Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи занон алайҳи "хурофот" дасту остин бар зад


Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон. 3 июли соли 2014.

Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон. 3 июли соли 2014.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон барои мубориза бо хурофотпарастӣ ва таваҷҷӯҳи занон ба муллоҳои «чаласавод»-у «навбаромад» дасту остин бар задааст.

Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 3 июл дар як мулоқоташ бо гурӯҳе аз занони соҳибмаълумот дар шаҳри Душанбе аз афзоиши хурофотпарастӣ ва бовари занон ба муллоҳои камсаводу фиребгар изҳори ташвиш кард.

Ӯ бо таваҷҷӯҳ ба чанд навори пурсарусадои дастдарозии муллоҳо бо баҳонаи табобат ба занони корафтода гуфт, "айб аз худи занон аст, ва агар онҳо намехостанд, ба чунин муносибат нисбаташон роҳ намедоданду дари муллову табибони фиребгарро намекӯфтанд."

Махфират Хиддирова афзуд: «Воқеан хеле нангин аст тамошои чунин наворҳо барои мо ҳамчун як зан. Наход ҳамин баракати рӯзгори мо дар дасти як мулло бошад, ки вай ҳам чизе намедонад. Пеши муллову табиб меравем, ки кори маро кушода кун, ту талош накарда шини дар ҷоят мулло чӣ хел метавонад кори туро кушода кунад. Боз ба шахсоне муроҷиат мекунем, ки аслан худашон аз ислом бохабар нестанд. Масалан як муллора дастгир кардаанд, пурсидаанд, ки чанд сураи Қуръонро медонӣ? Гуфтаст 5 сура медонад, арабира хонда наметавонад ва тумора аз болои як тумори дигар менависад. Қаллобӣ, фиреб аз ин зиёд намешавад.»

Махфират Хиддирова мегӯяд, афзоиши таваҷҷӯҳ ба кӯмаки муллову фолбинҳо дар ҳолест, ки имрӯз дар кишвар ҳама шароитҳо барои боло бурдани маърифатти динии мардум фароҳам ва китоби Қуръон ҳам бо забони тоҷикӣ дастраси мардум шудааст. Вай хитоб ба занон гуфт, мушкилоти зиндагӣ наметавонад барои ин амали онҳо баҳона бошад ва на мулло, балки танҳо талошу кӯшиши занон барои зиндагии хубу беҳтар ва иродаи қавӣ метавонад онҳоро дар зиндагӣ муваффақ созад ё пеши роҳашонро боз кунад.

Зарафон Раҳмонӣ

Зарафон Раҳмонӣ

Аммо дар ҳоле, ки Махфират Хидирова худи занонро дар афзоиши боварашон ба муллоҳои қаллобу ба доми фиреби онҳо афтодан гунаҳкор медонад, Зарафо Раҳмонӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, се омил -- дур кардани занон аз масҷиду мамониятҳои мазҳабӣ ва мушкилоти равониву иқтисодӣ боис мешавад, ки ғолибан занон ҳалли мушкили худро пушти дари муллоҳову табибони фиребгар ҷӯянд.

Зарафо Раҳмонӣ меафзояд: «Агар зан, духтар модар аз исломи ноб бохабар бошад, ҳеҷ вақт назди мулло барои бахткушоиву кушоиши кору дигару дигар намеравад. Ва аз сӯйи дигар, занон ҳоло мехоҳанд аз лиҳози равони мушкилоти худро ба ҷое бирасонанд, аксар шавҳарон ҳоло дар муҳоҷиратанд ва ин занон мехоҳанд ба касе мушкили худро расонанд. Онҳо умедворанд ва эътиқод доранд, ки як нафар, ҳатман дар ин кор ба онҳо кӯмак хоҳанд кард ва барои ин мераванд пеши аз нигоҳи худи онҳо як рӯҳонӣ.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳоло бо иҷозатномаи вазорати тандурустӣ дар ҳудуди кишвар қариб 30 нафар, чун табиби халқӣ фаъолият доранд ва беш аз 80 нафари дигар ба таври ғайрирасмӣ ба сеҳргарӣ ва ҳамчунин табобат машғуланд.

Ин муллову табибон, ғолибан тавассути сураҳои Қуръон ва ба қавле «даму дуо» «куфу суф» ва чандин роҳу усули дигар занонро табобат мекунанд. Занон ҳам бештар ба хотири дарёфти фарзанд, кушоиши кор ва ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии худ дари онҳоро мекӯбанд.

Мусаллама, як зани 40 солаи тоҷик, ки дар соҳаи маориф кор мекунад ва солҳо боз орзуи фарзандро дорад, бо роҳи ба қавли худаш «духтурӣ» ба ҳадаф нарасида, ҳоло рӯ ба мулло ва «табобати тоҷикӣ» овардааст:

«Гуфтанд табобати тоҷикӣ кун ва ман пеши чанд мулло табобат гирифтам, ҳанӯз ҳам табобат мегирам, аммо инҳо аслан табобат бо равғанҳои растаниҳои фоидаовар, равғани саг, сағир ва табобат мекунанд. Дам мекунанд инҳоро ва ту истифода мекунӣ. Ман ба ҳар ҳол умед дорам, ки ягон натиҷа хоҳад дод, чун растанӣ безарар аст. Аммо албатта ман ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳам, ки мулло агар мард бошад ба ман наздик шаванд. Ман зани оиладор ва хушбахтам фақат бо умед ин ҷо меоям.»

Гавҳар Шарофова

Гавҳар Шарофова

Аммо Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, мегӯяд, муроҷиат ба мулло худ зино аст ва як омили ин падида ҳам ба қавли ӯ аз паст будани маърифати занон дарак медиҳад: «Занҳои мо, ки аз алиф огоҳ нестанд ба ин фиребҳо дода мешаванд. Онҳо намедонанд, ки ин гуна муносибат худ аллакай зино аст, зино дар чашм, зино дар гӯш. Агар «куф»-и вай даво мекарду ин қадар иқтидори бузург медошт? ба 5 сомону 10 сомонӣ як зан ниёз намедошт. Ман Худо дорам, Худо дорам бас аст, қиблаву дасти дуо дорам бас аст, гуфтан даркор.»

Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, ҳоло бо роҳандозии чорабиниҳои вижа, мулоқотҳо бо занон ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру навоҳии кишвар талош доранд, то сафи муштариёни муллову табибҳои ба қавли онҳо «чаласавод»-у «навбаромад»-ро аз ҳисоби занон кам кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG