Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ нашри навори "Муллое аз Лолазор"-ро ғайриахлоқӣ хонд


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пахши як навори хусусияти шаҳвонидоштаро, ки шаби гузашта дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ намоиш дода шуд ва номи ин ҳизб низ зикр шудааст, дорои ангезаи сиёсӣ хонд.

Шаби гузашта шабакакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон дар бораи амали мулло Асомиддин Саркоров, сокинин деҳаи Лолазори ноҳияи Фархор навореро пахш карданд, ки дар он аз ин шахс ба унвони узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ёд шудааст.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 20 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин амали мақомотро "ғайриахлоқӣ, тахрифи ҳакиқатҳо ва дорои ангезаи сиёсидошта" дониста, пахши онро бо нашри се матлаби ахир алайҳи раҳбарияти ҲНИТ дар нашрияи ҳукуматии "Ҷумҳурият" рабт дод.

Сухангӯи Ҳизби наҳзати исломӣ афзуд, ки Асомидин Саркоров, ки имомхатиби дехаи Лолазор аст, узви ин ҳизб нест ва чуноне ки маълум аст, имомхатибон тибки қонунҳои амалкунанда аъзои ҳеҷ ҳизби сиёсӣ шудан наметавонанд: "Намоиш додани қитъаҳое аз навор, ки хусусияти порнографӣ ва шаҳватбарангезӣ дорад ва он ҳам дар шабакаи расмии ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҳисоби андози аҳолӣ амал менамояд, ба вижа барои кӯдакон ва ҷавонон зарари равонӣ дошта, мухолиф ба арзишҳои миллӣ ва динӣ мебошад."

Оқои Файзраҳмонов ҳамчунин ишора ба студияи "Нури наҳзат" кард, ки аз тарафи афроди номаълум дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳоеро ба нашр мерасонад ва онро ба ҲНИТ рабт медиҳад, ки ин тӯҳмати навбатии мақомот дар нисбати ин ҳизб аст.

ҲНИТ аз қавли шоҳидони айнӣ гуфтааст, қитъаҳое аз ин навор, ки дар намоиши дирӯзи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ба намоиш гузошта шуд, аз тарафи доираҳои муайяне чанд вақт қабл омода ва миёни аҳолии минтақаи Кӯлоб дар шакли дискҳо мунташир шуда буд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин ҳамаро ба коҳиш додан нуфуз ва бадномкунии ин ҳизб дар остонаи интихоботи парлумонии соли 2015 медонад.

Ин барои бори нахуст нест, ки чунин наворҳо дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ пахш ва ба аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рабт дода мешавад. Аз ҷумла дар моҳи феврали соли ҷорӣ наворе аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тавассути телевизионҳои давлатӣ ба нашр расида буд, ки дар он шахсе бо номи Маҳмадулло Холов, ки гӯё узви ҲНИТ будааст, бо истифода аз “сеансҳои табобатӣ” ва васоили мадҳушкунанда ибтидо ба номуси духтарандари 17-солааш Мадина таҷовуз карда, баъди ҳомила шудани ӯ ба духтарандари 13-солааш Рухшона борҳо таҷовуз кардааст. Аммо ҲНИТ он замон ин иддаои мақомотро рад намуда ва гуфт, ки қасд доранд алайҳи барномаҳои пахшшуда дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

Мақомоти ҲНИТ мегӯяНд, ниҳодҳои қудратӣ борҳо кӯшиш ба харҷ додаанд, то якчунин афроди палиду касифро ҳамчун аъзои ҲНИТ муаррифӣ намуда, тариқи расонаҳои давлатӣ ба намоиш гузоранд ва ба ин васила мехоҳанд ҲНИТ-ро бадном сохта, ба ҳайсияту обрӯи он латма ворид намоянд.

ҲНИТ, ки шумори аъзояшро ҳудуди 45 000 нафар мегӯяд, даро ҳоли ҳозир, баъди ҳизби ҳокими халқиву демократӣ дувумин ташаккули умдаи сиёсӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Раҳбарияти ҳизб шикоят доранд, ки тайи чанд соли охир ва бахсус дар пешорӯи интихоботи соли гузаштаи президентӣ фишорҳо алайҳи ҲНИТ ва аъзову ҳаводоронаш дар марказ ва музофоти кишвар башиддат афзоиш ёфтаанд. Маъракаи алайҳи ин ҳизб ба роҳандохтаи мақомот дар матбуоти маҳаллӣ бо номи “Анти-наҳзат” маъруф шудааст.

Ҳудуди се сол пеш дар як расонаи русӣ нусхаи протоколи як ҷаласаи мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳам нашр шуд, ки бо номи “протоколи 32-20” маъруф аст ва дар он ба роҳандозии маъракаҳои фишору таъқиби аъзои ҲНИТ таъкид мешавад. Аммо мақомот воқеъияти ин санадро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG