиконаш шумори коргарони ин ширкатҳо, ки дар гузашта то ба 3000 нафар мерасид, ба шиддат коҳиш ёфта, ҳоло ҳамагӣ ҳудуди 200 нафар мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG