Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидастаӣ бо пирӯзии мунтахаби Чин ба анҷом расиданд. Тими Тоҷикистон аз ин мусобиқот бе медал бармегардад.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 17-ум то 27-уми август дар Нанҷинг баргузор шуданд, беш аз 3800 варзишгари синнашон аз 14 то 18-сола аз 204 кишвар барои 222 маҷмӯи ҷоизаҳо дар 30 намуди варзиш рақобат карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо касби 38 медали тилло, 13 нуқра ва 14 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Русия (27-19-11) дар мақоми дувум қарор гирифт. Мақоми севумро мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (10-5-7), мақоми чорумро - Фаронса (8-3-9), мақоми панҷумро – Ҷопон (7-9-5), мақоми шашумро – Украина (7-8-8) азони худ карданд.

Аз рӯи шумораи умумии медалҳо низ мунтахаби Чин (65) мақоми аввалро касб намуд. Русия (57) дувум ва Олмон (25) севум шуданд.

Ҳамагӣ варзишгарони 87 кишвар соҳибони медалҳои олимпӣ гардидаанд. Намояндагони 52 кишвар бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд, аз он ҷумла дар байни онҳо варзишгарони 9 кишвари собиқи шӯравӣ ҳастанд. Умуман варзишгарони 12 кишвари собиқи шӯравӣ медалҳои Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасонро ба даст овардаанд. Вале намояндагони се кишвар – Тоҷикистон, Туркманистон ва Эстония – медал нагирифтанд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби собиқ кишварҳои шӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 2. Русия (27-19-11). 6. Украина (7-8-8). 10. Озарбойҷон (5-6-1). 14. Беларус (4-3-0). 18. Литва (3-2-2). 21. Қазоқистон (3-1-4). 27. Узбакистон (2-3-3). 29. Арманистон (2-2-3). 43. Молдова (1-1-1). 58. Гурҷистон (0-2-1). 74. Қирғизистон (0-1-0). 85. Латвия (0-0-1).

Тими Тоҷикистон дар Нанҷинг

Тими Тоҷикистон дар Нанҷинг

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон 8 варзишгар дар 7 намуд – гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ ва шиноварӣ – дохил буданд.

Дар байни варзишгарони тоҷик се нафар дар сабқати гуштии юнониву румӣ ва гуштии озод, ки барои медалҳои биринҷӣ талош карданд, ба натиҷаҳои нисбатан хубтар ноил шуда, ҷойҳои чорумро касб намуданд.

Фаррухи Салим дар сабқати дзюдо дар вазни то 81 кг дар даври аввал аз Усома Маҳмуд Санусӣ аз Тунис шикаст хӯрд. Баъдан вай дар ду қувваозмоӣ бар Маттиас Куусик аз Эстония ва Ҷозе Басили аз Бразилия пирӯз шуд. Вале Фаррух дар қувваозмоии чорумаш аз Луис Криебер-Гагнон аз Канада мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми 9-умро касб кард.

Ҷаъфар Шерматов дар сабқати тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр бо 521 имтиёз дар байни 20 нафар дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум шуд.

Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр миёни духтарон рақобат кард. Вай бо натиҷаи 10 дақиқаю 11,6 сония дар байни 20 нафар ҷойи 15-умро соҳиб шуд ва аз ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ маҳрум гашт. Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини Меҳрангез аз ин пеш 10 дақиқаю 31 сония буд.

Карина Климик дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод миёни духтарон бо натиҷаи 31,94 сония дар байни 48 нафар ҷойи 42-юмро гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд.

Аниса Замирова дар камонварӣ бо 599 имтиёз дар байни 32 нафар ҷойи 29-умро гирифт. Сипас ӯ дар сабқати инфиродӣ дар даври хориҷшавӣ аз рақибаш Алисия Марин (Испания) бо ҳисоби 0-6 шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳо бенасиб монд.

Равзатуллоҳ Исоев дар сабқати гуштии юнониву румӣ дар вазни то 42 кг дар аввалин қувваозмоияш аз рақиби худ Сюн Ри аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0-4 шикаст хӯрд. Баъдан вай бар гуштигири Мексика Алфонзо Эмилио Перез бо ҳисоби 4-0 пирӯз шуд. Вале Равзатуллоҳ қувваозмоиро барои медали биринҷӣ ба варзишгари Украина Алексей Масик бо ҳисоби 1-3 бохт ва дар натиҷа мақоми чаҳорумро касб кард.

Тоҳирҷон Охонов дар сабқати гуштии юнониву румӣ дар вазни то 85 кг дар қувваозмоии аввалинаш бар Чей-Хёнг МсМур Виау аз Самоаи Амрико бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард, вале дар даври баъдӣ аз намояндаи Русия Марк Бемалиён бо ҳисоби 1-4 мағлуб гашт. Сипас Тоҳирҷон дар даври навбатии марҳилаи интихобӣ бар варзишгари Канада Романдин Хеҳира бо ҳисоби 4-0 ғолиб омад ва барои медали биринҷӣ бо Аҳмад Аҳмад аз Миср мубориза бурд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии паҳлавони ҷавони мисрӣ бо ҳисоби 4-0 хотима ёфт. Тоҳирҷон дар ҷойи чорум қарор гирифт.

Фирӯз Ёқубов дар риштаи гуштии озод дар вазни то 100 кг дар аввалин қувваозмоияш бар Муҳаммад Розиқулиеви туркман бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад. Баъдан вай бар гуштигири Австралия Бен Пратт бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард. Вале ӯ дар қувваозмоии севумаш барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ аз Дмитрий Кикуста аз Молдова бо ҳисоби 0-4 шикаст хӯрд. Сипас Фирӯз барои медали биринҷӣ бо варзишгари Миср Абдулло Элгизавӣ қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 1-4 мағлуб шуд ва дар натиҷа ҷойи чорумро гирифт.

Имрӯз, 28-уми август, дар Нанҷинг маросими ботантана пӯшидашавии Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG