Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт варзишгари тоҷик бе медал монданд


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин дар риштаи гуштии юнониву румӣ бе медал монданд.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг боз ду варзишгари тоҷик - Равзатуллоҳ Исоев ва Тоҳирҷон Охонов - дар риштаи гуштии юнониву румӣ ноком шуданд.

Имрӯз, 25-уми август, нахуст Равзатуллоҳ Исоев дар рақобатҳо дар вазни то 42 кг дар аввалин қувваозмоияш аз рақиби худ Сеунг Ри аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0-4 шикаст хӯрд. Баъдан вай бар гуштигири Мексика Алфонзо Эмилио Перез бо ҳисоби 4-0 пирӯз шуд. Вале Равзатуллоҳ қувваозмоиро барои медали биринҷӣ ба варзишгари Украина Олексий Масук бо ҳисоби 1-3 бохт. Дар вазни то 42 кг Сеунг Ри (Кореяи Шимолӣ), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Фотеҳ Аслон (Туркия) дастболо шуд, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Тоҳирҷон Охонов бошад, дар рақобатҳо дар вазни то 85 кг дар қувваозмоии аввалинаш бар Чей-Хёнг МсМур Виау аз Самоаи Амрико бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард, вале дар даври баъдӣ аз намояндаи Русия Марк Бемалиён бо ҳисоби 1-4 мағлуб гашт. Сипас Тоҳирҷон дар даври навбатии марҳилаи интихобӣ бар варзишгари Канада Романдин Хеҳира бо ҳисоби 4-0 ғолиб омад ва барои медали биринҷӣ бо Аҳмад Аҳмад аз Миср мубориза бурд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии паҳлавони ҷавони мисрӣ бо ҳисоби 4-0 хотима ёфт.

Дар вазни то 85 кг барои медали тилло Марк Бемалиёни русиягӣ бар Кирил Милови булғорӣ бо ҳисоби 3-1 ғолиб шуд.

Ҳамин тариқ, то ҳоло ҳафт варзишгари тоҷик - Фаррухи Салим, дар риштаи дзюдо, Ҷаъфар Шерматов , дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр, Карина Климик дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод, Аниса Замирова дар камонварӣ, Равзатуллоҳ Исоев дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни то 42 кг ва Тоҳирҷон Охонов дар вазни то 85 кг аз медалҳои Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон бенасиб монданд.

Варзишгари ҳаштум ва охирини Тоҷикистон - Фирӯз Ёқубов - дар Олимпиадаи Нанҷинг рӯзи чоршанбе, 27-уми август, дар риштаи гуштии озод дар вазни то 100 кг вориди рақобат мешавад.

Баъди натиҷагирии ҳашт рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо 31 медали тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Русия бо 20 медали тилло, 16 нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Украина бо 6 медали тилло, 7 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд. Мунтахаби Маҷористон (6-6-7) дар зинаи чорум, Итолиё (6-6-4) дар зинаи панҷум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (6-1-6) дар зинаи шашум ҷойгир шудаанд.

Аз рӯи ҳисоби шумораи умумии медалҳо низ Чин бо 54 нишон пешсаф мебошад. Русия бо 46 медал дар ҷойи дувум ва Олмон бо 21 медал дар ҷойи севуманд.

XS
SM
MD
LG