Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ дубора ба баҳси ҲНИТ бо ТВ-ҳо бармегардад


Додгоҳи Исмоили Сомонӣ дубора баҳси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо шабакаҳои телевизиони давлатиро оғоз хоҳад кард.

Додгоҳи шаҳри Душанбе пас аз баррасии аризаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар мавриди шабакаҳои телевизиони давлатӣ аз ҷониби додгоҳи Исмоили Сомонӣ, дубора зарурати ҳалли ниҳоиро тақозо намуда, даъвои ҲНИТ-ро ба додгоҳ ирсол доштааст. Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 12-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки додгоҳи Исмоили Сомонӣ баҳси ҲНИТ бо шабакаҳои телевизионҳои давлатиро аз нав оғоз хоҳад кард.

Ахиран додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳси Ҳизби наҳзати исломӣ бо шабакаҳои телевизиони давлатиро аз истеҳсолот хориҷ кард ва бо ҳамин, ба даъвои ҳизб дар баробари масъулони шабакаҳои телевизиони давлатӣ нуқта гузошта, иддаои ҲНИТ-ро бекор карда буд. ҲНИТ дар авоили моҳи ноябр аз болои қарори додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар мавриди қатъ карда шудани баҳси мазкур шикоят бурда буд.

Зарафо Раҳмонӣ афзуд, ки ҳанӯз шабакаҳои телевизионҳои давлатие, ки бо онҳо баҳс доранд, ба дархосташон посух надоданд ва додгоҳ низ наворҳои видеоие, ки дар «Шабакаи аввал», "Ҷаҳоннамо" ва «Сафина» пахш шудаанд, ба ихтиёри онҳо нагузошт ва онҳо намедонанд, ки дар чӣ шароит ин наворҳо пахш шуданд.

Ба гуфтаи хонум Раҳмонӣ, «ин ки шабакаҳои телевизионӣ худро бегуноҳ мешуморанд ва худро сафед мекунанд, асос надорад, чунки наворҳо махсус алайҳи ҲНИТ пахш карда шудаанд ва мо ҷонибдорӣ ин ҳастем, ки додгоҳ одилона қарори худро содир кунад ва асли масъаларо рӯшан намояд».

Қаблан шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ дар робита ба ин масъала изҳори доштанд, ки барномаҳое, ки ҳамчун намоишҳои «зиддинаҳзатӣ» ном бурда мешаванд, на бо иқдоми кормандони шабакаҳои телевизионӣ, балки бо пешниҳоди идораҳои махсус сурат мегирифтанд ва вақти намоиш аз тарафи ин идораҳо харидорӣ мешуд

Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар авоили моҳи сентябр ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво бурда буд, ки шабакаҳои давлатии телевизионӣ туҳмату буҳтон ва бадномсозиҳои ин ҳизбро хотима диҳанд ва расман узр пурсанд. Тайи моҳҳои охир тавассути тақрибан ҳамаи 4 шабакаи давлатӣ намоишҳое нашр шуданд, ки дар он ба шиддат аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ интиқод шуда ва мусоҳибон, ки асосан фаъолони собиқи ин ҳизб дар навоҳии мухталиф буданд, аз узвият дар ҳизби наҳзат даст кашида, вуҷуди чунин ҳизберо дар кишвар нозарур мехонданд.
XS
SM
MD
LG