Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барф ба ҷои об. Қубури обгузари "Ховарон"-ро кӣ бурид?


Маҳаллаи "Ховарон"-и пойтахт. Рӯзи 2-юми январ
Маҳаллаи "Ховарон"-и пойтахт. Рӯзи 2-юми январ

Бештар аз ду ҳафта аст, ки аксари сокинони маҳаллаи «Ховарон»-и пойтахт аз оби нӯшиданӣ маҳруманд.

Масъулони Корхонаи давлатии обу корези шаҳри Душанбе мегӯянд, бо дастури онҳо қубурҳои обгузар дар маҳаллаи «Ховарон»-и пойтахт бурида шуда, дастрасии сокинон ба об қатъ гардидааст. Ба иддаои онҳо, аксари манзилҳо дар ин минтақаи шаҳр ғайриқонунӣ бунёд шуда, сокинон бидуни иҷоза қубурҳои обгузарро насб кардаанд.

Аммо сокинони маҳаллаи «Ховарон», ки наздик ба 2000 нафаранд, мегӯянд, тӯли ин бист сол боре ҳам ба мушили об мувоҷеҳ нашуда буданд ва ҳаққи обро низ сари вақт пардохт мекунанд. Дар ҳоле ки онҳо сабаби қатъи об ва гунаҳкорони қазияро меҷустанд, мақомоти шаҳр гуфтанд, масъала барояшон рӯшан аст.

Саидҷон Қаландаров, сардори департаменти обтаъминкунии Корхонаи давлатии обу корези шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «дар ин маҳалла ба ҷузъ аз 32 хона дигар манзилҳо ғайриқонунӣ бунёд гардида қубурҳои обгузар кашидаанд. Мо якчанд маротиба ба онҳо огоҳӣ додем, аммо онҳо нодида гирифтанд. Мо маҷбур шудем, ки обро қатъ намоем. Мо дар маҷмӯъ 21 қубурро буридем. Танҳо дар сурате, ки ҳуҷҷатҳояшонро қонунӣ кунанд, баъдан об медиҳем.»

Ҷаноби Қаландаров афзуд, онҳо чунин тасмимро баъд аз гузаронидани чандин мулоқоти бенатиҷа бо мардум барои қонунӣ кардани манзилҳояшон амалӣ карданд. Дар ин маҳалла ҳудуди 2 ҳазор нафар ба сар мебаранд ва дастури буридани қубурҳо аксарияти сокинони минтақаи мазкурро бе оби нӯшокӣ гузошт.

Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки сокини ин маҳалла аст ва ду ҳафта инҷониб об надорад, гуфт, манзили ӯ худсохт набуда, аз сӯи ҳукумати кишвар бунёд шудааст. Ӯ илова кард, ки «ман ҳатто бо корхонаи давлатии обу корези пойтахт дар масъалаи таъминот бо об шартнома дорам. Ин ҳарфҳои онҳо дурӯғи маҳз аст, зеро то ҷое медонам қубури ягон нафар бурида нашудааст.»

Ҷаноби Усмонов афзуд, аҷибаш ин аст, ки ҳеҷ як аз ниҳодҳои масъул сабаби аслии қатъ кардани оби ошомиданиро ба онҳо шарҳ намедиҳанд. Ӯ мегӯяд, "аввал мегуфтанд, ки дар ин ҷо садама шудааст, баъдан айбро ба гардани барқиҳо мезаданд, ки барқ несту фишор паст аст. Аммо баъдан гуфтанд, ки як қисми аҳолӣ пули обро надодааст ва барои ҳамин қатъ кардем. Яъне як гапи умумӣ ҳам надоранд. То имрӯз ҳеҷ кас барои ҳалли техникии ин масъала машғул нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки мо дар пойтахт зиндагӣ мекунем ва иттифоқ афтодани чунин мушкилот хеле бад аст."

Боздид аз ин минтақа низ собит кард, дар ин сардиҳо мардум, барфу яхро дар дегҳо меҷӯшонанд ва аз он оби ошомиданӣ мегиранд. Ба гуфтаи сокинони ин маҳалла чунин вазъ боиси ба бемориҳои мухталиф гирифтор шудани онҳо гаштааст.

"Ховарон" об надорад. Чаро?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
Линки мустақим

Ҳайдар Довудов, сокини маҳаллаи «Ховарон», мегӯяд, онҳое, ки пул доранд об мехаранд, аммо аксарият барои овардани об то 2 километр роҳро тай менамоянд: «Ман чун мошин дорам, ҳар субҳ зарфро бо 200 литр об пур мекунам. Обро асоcан ҳоло аз як ҳавлӣ, ки ҷумак монда шудааст мегирем. Аммо онҳое, ки барои овардани об аз дурӣ мошин надоранд, аз обшораҳои бомпӯшҳо об мегиранд ва ё барфҳои ҳавлияшонро об мекунанд. Мо намедонем, ки ин ҳолат то кай давом мекарда бошад ва сабаби қатъ кардани об дар маҳаллаи мо чист?» Ин мусоҳиби мо ҳамчунин гуфт, обро дар маҳаллаи онҳо бе ягон эълони пешакӣ қатъ кардаанд ва мардум ба истилоҳ сару калобаашонро гум намудаанд.

Дар ҳамин ҳол Абдулвосеъ Саидов, ки низ сокини ин минтақа аст, гуфт, аз ин беобӣ ба танг об омадаанд ва намедонанд додашонро ба кӣ гӯянд. Ӯ гуфт, «худатон нигоҳ кунед, занҳову кӯдакони бечора аз ҳамон дурӣ аз назди завод бо сатилҳо об мекашонанд. Худи мо бо ароба об мекашонем. Мо обро аз дарёи Кофраниҳон мегирем ва ягон бор фишораш паст нашуда буд.»

Мардуми ин маҳалла мегӯянд, то имрӯз ба Идораи обу корезии шаҳри Душанбе, ҳукуматҳои ноҳия ва шаҳр муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа. Дар ҳамин ҳол масъулони ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар сӯҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфтанд, дар муқобили тасмими «Водоканал» кореро анҷом дода наметавонанд. Зеро ба қавли онҳо масъалаи бунёди манзилҳо дар маҳаллаи Ховарон «вазнин» буда, аксарияташон бояд тахриб шаванд.

Аммо Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, агар шаҳрвандон воқеан ҳам ба таври қонунӣ манзил бунёд кардаву бо Корхонаи давлатии обу корези шаҳри Душанбе шартнома доранд, метавонанд ҳуқуқҳои худро тариқи додгоҳ ҳимоя намоянд: «Таъминкунӣ бо об ба хидматрасониҳои коммуналӣ дохил мешавад ва дар сурати доштани шартнома Душанбеводоканал ҳуқуқи бе об мондани сокинонро надорад. Барои иҷро нашудани шартнома шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки ба суд муроҷиат кунанд.»

Гуфтанист, маҳрум шудани бештари мардуми минтақаи Ховарон аз оби ошомиданӣ дар ҳолест, ки дар маҳаллаи рӯ ба рӯи онҳо сокинони манзилҳои баландошёна на танҳо бо оби ошомиданӣ, балки бо оби гарм низ таъминанд.
XS
SM
MD
LG