Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яхбандӣ муштариёни "травмпункт"-ро бештар кардааст


Тайи як ҳафтаи ахир муроҷиати сокинони вилояти Хатлон ба шӯъбаҳои осебшиносии бемористонҳо якбора афзоиш ёфтааст.

Бориши барфи зиёд, яхбандии роҳҳо ва сардии поиёнтар аз сифр дараҷаи ҷадвали Селсий гирифтории одамон ба бемориҳои зукому сармозадагӣ ва осеб гирифтани онҳо боис шудааст.

Танҳо дар зарфи як рӯзи охир шӯъбаи осебшиносии бемористони вилоятии клиникии Қарияи Болои Қӯрғонтеппа се нафари осебдидаро бистарӣ карда, чандин каси дигарро пас аз расонидани кӯмаки тиббӣ ба хона гусел кардааст. Ин афрод, ба гуфтаи Ҳасан Назаров, мудири шӯъбаи осебшиносии бемористони мазкур, дар пайи уфтухези рӯйи роҳҳои яхбаста ҷароҳат бардоштаанд.
Ӯ мегӯяд: «Бемороне, ки дар шуъбаи мо табобати амбулаторӣ мегиранд ё бо осеби сабук муроҷиат мекунанд, агар ҳисоб накунем, ҳоло 3 нафарро дар бемористон хобонидем. Махсусан ба кӯдакон ва одамони солманд таъкид мекунем, ки устухонашон бештар осебпазир аст, калсий зуд шуста шуданаш мумкин. Дар ин шабу рӯзи сармои шадид одамон бояд ҳушёриро аз даст надиҳанд, зеро андак осеб метавонад ба шикасти устухонҳо оварда расонад. Аз тарафи дигар, азбаски роҳҳо коркард ва поккорӣ намешаванд, ҳама ҷо яхбандӣ шуда, ҳаракатро хатарнок кардааст, ки ин ҳам як сабаби бештар сар задани ҳодисаҳои нақлиётӣ шудааст».

Доктор Назаров афзуд, бо таваҷҷуҳ ба сармои шадид ва эҳтимоли афзоиши шумораи осебдидагон, шуъбаи осебшиносии бемористони Қарияи Боло ба реҷаи махсуси фаъолият гузашта, шабҳангом низ дастикам ду пизишки дараҷаи касбияташон «олӣ» навбатдорӣ мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин рӯзҳо бозори маводи доруворӣ низ ба истилоҳ «гарм» шуда, баъзе дорухонаҳо бо камбуди доруи зидди зуком ва сармозадагӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Саид Сафаров, корманди масъули яке аз дорухонаҳои Қӯрғонтеппа, гуфт, дар ин шабу рӯзҳо мизоҷон бештар доруҳои дармонбахш ба зуком, дарди сару гулӯ, бронхит ва сулфаро дархост мекунанд. Кор ба ҷое расидааст, ки захираи маводи доруворӣ дар дорухонаи ӯ ба итмом расидааст: «Махсусан дар ин шабу рӯзҳо бояд маводи доруворӣ камчин нашавад. Вале «Паратсетамол» каме беш аз як ҳафта камчин шуд, одамон бисёр дархост мекарданд. Ширкатҳои доруфурӯшӣ зуд тариқи интернет тамос гирифта, фармоиш доданд. Ин дорувориро аз худи Украина дастрас мекунанд. Азбаски роҳи оҳан баста шудааст, маводи доруворӣ тавассути мошинҳои борбар оварда мешавад, ки то як моҳ тӯл мекашад.»

Вале ба иддаои бархе беморон, сармои қаҳратун, хонаҳои сарду бебарқ, доруҳои камтаъсир раванди муолиҷаи онҳоро кунд ва харҷашонро ба таври қобили мулоҳиза афзун кардааст. Хонуме, ки худро Маҳинбону муаррифӣ кард, дар ин робита гуфт: «Бо тавсияи духтур барои фарзандам доруҳои бисёреро аз қабили антибиотикҳо «Эритромитсин», «Мукалтин», «Нимез» ва дигар доруҳо барои рафъи балғам ва ҳарорати бадан харидем, аммо таъсири ин доруҳоро эҳсос намекунем. Ҳоло боз мехоҳам пеши духтур равем, аммо ҳаво бисёр сарду роҳҳо яхбандӣ шуда, рафта наметавонем. Мактабҳо ва кӯдакистонҳо ҳам бисёр сард, кӯдакон касал мешаванд, хонаҳо ҳам ба сабаби бебарқӣ хеле сард. Системаи гармидиҳии шаҳр солҳо кор намекунад, дар хонаҳои бисёрқабата печкаи аловӣ монда намешавад. Пас, чӣ кор кунем?!»

Дар ҳамин ҳол, Гулчеҳра Зоирова, дорусоз, мегӯяд, беморон дар аксари маврид бидуни тавсияи пизишкон ба дорухонаҳо муроҷеъ шуда, талаби дору мекунанд. Ба иддаои ӯ, яке аз сабабҳои тӯл кашидани бемории мизоҷон ба худтабобат машғул шудану адами шароити мусоид барои зиндагии онҳо мебошад. «Мардум бештар «Паратсетамол», «Ситрамон», доруҳои зидди зуком, хокаҳоро дархост мекунанд. Набудани барқ дар хонаҳо, сармои бесобиқа, гарму хунук шудани бадан – аз ҳамин ҳисоб касалиҳо бештар мешаванд», - афзуд Г. Зоирова.

Аммо яке дигар аз мусоҳибони мо, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, сармои бесобиқаи рӯзҳои охир натанҳо фарзандонаш, балки чорвои хонагиашро низ дучори бемориҳо кардааст: «Об ях кард, барқ нест, чанд гӯсфандро аз даст додем. Кӯдакони хона бемор шудаанд, дар даруни хона бо палто мегардем, кӯдаконро аз ҷойгаҳ берун шудан намемонем. Дорухарӣ омадам, ҳар рӯз барои муолиҷаи набераҳо бо сарфи 100-150 сомонӣ дору мехарем, аммо бетаъсир. Ба духтурхона муроҷиат кардем, фоидаашро намебинем. Чунки шароити зиндагӣ хуб нест. «Болои сӯхта – намакоб» гуфтагӣ барин, вақте набераҳоро ба духтурхона мебурдам, мошинам рӯйи роҳи яхбаста лағжиду ба дарахт бархӯрд. Шукр, ки касе осеб надид. Аз масъулони ҳукумат илтимос дорам, ки ақаллан бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро таъмин кунанд.»
Ин мард афзуд, ки бар замми харҷи бисёраш барои хариди маводи дорувор, ҳамчунин барои таъмири мошини сабукраваш, ки бинобар яхбандии роҳҳо, дучори садама шудааст, дастикам 300 сомонӣ масраф карданаш лозим меояд. Аммо ба сабаби бепулӣ, сабукрави низ аз сармои қаҳратун зиёндидаи ӯ, ҳоло интизори таъмиру навсозӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG