Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"80 фоизи сокинони Хатлон оби тоза надоранд"


Танҳо камтар аз 20 фоизи аҳолии вилояти Хатлон ба манобеи оби коркардшуда ва софу безарари нӯшиданӣ дастрасӣ доштаанд.

Абдуҷаббор Каттаев, сардори раёсати хоҷагии оби вилояти Хатлон, 80 дарсади аҳолии қариб семиллионнафараи минтақаи ҷанубии Тоҷикистон танҳо аз оби техникӣ истеъмол мекунанд, ки асосан ба обёрии заминҳо ва умури кишоварзӣ оид аст.

Сафармо Каримова, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, мегӯяд, бар асари истеъмоли оби нопоки ҷӯйбор фарзандонаш мубталои бемории домана шудаанд. Вай афзуд, дар ҳоле ки аксари сокинони деҳа ба манобеи оби софи нӯшиданӣ дастрасӣ надоранд, мардум асосан аз оби наҳру ҷӯйбор истифода мекунанд.

«Ҳоло об надорем. Кӯдакон ва ҳамсарам аз нӯшидани оби нопок бемор шуданд ва ҳоло дар хона хобанд. Духтуре намеёбем, ки ҳар сари вақт омада, ба онҳо сӯзандору гузаронад. Замони Шӯравӣ тавассути «водовоз»-ҳо ба одамони деҳаҳои дурдаст ҳар рӯзу ҳафта оби бепул оварда медоданд. Ҳоло аз камобӣ як кӯдак агар дастонашро бо сарфи об тоза шустанӣ шавад, даррав мегӯем, ки обро кам истифода кун, зиёд нанӯш. Касе ба додамон намерасад. Мо ҳам одами ҷамъиятем, ғамхорӣ мехоҳем аз ҷониби мақомоти давлатӣ. Наход, ки нерӯгоҳҳои мо пур аз об бошад, Тоҷикистон бо фаровонии обаш дар тамоми ҷаҳон машҳур асту мо дар ҳасрати як чакра обем», - шикоят дорад С. Каримова.

Шералӣ Бузмаков, раҳбари идораи беҳдоштии вилояти Хатлон, низ зимни изҳори нигаронӣ аз эҳтимоли бурузи бемориҳои сироятӣ бар асари истеъмоли оби нопок, гуфт: "Дар бисёр шаҳру ноҳияҳо мо проблемаи обро дар назди раисони шаҳру ноҳияҳо бардошта истодаем. Оби ошомиданӣ бояд хушсифат бошад, чунки бисёри бемориҳо ба сифати об алоқамандӣ доранд. Бояд одамон ҳарчи камтар аз оби ҷӯйбору каналҳо истифода кунанд, зеро ба саломатиашон хавф дорад."

Ба иддаои табибон, домана, табларза, диарея ва дигар бемориҳои хатаровари мусрӣ асосан дар натиҷаи истеъмоли оби нопок сар мезананд.

Коршиносон мегӯянд, ки талошҳои давлат барои бо оби софи нӯшиданӣ таъмин намудани аҳолӣ нокофист, чун фисади одамони дастрасиашон таъмин ба оби соф дар се соли охир афзоиш наёфтааст.

Момои Моҳпайкар, сокини деҳаи Томчии ноҳияи Вахш, ҳам мегӯяд, дар ҳоле ки Тоҷикистонро сарзамини саршор аз об меноманд, вай ва ҳамдеҳаҳояш дар ду даҳсолаи ахир аз оби софи нӯшиданӣ маҳрум мебошанд: «Як мошин оби водовозҳоро 100 сомонӣ мехарем. Албатта бо назардошти шароит ва бекорӣ дар деҳаи мо ин нарх гарон аст. Азоб мекашем, дастони кӯдакон аз обкашӣ обила кардаанд. Ба роҳи дур рафта, бо хару ароба соатҳо навбат мепоем ва об мекашем ба хона. Заминҳо шӯра заданд аз беобӣ, одамон бемор мешаванд.»

Дар вилояти Хатлон навоҳие ҳастанд, ки ҳамагӣ 5-6 дарсади аҳолияш бо оби софу коркардшуда таъмин мешаванд ва барои боқимондаҳо рӯду каналҳо ягона манбаи об мебошад.

Мақомоти давлатии Хатлон иқрор мекунанд, ки дар солҳои наздик барои ислоҳи пурраи вазъ оҷиз хоҳанд буд, чун маблағи ихтисосёфта барои таъминоти аҳолӣ бо оби коркардшуда ва софу безарари нӯшиданӣ ночизу нокофӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG