Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фирӯз Ёқубов - охирин умеди Тоҷикистон дар Олимпиадаи Нанҷинг


Баъди натиҷагирии 9 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст.

Дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинг 9 рӯзи мусобиқот натиҷагирӣ шуд. Мунтахаби Чиндар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 34 медали тилло, 10 нуқра ва 13 биринҷӣ мисли пешин дар мақоми аввал қарор дорад.

Мунтахаби Русия бо 22 медали тилло, 18 нуқра ва 11 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 7 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор доранд. Мунтахаби Украина (6-8-7) дар зинаи чорум, Итолиё (6-7-5) дар зинаи панҷум ва Маҷористон (6-6-11) дар зинаи шашум ҷойгир шудаанд.

Аз рӯи ҳисоби шумораи умумии медалҳо низ Чин бо 57 нишон пешсаф мебошад. Русия бо 51 медал дар ҷойи дувум ва Маҷористон бо 23 медал дар ҷойи севуманд.

Дар 9 рӯзи мусобиқот аз 204 кишвар варзишгарони 84 кишвар соҳибони медалҳои олимпӣ гардидаанд. Намояндагони 46 кишвар бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд, аз он ҷумла дар байни онҳо варзишгарони 9 кишвари собиқи шӯравӣ ҳастанд. Умуман варзишгарони 12 кишвари собиқи шӯравӣ медалҳои Бозиҳои дувуми олимпии наврасонро ба даст овардаанд. Вале намояндагони се кишвар – Тоҷикистон, Туркманистон ва Эстония – то ҳоло медал нагирифтаанд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби собиқ кишварҳои шӯравӣ дар ҳисоби умумидастаӣ чунин аст: 2. Русия (22-18-51). 4. Украина (6-8-7). 11. Беларус (4-2-0). 21. Озарбойҷон (2-5-1). 23. Литва (2-2-2). 24. Арманистон (2-2-1). 33. Узбакистон (1-2-3). 40. Қазоқистон (1-0-3). 44. Молдова (1-0-0). 64. Гурҷистон (0-1-0). 67. Қирғизистон (0-1-0). 80. Латвия (0-0-1).

Боз ду варзишгари тоҷик дар Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин дар риштаи гуштии юнониву румӣ бе медал монданд.

Рӯзи 25-уми август нахуст Равзатуллоҳ Исоев дар рақобатҳо дар вазни то 42 кг дар аввалин қувваозмоияш аз рақиби худ Сюн Ри аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0-4 шикаст хӯрд. Баъдан вай бар гуштигири Мексика Алфонзо Эмилио Перез бо ҳисоби 4-0 пирӯз шуд.

Вале Равзатуллоҳ қувваозмоиро барои медали биринҷӣ ба варзишгари Украина Алексей Масик бо ҳисоби 1-3 бохт. Дар вазни то 42 кг Сюн Ри (Кореяи Шимолӣ), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Фотеҳ Аслон (Туркия) дастболо шуд, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Тоҳирҷон Охонов бошад, дар рақобатҳо дар вазни то 85 кг дар қувваозмоии аввалинаш бар Чей-Хёнг МсМур Виау аз Самоаи Амрико бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард, вале дар даври баъдӣ аз намояндаи Русия Марк Бемалиён бо ҳисоби 1-4 мағлуб гашт. Сипас Тоҳирҷон дар даври навбатии марҳилаи интихобӣ бар варзишгари Канада Романдин Хеҳира бо ҳисоби 4-0 ғолиб омад ва барои медали биринҷӣ бо Аҳмад Аҳмад аз Миср мубориза бурд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии паҳлавони ҷавони мисрӣ бо ҳисоби 4-0 хотима ёфт.

Дар вазни то 85 кг барои медали тилло Марк Бемалиёни русиягӣ бар Кирилл Милови булғорӣ бо ҳисоби 3-1 ғолиб шуд.

Ҳамин тариқ, то ҳоло ҳафт варзишгари тоҷик - Фаррухи Салим, дар риштаи дзюдо, Ҷаъфар Шерматов , дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр, Карина Климик дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо усули озод, Аниса Замирова дар камонварӣ, Равзатуллоҳ Исоев дар намуди гуштии юнониву румӣ дар вазни то 42 кг ва Тоҳирҷон Охонов дар вазни то 85 кг аз медалҳои Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон бенасиб монданд.

Варзишгари ҳаштум ва охирини Тоҷикистон - Фирӯз Ёқубов - дар Олимпиадаи Нанҷинг рӯзи чоршанбе, 27-уми август, дар риштаи гуштии озод дар вазни то 100 кг вориди рақобат мешавад.

XS
SM
MD
LG