Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кабирӣ: "Сабақи таърих" намунаи сабақ нагирифтан аз таърих аст


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон.

Раҳбари ҲНИТ филми мустанади «Сабақи таърих» дар Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистонро намунаи барҷастаи сабақ нагирифтан аз таърих унвон кард.

Ин филм руҷӯъи навбатии телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ба таърих ва ҳаводиси ҷанги дохилист. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, дигар чунин барномаҳо ҳайрати ӯро намеоранд, аммо то ба ин дараҷа ишораҳои ошкор ба гӯё омилони ин ҷанги дохилиро интизор надошт.

Вай афзуд, ин филмномаҳо хилофи Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳастанд: «Мо дар санадҳои имзошуда ҳарду тараф бо сароҳат эълон кардем, ки лаънати Худо ва ғазаби миллат бод бар касоне, ки бо истифода аз расонаҳои хабарӣ барои ҳодисаҳои гузашта якдигарро сиёҳ мекунанд. Аз ин бештар ва ошкортар наметавон гуфт. Модоме, ки дидаву дониста ва он ҳам дар арафаи иди Ваҳдат ин корҳоро мекунанд, воқеан ҷои хиҷолат ва нороҳатӣ аст.»

Дар ҳамин ҳол, масъулини Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, ки ин филмномаро омода ва пахш кардаанд, мегӯянд, ҳадаф аз пахши ин филм танҳо ёдоварӣ аз таърих аст. Самариддин Айниддин, директори Шабакаи аввал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳаводиси таърихи зиндаи Тоҷикистон аст, ки онҳоро намешавад инкор кард: «Дигар ҳадаферо мо дунболагирӣ ҳам накардаем, аз ҷумла сиёҳ кардани мухолифини собиқро. Мо ҳамчунин роликҳое доштем, ки дар он ҷо ҷанбаҳои мусбати он замон, аз ҷумла дар замони музокиротро ҷой додаем.»

Соли аввал нест, ки шабакаҳои давлатии телевизион дар Тоҷикистон саҳнаҳои мудҳиши ҷанги дохилии солҳои 90 дар ин кишварро ба намоиш гузошта, ба сурати пӯшида ва бидуни овардани исмҳо ба раҳбарони мухолифини собиқ ҳамчун гунаҳкорони ин ҷанг ишора мекунанд.

Аммо дар ин филми мустанади тақрибан яксоатӣ, ки «Сабақи таърих» ном дошт ва дар рӯзҳои иди Ваҳдати имсола нашр шуд, бар наворҳои маъмули қаблӣ чанд қисмати ҷадид илова шудааст. Як қисмати ҷадиди ин наворҳо ин аст, ки қаҳрамонон аз ҷумлаи фирориёни оғози ҷанг аз водии Вахш мустақиман аз раҳбарон ва сиёсатмадорони вақт, амсоли Акбаршоҳ Искандаров, Раҳмон Набиев ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ном мебаранд. Фирориён Давлат Усмон, муовини сарвазири вақти Тоҷикистонро ба гунае истинтоқ мекунанд, ки барои мансаб шуда мардумро дар ҷанг андохтед?

Силсилафилм ва ҳам филмҳои алоҳидаи мустанад дар бораи ҷанги дохилии Тоҷикистон умдатан қабл аз ҷашнҳое, назири Ваҳдати миллӣ ва ҳам Истиқлолият намоиш дода мешаванд. Аз нигоҳи коршиносон қаблан онҳо лаҳни тунде алайҳи мухолифини собиқ ва ҷониби дигари сулҳ надоштанд. Аммо се соли ахир, бо он вуҷуд, ки ном гирифта намешавад, дар ин наворҳо умдатан раҳбарони мухолифини собиқ мавриди ишораҳои манфӣ қарор мегиранд ва ҷониби ҳукумат қаҳрамони ҷанг нишон дода мешавад. Ва имсол бар иловаи наворҳои маъмулӣ, чанд қисмати тозае зам мешаванд, ки кӯшиши як гуна ишораи барҷастатар ба раҳбарони собиқ мухолифин ҳамчун омилони ҷанги шаҳрвандӣ аст.

Коршинос Зафар Абдуллоев мегӯяд, ин навъи политтехнология, ки дар кишвар се соли ахир ба як раванд табдил ёфтааст, ғайриҳирфаӣ, балки зараровар аст ва ба ҳукумат фоида намеорад: «Зеро агар гап дар бораи «пиар» ва «пиари сиёҳ» равад, тавассути аввалӣ дастовардҳои худро ба намоиш мегузорӣ ва агар онҳо каманд, фанновариҳои ҷадиде ҳастанд, ки ҳатто камтарин дастовардро метавон бузург нишон дод. Аммо чун тариқи «пиари сиёҳ» - и мухолифини қабливу ҳоло дар сари кор набуда ё кунунӣ мушкилот пӯшонида мешаванд, ба камбуди ҷиддии политтехнологҳо, ба таъбири Шӯравӣ, пропагандистҳо дар ҳукумати Тоҷикистон далолат мекунад. Ин як кори бесифат ва харҷи беҳудаи вақту пул аст.»

Коршиносон рӯз ба рӯз «урён»-тар шудани ишораҳо ба мухолифинро як навъ аломати дар бозиҳои бузурги сатҳи минтақаву кишвар ба поён омадани лимити боварии ҳукумат ба мухолифин медонанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG