Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши Фирӯз Ёқубов барои медали биринҷии Олимпиадаи Нанҷинг


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Фирӯз Ёқубов, варзишгари ҷавони тоҷик, дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин дар риштаи гуштии озод барои медали биринҷӣ мубориза мебарад.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин охирин варзишгари тоҷик – Фирӯз Ёқубов - дар риштаи гуштии озод дар вазни то 100 кг имрӯз, 27-уми август, вориди рақобат шуд.

Вай дар аввалин қувваозмоияш бар Муҳаммад Розиқулиеви туркман бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд. Баъдан вай бар гуштигири Австралия Бен Пратт бо ҳисоби 4-0 ғолиб омад. Вале Фирӯз дар қувваозмоиии севумаш аз Дмитрий Кикуста аз Молдова бо ҳисоби 0-4 шикаст хӯрд. Акнун вай барои медали биринҷӣ бо варзишгари Миср Абдулло Элгизавӣ рақобат мекунад. Ин қувваозмоӣ имрӯз соати 14:54 ба вақти Душанбе барпо мегардад.

Дар ин вазн барои медали тилло Иқбол Ҳоҷизода аз Озарбойҷон бо Дмитрий Кикуста аз Молдова соати 15:54 вориди рақобат мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафт варзишгари тоҷик - Фаррухи Салим, дар риштаи дзюдо, Ҷаъфар Шерматов , дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр, Карина Климик дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод, Аниса Замирова дар камонварӣ, Равзатуллоҳ Исоев дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни то 42 кг ва Тоҳирҷон Охонов дар вазни то 85 кг аз медалҳои Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон бенасиб монданд.

XS
SM
MD
LG